БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2026    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Нафаси маърифат

Фарҳанг / Слайдер

Дар ҷаҳони пуршитоби имрӯз, ки технологияҳои нав ҳар сония роҳи дигареро барои дастрасӣ ба иттилоъ боз мекунанд, китоб арзиши худро аз даст надодааст. Баръакс, ҳар қадар зиндагӣ рақамӣ шавад, ниёз ба маконе, ки инсонро ба андеша, мутолаа ва маърифат пайванд медиҳад, бештар эҳсос мегардад. Китобхона маҳз чунин фазост, маконе, ки дар он садои варақҳои китоб бо хомӯшии андеша ҳамоҳанг мешавад ва ҳар рафи пур аз осор як гӯшаи таърихи маънавии ҷомеаро дар худ нигоҳ медорад. 

Муассисаи давлатии «Китобхонаи муосири пойтахт» низ аз силсилаи ҳамин маконҳои маърифатӣ аст, ки тайи солҳои зиёд дар ҳаёти фарҳангии шаҳр мақом ёфтааст. Имрӯз он на танҳо маҳали нигоҳдории китоб, балки муҳити муоширати зеҳнӣ, омӯзиш, ҷустуҷӯ ва рушди завқи китобхонӣ мебошад.

Таърихи фаъолияти китобхона ба соли 2007-ум пайванд дорад. Дар тӯли ин солҳо муассиса роҳи муайяни рушдро тай намуда, тадриҷан доираи хизматрасониҳои худро васеъ гардондааст. Агар дар оғоз вазифаи асосӣ ҷамъоварӣ ва пешниҳоди адабиёт ба хонандагон бошад, имрӯз китобхона ба талаботи тағйирёбандаи ҷомеа мутобиқ шуда, шаклҳои нави корро ҷустуҷӯ менамояд.

Фонди китобхона имрӯз беш аз 21 ҳазор нусха китобро дар бар мегирад. Дар миёни онҳо адабиёти бадеӣ, соҳавӣ, илмӣ, кӯдакона ва дигар осор ҷой доранд. Ҳамин гуногунрангии фонд имкон медиҳад, ки ҳар дилхоҳ вобаста ба синну сол, завқ ва ниёзи маънавию касбии худ китоби муносиб пайдо кунад.

Аммо қимати китобхона танҳо дар теъдоди китобҳои он нест. Арзиши воқеии чунин муассиса дар он ифода меёбад, ки ин ганҷина то чӣ андоза ба дасти хонанда мерасад ва то куҷо метавонад завқи мутоларо бедор созад. Аз ин рӯ, кормандони китобхона мекӯшанд, то талаботи хонандагонро пайваста ба назар гиранд. Китобҳое, ки бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд, мутобиқи имконият харидорӣ шуда, ба фонди китобхона ворид мегарданд. Бо ин роҳ миёни китобхона ва хонанда муносибати зинда ва мутақобила ба вуҷуд омадааст: хонанда ниёзи худро баён созад ва китобхона барои қонеъ гардондани он роҳи муносиб ҷӯяд.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти китобхона дастгирии озмунҳои китобхонӣ мебошад. Барои иштирокчиёни озмунҳо адабиёти зарурӣ дастрас гардида, китобхона дар омодагии онҳо нақши муайян мегузорад, зеро озмуни китобхонӣ мактаби маърифат, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад.

Қисми зиёди муштариёни онро мактаббачагон ташкил медиҳанд. Дар баробари ин, донишҷӯён, ҷавонон ва дигар гурӯҳҳои аҳолӣ низ аз имкониятҳои китобхона истифода мебаранд. Хизматрасонии китобхона бар пояи низоми муқарраргардида сурат гирифта, хонанда метавонад китобро ба муҳлати муайян ба хона бурда, баъд аз мутолаа баргардонад. Ин муносибати сода, вале муҳим китобро аз як ашёи хомӯш ба ҳамсафари рӯзгор табдил медиҳад. Китоб дар ин ҳолат, баъд аз чанд рӯз ба андешаи нав, саволи тоза ва ҳатто тағйири ҷаҳонбинии инсон сабаб гардад.

Роҳбарӣ бо меҳри китоб

Дар пушти ин ҳама нафароне меистанд, ки кори китобхонаро бо масъулият ва садоқат пеш мебаранд. Имрӯз роҳбарии Муассисаи давлатии «Китобхонаи муосири пойтахт» бар дӯши бонуи фаъолу соҳибтаҷриба Аҳдия Ҷалолиддинзода қарор дорад. Аҳдиябону дар соҳаи китобдорӣ ва фарҳанг 17 сол собиқаи корӣ дошта, дар ин муддат марҳалаҳои гуногуни касбиро тай намудааст. Дар солҳои аввали фаъолият роҳбарии китобхонаи Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот ва баъдан, мудирии шуъбаи Китобхонаи марказии шаҳри Душанбе ба номи Абулқосим Лоҳутиро бар дӯш дошт ва дар ин давра таҷрибаи роҳбарӣ ва дониши касбии худро боз ҳам такмил бахшид.

Сар аз соли 2021-ум Аҳдия Ҷалолиддинзода директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи муосири пойтахт» мебошад. Ин марҳалаи фаъолияти ӯ ба даврае рост меояд, ки китобхонаҳо дар баробари вазифаҳои суннатии худ бояд ба талаботи нави иттилоотӣ, технологияҳои муосир ва тағйирёбии фарҳанги мутолаа мутобиқ шаванд.

Таҷрибаи андӯхтаи бону Аҳдия дар китобхонаҳои гуногун имкон дод, ки имрӯз фаъолияти муассисаро бо назари васеътар ба роҳ монад ва барои такмили хизматрасонӣ ба хонандагон талош варзад.

Имрӯз хонанда дигар ҳамон хонандаи солҳои пеш нест. Талабот тағйир ёфта, завқ дигар шудааст ва технологияҳои муосир низ ба фарҳанги мутолаа таъсири худро расондаанд. Аз ин рӯ, китобхона бояд ҳамқадами замон бошад, вале дар ин ҳамқадамӣ рисолати аслии худ: тарбияи муҳаббат ба китоб ва донишро аз даст надиҳад.

Маҳз ҳамин нигоҳ ба фаъолияти муассиса имкон додааст, ки китобхона дар чандин чорабиниҳои маърифатӣ ва озмунҳои китобхонӣ фаъолона ширкат намояд.

– Соли 2021-ум китобхона дар озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарини шаҳр» иштирок намуда, дар даври ноҳиявӣ ҷойи дуюм ва дар соли 2026-ум мақоми аввалро сазовор шуд. Ин натиҷа барои муассисаи маърифатӣ далели он аст, ки кори пайваста бо хонанда метавонад натиҷаи назаррас диҳад, – иброз дошт Аҳдия Ҷалолиддинзода.

Нақшаҳои минбаъдаи китобхона ба як ҳадафи асосӣ – ба талаботи замон мутобиқ сохтани муҳити китобхонӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои хонанда равона шудаанд. Аз ин рӯ, яке аз самтҳои ояндаи фаъолияти китобхона беҳтар намудани шароити толорҳо, истифодаи бештари компютер ва технологияҳои муосир, инчунин ғанӣ гардондани фонди китобхона бо нашрияҳои тоза мебошад.

Дар ниҳоят, китобхона ҳар қадар муосир гардад ҳам, рисолати аслии он тағйир намеёбад. Ва маҳз ҳамин рисолат аст, ки фаъолияти Китобхонаи муосири пойтахтро ба як ҷузъи муҳими фазои фарҳангии Душанбе табдил медиҳад. Дар ин роҳ таҷрибаи чандинсолаи Аҳдия Ҷалолиддинзода ва муносибати масъулиятноки кормандони китобхона ба касб метавонанд заминаи боэътимод барои боз ҳам густариш ёфтани фаъолияти китобхона ва ҷалби бештари хонандагон ба ҷаҳони бекарони китоб бошанд.

ГУЛШАН АМИРӢ


Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_10_2026_small.pdf [3.33 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон