БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Торти кӯҳ

Дастархон

Маҳсулоти зарурӣ:

Тухм -10 дона;

Шакар -1 истакон;

Ковоккунанда-1 дона;

Орд – 8 қошуқ;

Қаймоқ – 2 дона (эронӣ);

Дилала -1 дона;

Равған - 1 дона («Щедрое лето»);

Хокаи қанд-500 гр

Тарзи таҳия:

Сафедии тухмҳоро аз зардиаш ҷудо карда бо миксер хуб лат мезанем. Як истакон шакарро илова карда, боз ҳамаашро якҷоя меомезем. Орду ковоккунандаро ба он якҷоя мекунем. Дар тобаи тафдон мерезем, дар 150 дараҷа муддати 30 дақиқа мепазем. Сипас, як пиёла оби ширгармро гирифта ба он дилаларо илова мекунему 15 дақиқа лат мезанем. Сипас, қаймоқ ва равғани «Щедрое лето»-ро ба он ҳамроҳ намуда боз 10 дақиқаи дигар лат мезанем. Баъд хокаи қандро илова намуда боз панҷ дақиқаи дигар лат мезанем. Баъд аз оне, ки крем тайёр шуд, бисквити тайёршударо ба шакли секунҷа мебурем ва дар крем тар намуда, ба шакли кӯҳпора мечинем.

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон