БОЙГОНӢ

«    Август 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Хони Темурмалик

Дастархон

Дӯғоб

Маҳсулоти зарурӣ: 

чакка – 300 гр; 

оби хунук – 0,5–1 л; 

кашнич, шибит, райҳон; 

намак.

Тарзи таҳия: Дар косаи калон чаккаро андохта, ба он намак мепошему сипас, об илова мекунем. Кабудиҳоро реза карда ҳамроҳ менамоем. Дӯғобро пеш аз истеъмол 15–20 дақиқа бояд дар яхдон гузошт.


 Фатирмаска бо харбуза

Маҳсулоти зарурӣ: 

орд – 1,5–2 кг; 

равған – 500 мл; 

об – 1–1,5 литр; 

харбуза – 0,5 кг; 

равғани маска;

намак

Тарзи таҳия: Дар зарфи хамирхелӣ оби ширгармро бо намак якҷоя менамоем. Сипас, ба он ордро рехта, аз болояш равған мерезем. Пас аз шӯридани хамир онро ду тақсим намуда, каме дам медиҳем. Зуволаро ба воситаи тирак тунук карда, ба рӯяш равған молида, мепечонему каме дам медиҳем. Баъд аз он мухпар карда дар тафдон ё дегдон мепазем. Сипас, дар табақ фатирро реза карда бо маска якҷоя мекунему аз болояш харбузаро аз пӯсташ ҷудо карда ба таври чоркунҷа реза мекунем.

Ба иштиҳо бошед!


Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2026_small_.pdf [3.32 Mb] (зеркашиҳо: 18)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон