БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Хушдоман -домани хуш?!

Фарҳанг

  Қариб ҳамарӯза аз мардум мешунавем, аз ВАО мехонему аз оинаи нилгун мебинем, баъзан шоҳид мегардем, ки келине, домоде бо хушдоманаш ҷанҷоле кардааст ва ё хушдоман аз рафтору кирдори келину домод норозӣ шуда, муноқишаҳо афзуда истодааст ва ё хушдоман «қаҳрамон»-и на танҳо латифаҳо, қиссаю ривоят, балки ихтилофоти рӯзгор гаштааст…

 Хушдоман, аслан, агар як вожаи хеле гӯшнавоз бошад ҳам, ҳамагон ба он, дар симои хушдомани худ нигоҳи гуногун доранд, яке бо хубӣ аз ӯ ёд мекунад, дигаре бо тундӣ ва савумӣ…

Саволе пеш меояд. Барои чӣ шахсони рӯзгордидаву соҳибақл чун писар ё духтари худро оиладор мекунанд, дар муносибат бо келину домод қариб дигар мешаванд, ҳатто иддае аз чаҳорчӯбаи ҳама гуна одобу инсонгарӣ берун мебароянд?

Дар такя ба андешаҳои мардумшинос Иззатуллои Мирзоалӣ ба ин ва чанд саволи дигар ҷавоб гирифтем, ки пешниҳоди хонандагон мегарданд.

 Барои чӣ ба таври умумӣ байни нав­арӯсон - келинҳо ва хушдоманҳо рақобат ба миён омада, онҳо наметавонанд бо чашмони пурмеҳр ба ҳам бингаранд?

Арӯс ё келин, ба баъзе хушдоманҳо намефорад, зеро ӯ акнун ба писари вай нисбат ба модар наздиктар аст. Ба андешаи хушдоман, гӯё маҳз арӯс фарзанд - ҷигарбандашро аз ӯ – модар, рабурдаст ё ҷудо карданист. Писар дастпарварди модар ба ҳисоб рафта, асо ба вақти пирӣ ва муттакои ӯ бояд шавад. Аз ин рӯ, ба келин ё арӯс чун ба «рақиби ҷиддӣ» дучор шуда, модарон аз рашк ба онҳо бадгӯйӣ мекунанд, камбудиҳояшро меҷӯянд, ба андаке корҳои онҳо эрод мегиранд. Аз як тараф осон менамояд, ки духтарро модар аз хона гусел мекунад, вале қабули ӯ дар оилаи дигар хеле масъулиятталаб буда, хусусан барои мард ба дӯш гирифтани як қатор уҳдадориҳо ба миён меояд.

Оё зарурати пешакии шиносоӣ бо хушдоману хусур мавҷуд ҳаст ё не?

 Хуб мешуд, агар қаблан ҷавонон бо зодмандони якдигар шинос гарданд. Ҳар як инсон, ҳар як оила махсусиятҳои худ, хислату рафтор ва меъёрҳои хонаводагии хешро дошта, онҳоро пос медорад, барои узви нави оила, аз ҷумла ба келин ё домод, риояи ин меъёрҳо заруру ҳатмӣ мегардад. Доналд Винникотт - таҳлилгари равонӣ, психоаналитики маъруфи бритонӣ, менигорад, ки фаҳмише чун никоҳ мавҷуд набуда, балки ду шахси аз оилаҳои худ ҳар кадоме ҷудо баромада мехоҳанд, ки тарафи дигарро ба арзишҳои оилавии худ муносиб ҳамроҳ намояд, аз ин рӯ, ба таври рамзӣ метавон гуфт, ки дар сари дастархон на ду кас, балки гӯё шаш нафар (ғайри зану шавҳар боз зодмандони онҳо, яъне чор нафари дигар) нишастааст.

 Агар дар як хона ё оила ҳама, аз ҷумла оилаи нав, якҷоя бошанд, пас чӣ тавр сулҳу оромиро бояд нигоҳ дошт?

 Дар ин сурат, дар оилаҳои суннатӣ, пеш аз ҳама, созиш мавҷуд буда, уҳдадориҳои тарафайн бояд муайяну аниқ гарданд. Хусусан, ду кадбону (хушдоман ва келин) дар баъзе вақт дар ошхона ҷой гирифта наметавонанд, аз ин рӯ, ба вақти омода кардани хӯрок ё пухтани нон ҷанҷолу норозигӣ ба амал омаданаш мумкин аст. Агар хушдоман хоҳони доимо тайёр кардани маводи ғизоиро дошта бошад, пас ӯ бояд ҳокими ошхона боқӣ монад. Ба якдигар муросо кардан даркор, хушдоман на ҳама вақт ба хӯрокҳои тайёркардаи келин эрод гирад, ҳарчанд шӯру тунд бошад ҳам, хушдоман, ки таҷрибадор аст, бояд оромона худро нигоҳ дошта, хомӯш монад.

 

Жанри классикӣ: хушдоман хонаро тозаю озода карду келин бошад онро ба тарзи худ анҷом дод, чӣ бояд кард?

 Албатта, дар ин маврид келин андеша дорад, ки ӯ ин корҳоро аз модари шавҳараш беҳтар мекунаду ғайр аз ин «ҳудуди худро» аз ишғолгар (хушдоман) ҳифз карда метавонад. Агар хушдоман ҳам чунин амал кунад ё чунин фикр дошта бошад, пас ӯ дар симои келин душмани хатарнокро эҳсос мекунаду рақобат бардавом мегардад.

 Аммо тарбияи фарзандон низ муҳим аст…

Далели аз ҳама муҳими хушдоман чунин буда метавонад: «Маҳз ман шавҳар (ё зан)-и туро тарбия карда, ҳамчун инсон ба воя расондам. Пас, чаро тарбияи наберагонро ман ба уҳда нагирам? Ва ё чаро ба ман тарбияи онҳоро бовар карда наметавонед?» Беҳтараш дар чунин маврид ҷавоб дода шавад: «Сари таъзим ба Шумо, доштани чунин ганҷ бешак хушбахтист. Ва ман бо иҷозати Шумо ва бо истифода аз таҷрибаи Шумо мехоҳам тарбияи фарзандонро ба уҳда гирифта, кори Шуморо андаке осон намоям». Агар чунин муносибат ва ҳолат ҷой нагирад, пас, ҳатто метавон сари як дона қанду шириние ҷанҷоли калоне барпо шуда, дилсардӣ афзояд.

Дар нигоҳ доштани муносибати неки оилавӣ ва барои оромию сулҳ коршиносон чанд маслиҳат медиҳанд, аз ҷумла дар муноқишаҳои оилавӣ ҷалби иттифоқчӣ ё хешу ақрабо ба хотири фишор овардан ба шавҳар ё зан зарур набуда, ҷанҷол бояд танҳо байни ду кас ором ҳал шаваду мушкилӣ бартараф гардад. Ба вақти ҷанҷол ба якдигар таъна задан даркор нест, хусусан бад кардани тарафе аз модару падари ҳамдигару гузаштаи якдигар.

Агар дар оиладорӣ ҷанҷолҳо ба миён наоянду муошират дар дараҷаи олӣ сурат нагирад ҳам, муносибатро ҳадди ақал дар сатҳи муътадил нигоҳ доред. Таҳаммулпазирӣ дар оиладорӣ шарти муҳими хушбахтист.

Сабзаалӣ АСОЗОДА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон