Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Пиёва ва Умоч
ДастархонПиёва
Маҳсулоти зарурӣ:
Равған – 1 пиёла
Пиёз – 3 дона
Помидор - 2 дона
Мурчи булғорӣ -2 дона
Тухм-10 дона
Об-400 мл.
Нони дегдонӣ
Тарзи таҳия:
Ба тоба равған андохта, пиёзро ҳамроҳ менамоему таф медиҳем. Сипас, ба он каме орд омехта менамоем. Помидор ва мурчи булғориро низ ба он ҳамроҳ карда, мезирбонем. Баъд аз он ба дег каме об мерезем. Пас аз ҷӯшидани об тухмро меандозем. Дар табақ нон пора мекунему ғизоро аз болояш мерезем. Мувофиқи табъ хӯриш омода менамоему хӯрокро оро медиҳем.
Ӯмоч
Маҳсулоти зарурӣ:
Орди боқило – 200 гр.
Об – 200 мл.
Пиёз – 4 дона
Кабудӣ
Ҷурғот.
Тарзи таҳия:
Дар табақи чӯбӣ ордро гирифта, обу намак ҳамроҳ намуда, каф мезанем, ки оҳиста-оҳиста он ба монанди донаҳои биринҷ мешавад. Ӯмочи омодашударо мегирему алоҳида мемонем. Сипас, ба дег об мерезему ба он намак ва кабудиҳоро ҳамроҳ менамоем. Ба деги ҷӯшидаистода ӯмочро меандозему чанд дақиқаи дигар меҷӯшонем. Ӯмочи тайёрро дар табақ гирифта, ба болояш ҷурғот мерезем ва бо кабудӣ оро медиҳем.
Мубодила:
Шарҳҳо
