Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Духтари ҳунар
Фарҳанг / СлайдерДар кӯдакӣ мисли дигар ҳамсолон на ба боғча, балки дастбадасти падари ҳунармандаш Қурбони Собир ба театр мерафт. Саҳнаи театр дар назараш хеле аҷиб метофт, гоҳҳо ҳини тамринҳои падар «тамошобин»-и хурдакакро хоб мебурду ӯро ба ҷойи бароҳаттаре мебурданд. Соро Собир аз ҳамон овон бо ҷаҳони театру ҳунармандон ошноӣ пайдо карда, ҳар якеро ном ба ном мешинохт.
Пас аз хатми мактаби миёна вай сари касби минбаъдааш меандешид, орзуи дизайнер шудану бо рангҳо ва шаклҳо зебоӣ офариданро дар дил дошт. Аммо бо маслиҳати зодмандон ба риштаи журналистикаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуд. Дар ин ҳунаристон дарси маҳорати актёриро Қурбони Собир ба донишҷӯён дарс мегуфт. Маҳз дар ҳамин дарсҳо Соро дарк кард, ки хуни ҳунар дар шараёнаш ҷорист ва роҳи ҳақиқии ӯ саҳна асту бас…
Ҳарчанд муддате дар ТВ «Сафина» фаъолият намуд, ҳамеша пайроҳаи театру ёди ширини он аз ҳушу ёдаш дур намерафт. Ин роҳ ӯро ниҳоят ба «Аҳорун» овард. Алҳол Соро рӯи саҳнаи бузурги ин театр нақш мебозад…
Аввалин нақши офаридааш дар намоиши «Бӯсаҳои зери по» буд, ки онро коргардони эронӣ рӯйи саҳна оварда буд.
– Пас аз анҷоми намоишнома тамошобинон омада, оғӯшам гирифтанд. Ин эҳсоси аҷибу гуворое буд, ки ба гуфтан рост намеояд. Вақте рӯйи арсаи ҳунарӣ дигар худат нестӣ, нақшеро меофарӣ, ки аз зиндагиат фарсахҳо дур аст. Ту қаҳрамонатро муддатҳо меомӯзӣ, аз нақши он барои худат низ чизе мегирӣ. Дар театр кор кардан бароям роҳаттар аст, — мегӯяд Соро.
Аз нақшҳои офаридаи писандидааш дар филми ҳунарии «Бачаи обӣ» (коргардон Файзулло Файзов) нақши Салима аст. Салима зани қавииродаест, ки фарзандашро барои ояндаи беҳтаре аз деҳа ба шаҳр меорад ва дар баробари ҳама мушкилот истодагӣ мекунад.
Соро дар филмҳои «Паканаи айнакдор», «Харгӯши сиёҳ», дар филми таърихии «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» (Бадрия) нақш офаридааст.
Дар саҳнаи театр Соро нақши Таҳминаро аз достони «Рустам ва Суҳроб» бозид, ки яке аз пурэҳсостарин симоҳо дар таҷрибаи корияш буд.
– Таҳмина зани дарддида, фарзандгумкарда аст. Таҳаммули ин басо душвор аст, вале Таҳмина зани қавист. Офаридани ин нақш, ҳарчанд душвор буду вақти зиёдро мехост, хуб бозидам, аз иҷрои ин нақш устуворӣ ва сабрро омӯхтам, — мегӯяд ҳунарманди ҷавон.
Пеш аз ҳама, падараш Қурбони Собир, Мейсам Ҷаводӣ ва тамоми ҳунармандони кишварро намунаи беҳтарини омӯзиш медонад. Соро барои такмили дониш дар кишвари Норвегия ва шаҳри Москва таҳсил намуда, таҷрибаи касбии худро ғанӣ гардондааст.
– Дар роҳи ҳунар гоҳҳо ту бояд кару гоҳе кӯр бошӣ, ки ин роҳро идома диҳӣ. Мушкилот низ дарси рӯзгоранд, мо аз онҳо меомӯзем, чеҳраи аслии инсонҳоро мешиносем. Онҳо моро қавитар мегардонанд ва чашмони моро ба зиндагӣ бозтар месозанд.
Соро мехоҳад бо режиссёроне ҳамкор бошад, ки ҳунарашро кашф намоянд. Орзу дорад, ки дар филмҳои таърихӣ нақш офарад ва қаҳрамонҳои қавии бонувони тоҷикро рӯйи экран оварад. Берун аз саҳна ҳам Соро худро дар ҷаҳони ҳунар мебинад. Бо шогирдонаш видеоҳо эҷод мекунад, барои саҳифаҳои иҷтимоӣ роликҳои кӯтоҳ таҳия менамояд. Зиёд қадам заданро дӯст медорад, ҳамзамон, машқи йогаро меписандад. Ҷиянҳояш омадани Сороро мунтазир мешаванд, чун ӯ барояшон бозиҳои гуногун ташкил мекунад ва гӯш додан ба суханони кӯдаконро дӯст медорад. Барояш сафар ба роҳҳои дур илҳом мебахшад.
– Ҳама хислатҳои падарро меписандам. Бахусус рафтораш бо шогирдон мисли равоншиноси соҳибтаҷрибаест. Медонад, ки дар ботини кӣ ҳунар асту дар кӣ не. Ба ҳеҷ ваҷҳ сахт намегӯяд, тавре мефаҳмонад, ки ин роҳ роҳи ту нест, шояд дар дигар самт муваффақ шавӣ. Падар ошиқи ҳамешагии пешааш аст ва ман мехоҳам ҳамин хислатҳои ӯро биомӯзам. Сухани падарам ин аст: «Ҳунарманд, қабл аз ҳама, бояд инсони ростқавлу меҳнатдӯст бошад». Бо падар соатҳо дар бораи ҳунар суҳбат мекунем, ин мавзуъ барои мо доимӣ аст. Аз таҷрибаи бузурги худ бароям маслиҳату машварат медиҳад ва ҳар суҳбаташ як дарси зиндагист, — мегӯяд ӯ.
Дунёи ҳунарро олами зебое медонад, ки худро берун аз он тасаввур карда наметавонад. Барои ӯ саҳна ҷойи муқаддас аст. Ҳар нақшро бо таҳлил, ҳисси табиӣ ва самимият меофарад, ки ин нишони зеҳни ҳунарии баланд ва муҳаббати ҳақиқӣ ба касб мебошад. Ӯ ҷавонест хоксор, вале пур аз рӯҳу эҷоди нав. Маҳз ҳамин хислатҳо ва меҳру муҳаббат ӯро миёни тамошобинон писандида гардондааст.
Соро Собир дар театри тоҷик аз насли ҳунармандони ҷавонест, ки идомабахши мактаби классикӣ аст. Вақте мепурсам, ки оё мехоҳад ин касб ба насли сеюми хонавода гузарад, бо шакарханд мегӯяд:
– Агар дар ботини ӯ ҳунар бошад, чаро не, ман ӯро дастгирӣ ва роҳнамоӣ мекунам…
Ба ҷавонон гуфтаниам, ки бояд зиёдтар ба театр оянд, зеро театр мактаби эҳсос, андеша ва маърифат аст. Маҳз саҳнаи театр ба мо меомӯзад, ки чӣ гуна зиндагиро бо меҳр, хирад ва инсоният даромезем. Ҳузури ҷавонон дар театр, на танҳо тамошои ҳунар, балки арҷ гузоштан ба фарҳанг ва арзишҳои миллӣ мебошад.
Фарзона ВОСЕЕВА
Мубодила:
Шарҳҳо











