Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Нони гандум ҳамма ҷо…
ДастархонҲусния Тӯразода аз зумраи кадбонувони шаҳри Ҳисор аст, ки бо ҳунари омодасозии шириниҳо ва ғизоҳои миллию замонавӣ номвар гаштааст. Ӯ ҳунарро аз модар ва бибиаш, ки бо кадбонӯгӣ дар деҳаи Боғистон маъруф буданд, омӯхтааст.
Агарчи омода намудани угро ё оши бурида байни бонувон маъмул ҳам бошад, Ҳусниябону дар ҷараёни суҳбат нозукии тарзи омодасозии ин таомро зикр намуд:
-Нони гандум ҳар ҷо, кадбону ҷоҷо, гуфтаанд. Дар ҳар минтақа угроро ба таври худ омода месозанд. Аксари бонувон зуволаи буридаро дар оби ҷӯшомада андохта, таоми пухтаро дар табақҳо гирифта, болояшро бо кабудӣ ва чака оро медиҳанд. Баъзеҳо зирбак омода намуда, дар он зуволаи буридаро меандозанд ва бо нахӯду лӯбиё ва кабудӣ ва чака истеъмол мекунанд.
Дар ҳар сурат, омода намудани угро нозукӣ дорад. Ҳангоми омода намудани зувола намакаш бояд баландтар бошад, вагарна вақти дар дег пухтан хамир об шуда, хӯрок сифаташро гум мекунад.
Дастури таҳияи шириниҳо аз Ҳусния Тўраева
Кулчақанди славянӣ
Маҳсулоти зарурӣ:
8 дона тухм;
400 гр орд;
1 истакон шакар;
200 гр. равғани маска («Шедрое лето»);
1 баста маводи ковоккунанда;
1 қуттӣ ширқиём
Тарзи таҳия:
Тухмҳоро аз сафедааш ҷудо карда, бо равғани маска якҷоя лат мезанем. Орду маводи ковоккунандаро илова намуда, хамир тайёр менамоем. Хамирро ду қисм карда, дар тобаи тафдон тунук мекунем. Сипас, дар ҳарорати 180 дараҷа то каме зардча шуданаш мепазем. Сафедии тухмҳоро низ бо як истакон шакар лат зада, онро болои хамири зардшуда мемолем ва боз ба тафдон мегузорем. Пас аз 15 дақиқа онро аз тафдон гирифта, ба рўяш ширқиём молида, чоркунҷашакл мебурему рўяшро бо хокаи шакалодӣ оро медиҳем.
Ҳалвои ширӣ
Маҳсулоти зарурӣ:
10 литр шир;
1 коса равғани рустанӣ;
5 коса шакар;
1 кг қанди печак ва мувофиқи хоҳиш чормағз, писта, бодом
Тарзи таҳия:
Ширро дар якҷоягӣ бо шакару равған дар дег андохта, дар оташи паст мекобем. Сипас, қанди печакро (ба он хотир қанди печак илова мекунем, ки ҳам таъмаш хуш мешавад ва ҳам орди дар таркибаш буда барои тезтар омода шудани ҳалво мувофиқ аст) ба он илова карда, то ғафс шудани маҳсулот мекобем. Аксаран дар ҳалвои ширӣ мағзи бодому писта ва чормағз низ илова менамоянд, ки мазаи ҳалворо дилкаш мекунад. Сипас, онро ба лаълиҳо андохта, мувофиқи табъ болояшро гулкорӣ менамоем.
Таҳияи Қутбия
Мубодила:
Шарҳҳо











