БОЙГОНӢ

«    Июн 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Фарҳанг ваҳдатофар аст

Фарҳанг

Неруи бузурги ваҳдатофари фарҳангро дар баргузории нахустин Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Хатлон, дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон, ки ба санаи 27-уми июни соли 1997 рост омад, бори дигар бармало эҳсос намудам, — мегӯяд иштирокдори ин чорабинии фарҳангӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳингул Назаршоева.

 

Маҳингул, ки он замон мудирияти Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғро бар дӯш дошт, ба ёд меорад, ки ҳунарпешаҳои театр ба озмуни театрҳои касбии ҷумҳуриявӣ намоишномаи «Отелло»-ро армуғон бурда, маҳсули эҷодиашон аз ҷониби доварону мухлисон баҳои баланд гирифт.Ин чорабинӣ, ки акнун баргузории он дар моҳи апрел ба ҳукми анъана даромадааст, он сол моҳи июн доир гашта буд. Пас аз намоиши театрӣ дар маркази ҷумҳурӣ фарҳангиёни Бадахшон озими вилояти Хатлон шуда, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон-ро бо баргузории намоишномаи театрӣ ва консертҳои идона, ҳамроҳ бо сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят истиқбол гирифтанд. Қосидони сулҳу ваҳдат дар ҳама гӯшаву канори Хатлон аз пазироии гарми мизбонон бархӯрдор буда, қатори мошинҳои корвони созу суруд ҳар ҷо гулборон мешуданд.

Ай оби зи ҳам рафта ба ҳар ҷӯй, ба ҳам ой,

Ай шамъи пароканда ба ҳар кӯй, ба ҳам ой.

Ай тоҷики саргаштаву шӯридасари ман,

То чанд парешониву танҳоӣ, ба ҳам ой.

Вақте ситораи ҳунар Майсара Дилдорова аз саҳна ин шеъри шоири ҷавон Варқа Охонниёзов-ро месуруд, мухлисони зиёдеро дар саҳна дидан мумкин буд, ки ашк мерехтанд. Мардуми тоҷик ба сулҳу ваҳдати деринтизор ва созандагӣ дар ҳар гӯшаву канори Ватанамон сахт ниёз доштанд. Ба шарофати фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми тоҷик ин туҳфаи арзишманди таърих насибамон гардид, — мегӯяд Маҳингул Назаршоева.

Неруи ваҳдатофари фарҳанг дар таҳкими сулҳу ваҳдат дар кишвар ва дӯстиву бародарӣ бо кишварҳои дӯсту бародар бо Тоҷикистон нақши босазо дорад. Бароям муяссар шуд, ки дар сафи санъаткорони варзидаи тоҷик дар нахустин Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Тошканд, ки солҳои аввали соҳибистиқлолии кишварамон дар он ҷо доир шуд, ширкат намоям, — ёдовар гардид Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майсара Дилдорова.

Дар саҳнаи театри Тошканд ҳунарманд суруди «Бахти ман дар Тоҷикистони ман аст»-ро ба мухлисон эҳдо намуд. Ҳамчунин, дар барнома суруди дукасаи халқӣ дар иҷрои Майсара ва овозхони шинохта, шодравон Шафтолу Абдумамадов, ки садояш толорҳоро ба ларза меандохт, ҷой дода шуда буд. Бинобар ногаҳон бемор шудани ҳунарманди солманд, роҳбари барнома овозхони ҷавон Ҳақназар Аловатов-ро ҷалб намуда, ӯро, ба қавле, «аз киштӣ ба базми ҷамшедӣ» кашонданд. Овозхони ҷавон бо ҳунарнамоӣ, садои бурро ва дилнишин мухлисони зиёд пайдо намуд. Иддае аз фарҳангшиносон дар вилоят ҳунарнамоии овозхони ҷавонро дар саҳнаи давлати ба мо дӯсту бародар тулӯи ситораи нав дар шоҳроҳи санъат мешуморанд. Бо поён ёфтани Даҳа, дар маросими қабули меҳмонон дар Тошканд, бо имзои Президенти давлати ҳамҷавор ба иддае аз санъаткорони тоҷик, аз ҷумла Майсара Дилдорова, ифтихорнома тақдим гардид.

 

Ҳунарманд масири байналмилалӣ тавассути Тоҷикистонро яке аз нишонаҳои пешрафти бемисл мешуморад. Ба гуфтаи ӯ, вақте 29 сол қабл, ба озмуни театрӣ ва нахустин Рӯзҳои фарҳанги ВМКБ дар вилояти Хатлон мерафтанд, ҷиҳати мавҷуд набудани роҳи доимоамалкунанда ва баста будани роҳи нақлиётӣ, дастаи ҳунарӣ бо чархболи ҳарбӣ аз Дарвоз ба маркази ҷумҳурӣ интиқол ёфта, боз тавассути чархбол пас оварда шуд. Имрӯзҳо бошад, масири ободу роҳат шабонарӯзӣ дар тамоми фаслҳои сол дар хизмати мусофирон қарор дорад.

Фарҳанг неруи бузурги муттаҳидкунанда ва парвариши афкору андешаи неку созанда ва инсонгароёна дошта, бар ин боварам, ки фарҳангиёни тоҷик рисолаташонро дар таҳкими сулҳу ваҳдат дар Ватани азизамон ва дӯстиву бародарӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо кишварҳои гуногун бошарафона иҷро намуданд, — афзуд Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳингул Назаршоева.

                          М. ШОҲҶАМОЛ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2026_small.pdf [3.48 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон