БОЙГОНӢ

«    Июн 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

«Шашмақом» - шоҳкории фарҳанги ҷаҳонӣ

Фарҳанг

«Шашмақом» яке аз нодиртарин ганҷинаҳои фарҳанги миллии тоҷикон буда, дар тӯли асрҳо ҳамчун мактаби бузурги ҳунар ва маънавиёт хизмат мекунад. Имрӯз дар баробари устодони варзида, насли ҷавон, бахусус бонувони соҳибистеъдод дар рушди ин анъанаи пурғановат саҳми арзанда мегузоранд. Роҳбари бадеии Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобови Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Фурқат Саидзода дар ин муколама аз роҳи ҳунар, аҳамияти омӯзиш ва дурнамои рушди «Шашмақом» андешаҳои худро вобаста ба саволҳои хабарнигори «Бонувони Тоҷикистон» изҳор намуд.

 

– Шумо «Шашмақом»-ро ҳамеша ҳамчун як мактаби бузурги ҳунарӣ ва маънавӣ шарҳ медиҳед. Робитаи Шумо шахсан аввалин бор бо «Шашмақом» чӣ гуна сурат гирифт?

– Банда дар муҳити ҳавзаи ҳунарии Ҳисори Шодмон ба камол расидаам. Дар ин макон ҳунарварони мақомдону маврихон — Мулло Ҷалоли Танбӯрӣ, Иброҳим Азими Дуторӣ, Қорӣ Саиди Қодир, Мулло Абдуҷаббори Танбӯрӣ, Мафтунӣ Қаратоғӣ ва дигар мақомсароён умр ба сар мебурданд. Садову наво ва нағмаву замзамапардозии ин устодони варзида ҳар шунавандаро сӯи худ ҷалб мекарданд. Қиблагоҳам (равонашон шод бод) низ аз мактаби ҳунарии ин макони ҳунархез огоҳ буданд ва гоҳ-гоҳе ҳангоми фориғ аз кору бори рӯзгор дар гирди дастархон тарона мехонданд.

Оҳиста-оҳиста дилбастаи ҳунари суннатӣ гардидам. Ҳарчанд таронаҳои эстрадӣ мехондам, дар иҷрои сурудҳои суннатӣ низ хешро меҷустам. Ба ин навъи мусиқӣ зиёд гӯш медодам ва гумкардаҳои худро меёфтам. Фикр мекунам, лаҳни ширини устодони ҳунар, навои дилошнои падар ва ҳамин макони ҳунархез маро сӯи худ кашиданд ва вориди олами ҳунари асил намуданд.

– Шумо ҳам иҷрокунанда, ҳам омӯзгор ва ҳам муҳаққиқ ҳастед. Оё ин се самт дар як шахс чӣ гуна якҷо мешавад? Байни онҳо зиддият мешавад ё баръакс якдигарро пурра мекунанд?

– Барои донанда ё хонандаи мақом гардидан ҳар нафаре, ки роҳи ҳунарро пеш мегирад, бояд эҷодкор, иҷрокор, муҳаққиқ ва дорои қобилияти хуби шунавоӣ бошад. Бархӯрдор будан аз ин донишҳо ҳунарро комил мегардонад, хосса барои нафароне, ки роҳи шашмақомхониро пешаи хеш қарор медиҳанд.

Интихоби ин роҳ ва ба мақсад расидан, яъне қуллаи ҳунарро фатҳ намудан, хеле тӯлонӣ ва душвор аст, ки на ҳар кас метавонад то ба охир дар ин арса боқӣ монад.

– Шумо дар мактаби устодони бузурги «Шашмақом» Боймуҳаммад Ниёзов ва Барно Исҳоқова нумӯ кардед. Ба фикри Шумо, имрӯз усули «устод–шогирд» ҳамон қувваи пешинаи худро дорад ё замон онро каме тағйир дода, дигаргун сохтааст?

 

– Дар гузашта аз устодон бо усули «устод–шогирд» танҳо суруду таронаро азбар мекардем ва таваҷҷуҳ ба мусиқии суннатӣ кам ба назар мерасид, зеро дар нақшаи таълимии муассисаҳои ҳунарӣ бештар мусиқии аврупоиасос роҳ ёфта буд. Имрӯз бошад, донишандӯз озодона метавонад аз оҳангу таронаҳои «Шашмақом» баҳра бардорад, омӯзад ва онро ба сомеон поку беолоиш бирасонад. Дар ҳама давру замон барои иҷро ва огоҳӣ аз ин ганҷинаи шоён бояд истеъдоди фитрӣ дошт.

– Солҳои охир дар ансамбл ҳузури бонувон бештар эҳсос мегардад. Устод, дар миёни духтарону заноне, ки имрӯз дар ин ҷода дар ҳайати ансамбл шомиланд, истеъдодҳои умедбахшро мебинед?

– Ҳарчанд бонувон ба гурӯҳи ҳунарии мо зиёд ҷалб мешаванд, ҳоло ҳам ниёз ба садои ҳирфаии онҳо дорем. Дар гузашта низ дар радифи мардони таронапардоз бонувони соҳибном ва шуҳратёр дар ансамбли шашмақомсароён фаъолияти густурда доштанд ва дар сабти хазинавии кулли сурудҳои «Шашмақом» саҳми назаррас гузоштаанд.

Садои нафису рӯҳнавози бонувони мақомсаро ба суруд болу пар мебахшад ва ба шунаванда ҳаловат меорад.Имрӯз дар Ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов ҳунарварони ҷавони соҳибистеъдод — Парвина Сайфуллоева, Мавзуна Маҳмадзода, Шоҳсанам Юсуфова, Гулбону Раҳмонова, Гулҷамол Зоидова ва дигарон бори гарону пурарзишро бар дӯш доранд ва итминон дорем, ки корҳои мондагореро дар ҳунари мақомсаройӣ ба сомон мерасонанд.

– Ба назари Шумо, иштироки фаъоли бонувон дар «Шашмақом» ба худи ин мактаби ҳунарӣ чӣ тағйир меорад?

– Дар «Шашмақом» асарҳои бузургаҷм хеле зиёданд ва як сароянда наметавонад аз уҳдаи иҷрои онҳо барояд. Аз ин рӯ, чунин сурудҳоро дастаҷамъона, яъне бонувон ва мардон бо ҳамовозӣ иҷро мекунанд.

Аслан, ворид шудани бонувон ба «Шашмақом» баъд аз Инқилоби Октябр дар замони шуравӣ ба амал омадааст ва ин раванд то имрӯз идома дорад. Бояд зикр намуд, ки ҳузури бонувон дар ҳунари ниёгон чашмрас ва мондагор аст. Бешак, эҳсоси иҷрои сурудҳои суннатӣ аз ҷониби бонувон равону дармонбахш мебошад.

– Агар ба кори эҷодии худ назар афканед, кадом қисм бештар барои Шумо арзиши маънавӣ дорад: эҷоди оҳанг, иҷро ё пажӯҳиш?

– Ҳар се бароям гуворост — ҳам офаридани оҳанг, ҳам иҷрои касбӣ ва ҳам пажӯҳиши илмӣ. Ин се қисм бо ҳам тавъаманд ва ба якдигар ёрӣ мерасонанд. Хушбахтона, дар ин самт корҳои арзишмандеро ба анҷом расондам, ки дар чанд асари илмии банда зикр ёфтаанд.

– Агар ба ояндаи «Шашмақом» нигарем, Шумо онро чӣ гуна мебинед — бештар академӣ ё ҳамон анъанаи суннатӣ?

– Ояндаи дурахшони «Шашмақом» бармалост. Ин шоҳасар дар тӯли таърих аз туфону бод, аз шаккокону нокасон, аз зулму ситам ва аз бадхоҳону урдуҳои бодиянишин убур намуда, то замони мо поку беолоиш расидааст.

Барои нигоҳ доштан ва ҳифзи ин ганҷина садҳо сар бохтаем, то садои ин шоҳкорӣ хомӯш нагардад.Миллатҳои дигар имрӯз мероси моро вориди фарҳанги ҳунарии худ намуда, онро бо сухани волои тоҷикӣ иҷро мекунанд.

Ҳамаи ин шаҳодат аз бузургии «Шашмақом»-и оламгир аст ва танҳо бо роҳи анъанаи суннатӣ метавон навои ин шоҳномаи мусиқиро то ба фалак бурд ва ҷаҳонро тасхир кард.

                                                                                                     Далер САФАР

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_05_2026_small.pdf [3.08 Mb] (зеркашиҳо: 32)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон