Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
ХОНИ МАСТЧОҲ
ДастархонФАТИРИ МАСТЧОҲ
Маҳсулоти зарурӣ:
Шир – 2 литр;
Равған – 1 литр;
Хамиртуруш (дрож) – 1 қошуқ;
Орд;
Намак.
Дар табақи хамиршӯрӣ ордро мерезему ба он равғану ширро омехта менамоем ва хамиртурушу намакро илова карда, мехелем. Пас аз расидан хамирро ду тақсим намуда, баъди каме дам додан мепазем.
ҚУРУТОБИ МАСТЧОҲ
Маҳсулоти зарурӣ:
Қурут – 1 кило;
Гӯшт – 1 кило;
Равған – 500 мл (маска);
Пиёз – 500 гр;
Помидор – 500 гр;
Бодиринг – 400 гр;
Кабудиҳо – 400 гр;
Об – 2 литр;
Намак
Қурутро бо оби ширгарм омехта, онро дар табақ бо даст мемолем. Равғанро дар тафдон метасфонему гӯштро майда карда, ба он меандозем. Сипас пиёзро ба гӯшт илова карда, мезирбонем.Дар табақ фатирро реза карда, қурутобро аз болояш мерезем. Хӯриши аз помидору бодиринг омодакардаро ба болояш рехта, бо кабудиҳо оро медиҳем. Мувофиқи таъм ба он намак илова менамоем.
Мубодила:
Шарҳҳо












