БОЙГОНӢ

«    Феврал 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Тарзи омода намудани Картошка бо қимма ва Кулчақанди арманӣ

Дастархон

Картошка бо қимма

Маҳсулоти зарурӣ:

Картошка – 8–10 дона

Тухм – 8 дона

Ҳасиб – 250 г

 Равған – 1 қошуқ

Қаланфури булғорӣ – 1 дона

Пиёзи сабз – 1 бандча

Намак – 0,5 қошуқча

 

Тарзи таҳия:

Картошкаҳоро шуста, бо чангак сўрох карда, ба рўяшон равған мемолем ва дар варақи тафдон коғази махсус густурда, дар ҳарорати 190 дараҷа то 50 дақиқа мепазем. Баъдан онҳоро муддати 10–15 дақиқа хунук карда, болояшонро мебурем ва дилаи онро берун меорем. Дар тобаи каме равғандор қаланфури булғорӣ ва пиёзи сабзро намак пошида, 5 дақиқа мезирбонем ва ҳасибро илова мекунему як дақиқаи дигар таф медиҳем. Тухмҳоро лат зада, зирбаки омодашударо ба он меомезем ва ҳар як косакартошкаро бо он пур мекунем. Тафдонро гарм карда, то омода шудани тухмҳо мепазем. Аз рўи хоҳиш метавонем рўи ҳар як косакартошка панири реза пошем ва бо пиёзи сабз оро диҳем. Мувофиқи хоҳиш метавонем ба ивази ҳасиб мурғи пухтаро истифода барем.

 

Кулчақанди арманӣ

Маҳсулоти зарурӣ:

Ҷурғот – 1 истакон

Равғани маска – 150 гр

Орд – 3 қошуқ

Сода – 0,5 қошуқча

Намак – дар нўги корд

Барои даруни кулчақанд:

Шакар – 1 истакон

Орд – 1 истакон

Равғани маска – 50 гр

Иловагӣ:

Чормағз, мураббо, какао, меваҳо ва ё буттамеваҳо

Тарзи таҳия:

 

Орд, намак, ҷурғот ва равғани маскаи мулоимшударо ба ҳам омехта, хамир мешўрем. Се зувола гирифта, рўяшонро пўшонда, каме дам медиҳем. Барои даруни кулчақанд орд, шакар ва равғани маскаи обшударо ба ҳам омехта, онро ба се ҳисса ҷудо мекунем. Дар як ҳиссаи он чормағзи кўфта, дар ҳиссаи дигар мураббо, дар ҳиссаи сеюмӣ какаоро меомезем. Зуволаҳоро тунук карда, болои ҳар яки он маҳсулоти омодакардаро мемолем ва мепечонем. Ба рўяшон зардии тухм молида, ба ҳиссаҳо мебурем ва бо чангак ҳар кадоми онҳоро каме сўрох мекунем. Кулчақандҳои омодашударо дар ҳарорати 180–200 дараҷа то 20 дақиқа мепазем.

                                      Таҳияи Симин

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_01_2026_small.pdf [2.91 Mb] (зеркашиҳо: 12)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон