БОЙГОНӢ

«    Июл 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Марвориди театр

Фарҳанг / Слайдер

Ӯ намунае аз насли саодатманди даврони соҳибистиқлолӣ буда, дар муҳити саршор аз меҳру муҳаббати хонадони заҳматкаши одӣ тарбия ёфтааст. Зодмандонаш сулҳу осоиштагиро бо захмҳои дермарҳами ҳамватанон ва паси сар намудани фоҷиаи бузурги миллӣ ба даст оварда, сулҳу салоҳу осудагии Ватани азизро аз ҳама ганҷи дунё волотар медонистанд.

 

Дар чунин як дудмони рустои дурдасти Фархори бостонӣ, ки волидон фарзандонро дар рӯҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ ва шукргузорӣ ба амнияту осоиштагӣ ва садоқат ба арзишҳои инсонӣ тарбия менамуданд, духтари нексириште бо як ҷаҳон афсонаву орзуҳои ширин ба воя мерасид. Бесабриву оташи баландаш аз завқу иродати забондониву суханварӣ аз минбарҳо маншаъ мегирифт, ки дар мактабу оила насли хешро санъати сухан ва фарҳанги волои муошират меомӯхтанд. Фориғ аз тадрис аз барномаҳои радиову телевизионӣ низ ғизои маънавӣ мегирифт, дар фосилаи тамрини нутқ ва омӯзишҳо ба модари соҳибҳунараш дасти ёрӣ мерасонд.

Модари ба ном хонашин, аммо илова ба сарбориҳои хонаводагӣ аз чеварони номдори деҳкада буд, ки ба рӯзе пайи харидорони ҳунараш аз роҳи хонаи онҳо канда намешуд. Ба фаҳми бачагонаи Марҷона тӯю маъракаҳои мардумии зодгоҳаш – деҳи Даштак, бидуни иштирок ва таҳияи нону чапотӣ, кулчаву қаннодиҳо ва абзори тӯёнаи модари ӯ тасаввурнопазир буд. Бад-ин минвол, бо ҳама ишқу муҳаббати бепоён ба омӯзиши дониш ва пешаҳои замони нав, модари ҳунармандаш идеали ӯ дар зиндагӣ ба ҳисоб мерафт.

Солиёни таҳсил дар МТМУ №35-и ноҳияи Фархор дар дил орзуи рӯзноманигорӣ дошт ва бо ҳама ҳастӣ ба мутолааи абёти панду ахлоқӣ пардохта, ба унвони беҳтарин ровии ҷашну маъракаҳои мактабӣ эътироф гардид.

— Айёми мактабхониву давраи бедории мо ба замону маконе рост омад, ки мардуми толиби сухани баланду шеъри ноб, баргузории маҳфилу чорабиниҳои фарҳангиро мисли як хурсандии бузург интизорӣ мекашиданд. Мо, навҷавонон, ҷӯёи панду ҳикматҳои ангезабахш, дилбастаи муошираву машқи нутқ будем, ки аз суҳбату суханрониҳои устодони сухан завқу илҳоми тоза мегирифтем, — саршори эҳсосоти ногуфтанӣ қиссапардозӣ дошт Марҷона Муродова. — Он фазои маънавии дилбастагии ҷомеа ба шеъри баланду каломи бадеъ бароям неруи эҷодӣ мебахшид, ки минбаъд ба саҳнаҳои театрӣ роҳ ёфта, дар нақши модар суруди «Алла»-ро сароидам. Баъдан, ба хотири иштирок дар озмунҳои шеърхонӣ зиёда аз 3 ҳазор байти «Шоҳнома»-ро аз бар намудам.

Баъди хатми мактаб ба факултети рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуда, аз беҳтарин омӯзгорону устодони риштаи рӯзноманигорӣ донишу малакаи касбӣ омӯхт. Салиқаи суханварӣ ӯро ба телевизиони мустақили Бохтар бурд ва баъди чанде таҷрибаомӯзӣ барои ҳамкорӣ ба филиали МД Телевизиони «Сафина» дар шаҳри Бохтар даъват гардид. Даврони донишҷӯии Марҷона бо омӯзишу таҷрибаандӯзиҳо паси сар шуд.

Баъди издивоҷ дар ноҳияи Балҷувон зиндагӣ ихтиёр карда, ҳамчун сармутахассиси бахши фарҳанги ноҳия кор кард. Марҷона Муродова аз соли 2013 то 2018 мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИМҲД ноҳияи Балҷувон ва сипас, ду соли дигар роҳбарии бахши кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияро ба уҳда дошт.

— Дар арсаҳои корзор маҳз таҷрибаи фаъолиятам дар самти кор бо занон ва оила, ки бо сокинони тамоми 104 деҳаи ноҳия суҳбату вохӯриҳо анҷом додаем, бароям мактаби муҳими ҷомеашиносӣ ва таҷрибаи роҳбарӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷода, аз шароиту фарҳанги рӯзгори сокинон ба хубӣ огоҳ шуда, моҳияти расидагӣ ба мушкилоти мардумро амиқ дарк намудам, — иброз медорад Марҷона.

— Сарфи назар аз дуриҳои ҷуғрофӣ аз марказҳои маданиву фарҳангӣ, вале суҳбатҳои дилнишину шеъру зарофатгӯиҳои сокинони рустоҳои кӯҳистонӣ бозгӯи сатҳи баланди китобхониву саводмандии онҳост. Маҳз заковату санъати суханварии бошандагони ин ноҳияи зебоманзар буд, ки солҳои мудирияти шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон, аз рафти вохӯриҳо бо сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба осонӣ хабару гузоришҳо интишор мекардем.

— Ҳанӯз аз озмуну сабқатҳои дар самти таблиғу ташвиқи мавзуъҳои сайёҳӣ гапу хабар набуд, ки мо, фаъолон, дар радифи мафкурасозӣ миёни ҷомеа, саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоиро аз суратманзараҳои мавзеъҳои беназири Сари Хосор ва дигар минтақаҳои дилангези Балҷувон пур карда будем. Ростӣ, моҳияти муаррифии мавзеъҳои сайёҳатбоби Балҷувонро замоне дарк намудем, ки барои суратгузоришу манзаранамоиҳоямон ба Ҷоизаи «Беҳтарин муаррифгари мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон» сазовор гаштем, — иқрор меояд Марҷона.

Соли 2021 пайроҳаи зиндагӣ ӯро ба шаҳри Бохтар, шаҳри милоди орзуҳои ҷавониву даврони донишҷӯӣ овард. Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба фаъолият пардохт, баъди як сол муовини директори Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар таъин гардид. Чун аз овони донишҷӯӣ дар ташкилу пешбурди маҳфилҳои идонаву чорабиниҳои фарҳангии шаҳри Бохтар ширкат меварзид, имрӯз ҳам аз ҳамкориву фаъолиятҳои эҷодӣ дар ҳалқаи аҳли ҳунар рӯҳияи тозаву баҳраи маънавӣ мебардорад. Ҷозибаи меҳри театр варо ба саҳнаи касбӣ ҳидоят бинмуда, ки айни замон таҳсилоти дуюми олиро дар шуъбаи ғоибонаи факултети фарҳангшиносии Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода идома дода истодааст. Нахустин имтиҳони Марҷона дар саҳнаи касбӣ намоишномаи «Тафтишгар» аз рӯйи асари Муҳаммад Ғоиб ва коргардонии Қурбон Шукурзода мебошад, ки дар он нақши корманди ҳифзи ҳуқуқро бозидааст.

— Муҳити театр ва ҳамсуҳбатӣ бо ҳунарпешаҳо, ки барои ҳаёти воқеии ҷомеаро дар саҳна бозидан китоб-китоб асарҳоро аз бар мекунанд, худ як мактаби тарбияву рушди маънавиёт аст, — мегӯяд муовини директор оид ба корҳои эҷодӣ Марҷона Муродова. — Баъди собиқаи фаъолият дар самтҳои кор бо занону ҷавонон, ки аз тору пуди масоили иҷтимоӣ ва нақши оила дар тарбияи фарзандон огоҳӣ ёфтаам, таъсири театр ва садоқати фарҳангиёнро дар тарбияи маънавии ҷомеа хуб дарк мекунам. Иродаи авф кардану бахшоиши ҳамдигар, поксозии дилҳо аз кибру кинаву нафрат, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву инсонпарварӣ дар замири мардум, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, ки дар саргаҳи тарбияву ташаккули ҷаҳонбинии фарзандон қарор дорад, аз муҳимтарин ҳадафҳои аҳли фарҳанг, аз ҷумла рисолати муқаддаси театр ба ҳисоб меравад.

Ба ин хотир, итминони комил дорем, ки дар оянда ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоишҳои ба саҳна гузоштаи худ дар тарбияи маънавии ҷомеа, баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ ва маърифатнокии ҷавонон хизматҳои шоён хоҳанд кард.

Ҷамолиддин САЙФИДДИН

       Душанбе – Бохтар – Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_06_2026_small.pdf [3.48 Mb] (зеркашиҳо: 30)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон