Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Дастархони идона аз Меҳрона Назарова
ДастархонМаҳсулоти зарурӣ:
Гўшти мурғ – 300 г
Тухм – 3 дона
Картошка – 3 дона
Бодиринг – 2 дона
Пиёзи сабз, шибит – 3–4 шохча
Майонез – 100 г
Тарзи таҳия:
Гўшти мурғ, картошка ва тухмро дар алоҳидагӣ ҷўшонда, ҳамаашро чоркунҷа реза мекунем. Бодирингро низ ба чунин тарз реза карда, кабудиҳоро низ майда менамоем. Сипас, ҳамаи маҳсулотро бо майонез якҷоя карда, хуб меомезем ва болояшро ба таври дилхоҳ оро медиҳем.
Маҳсулоти зарурӣ:
Гўшти гов – 500 г
Гўшти мурғ – 300 г
Пиёз – нисфи он
Мурч – 1 қошуқча
Тухми кўфтаи кашнич – 2 қошуқча
Намак – 1 қошуқча
Тарзи таҳия:
Гўшти гов ва мурғро қима карда, пиёзро майда реза мекунем. Мурч, намак, тухми кўфтаи кашнич ва пиёзи резаро ба қима илова карда, хуб меомезем. Дастҳоро ба об тар карда, аз қима як кафӣ мегирем ва ба сихҳои чўбӣ ба шакли дарозрўя мечаспонем. Рўйи варақи тафдон фолга густурда, лўлаҳоро тавре мегузорем, ки ду тарафи сих ба канорҳои он гузошта шавад, яъне қима ба фолга нарасад. Дар ҳарорати 200 дараҷа 20 дақиқа пухта, сипас, қимаҳоро тоб медиҳем ва 15 дақиқаи дигар мепазем.
Хўриши парҳезӣ
Маҳсулоти зарурӣ:
Тухм – 3 дона
Лаблабу – 2 дона
Панири творогӣ – 100 г
Панир – 70 г
Майонез – 50 г
Тарз таҳия: Лаблабу ва тухмро ҷўшонда, тухмҳоро ду тақсим ва лаблабуро гирд-гирд мебурем. Зардии тухмро бо панири творогӣ лат зада, каме майонез ва панири аз тарошакгузарондаро ба он илова карда, меомезем. Рўи лаълӣ лаблабуро гузошта, сафедии тухм ва маҳсулоти омодакардаро рўи ҳам мегузорем. Атрофи онро мувофиқи табъ оро медиҳем. (Бо бодирингу кабудӣ ва помидорчаҳо).
Мубодила:
Шарҳҳо












