БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Шукӯҳи либоси миллӣ

Фарҳанг

Либоси миллӣ муаррифгари халқу миллат аст. Аз ин рӯ, имрӯз духтарону бонувон барои ба бар кардани либоси миллӣ аҳамият ва баҳри эҳёи ҳунарҳои мардумӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, симои зан-модари тоҷик бо сарулибоси хосаву зебо, ки аҳуроист, пеши назар ҷилвагар мешавад.

Солҳои охир як раванди манфӣ дар ҷомеа зиёд шуд, ин ҳам ба бар намудани либосҳои халқҳои бегона, аз ҷумла, сиёҳпӯшӣ байни занон роиҷ гардид. Зеро робита ва равуо ба дигар кишварҳо хеле равнақ ёфт, тарзи либоспӯшии мардуми ин кишварҳо байни бонувони мо як шӯре ба миён овард. Баъзе аз ҷавонон ва, ҳатто, бархе аз наврасон ба ин намуди либос тақлид карданд. Дар ҷумҳурӣ мағозаҳои зиёде амал менамуданд, ки либосҳои дигар кишварҳо, хосса, мӯдҳои навро зуд-зуд пешкаши ҷавонону наврасон гардонда, бозори худро ба қавле «метасфонданд».

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид месозанд, ки: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ, агар давлатеро аз байн бурданӣ шаванд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро маҳв мекунанд».

Иддае аз бонувон, дар баробари пӯшидани либосҳои ғайр, хосса либосҳои мардуми мамолики араб, чунин андеша доранд, ки гӯё эшон ба ин васила талаботи шариати дини мубини исломро риоя менамоянд. Бояд гуфт, ки гузаштагони мо, бибию момоҳо бо либосҳои тоҷикӣ ба сар рӯймоли калон (сарбагир мегуфтанд он замон) мепартофтанд, ки пӯшидаву муаддабона буд.

Хушбахтона, бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон духтарону бонувони тоҷик ба ҳунару ҳунармандӣ рӯ оварда, имрӯз гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, бахусус бофтани матоъҳои зебои миллӣ – атласу адрас, чакандӯзиро такмил медиҳанд. Агар аз як ҷониб он ба эҳёи ҳунарҳои миллии тоҷикон замина гузорад, аз тарафи дигар, баҳри баланд бардоштани иқтисодиёти тамоми хонавода мусоидат менамояд.

Боиси шодмонист, ки рӯзҳои охир дар фазои иҷтимоии кишвар бонувон бо пешниҳодҳои наҷиб баромад намуда, изҳор медоранд, ки бояд имрӯз мо либосҳои миллии арӯсиро низ манзури омма гардонем. Дар толорҳои арӯсӣ ба ҷои куртаи сафеди аврупоӣ либоси арӯсии миллӣ бояд зиёд гашта, тарроҳону ҳунармандон барои пешниҳоди беҳтарин либоси миллӣ байни ҳам сабқат намоянд.

Имрӯз ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии аксари ҷавонони кишвар хеле боло гардидааст ва ин пешниҳодро қабул намуда, баҳри амалӣ шудани он кӯшиш хоҳанд кард.

Шоёни зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ либосҳои миллии занона, ки аз матои атласу чакан дӯхта мешаванд, дар арсаи ҷаҳонӣ фарҳанги миллати моро муаррифӣ намуда, бо ҷилои тоза вориди бозори истеъмолӣ мегарданд. Имрӯз ҳар як бонуи тоҷик андешае дорад, ки либоси худро ба сокинони хориҷӣ ва ба воситаи либос фарҳанги миллати хешро ба давлатҳои бегона новобаста аз аслу нажод муаррифӣ намояд. Ин шаҳодати онро дорад, ки дар вуҷуди бонувони тоҷик муҳаббат ба Ватан, фарҳанги миллӣ ҷӯш мезанад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш таъкид медоранд, ки мо бояд ба урфу одатҳои бегона тақлид накунем. Имрӯз дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди Миллӣ ба либоси миллӣ низ эҳтиром гузошта шавад.

Сардори раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршеда Хоҷаева изҳор менамояд, ки пӯшидани либоси миллӣ шиддати воридшавии либосҳои бегонаро ба мамлакат паст менамояд. Беҳуда либосро муаррифгари давлат ва миллат нагуфтаанд. Ӯ, ҳамчунин, таъкид намуд, ки баъди эълон гардидани маъракаи «Тоҷикона мепӯшем» дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон ба тасвиб расид. Дастурамал хусусияти тавсиявӣ дошта, он барои ба танзим даровардани тарзи либоспӯшии тарҳи миллидошта ва тарғиби он пешниҳод гардидааст. Гуфтан бамаврид аст, ки анъанаи «Тоҷикона мепӯшем» аз соли 2018 то ин дам амал карда, дар тавсияномаи он мазмунан чунин оварда шудааст: «Барои духтарон ва занон пӯшидани либос ва рӯймоли сиёҳ, сатр ва ҳиҷоп, либоси нимбараҳнаи (миниюбка) декалте, топик, куртаҳои нафису тунук, ки ба саломатӣ зарар дорад, тавсия дода намешаванд».

Дар ҳақиқат, вақте ки бонуи тоҷик дар бар либоси миллӣ дорад, ба назар дилбартар ва ҷозибаноктар метобад ва ҳусну латофаташ ҷаззобтар ба назар мерасад. Яке аз машҳуртарин тарзи ороиши либоси анъанавӣ ин зардӯзӣ мебошад. Дигар намуди ороиши пироҳани анъанавии чакан аст, ки он аз матоъҳои шоҳии сафед, сурх, сабз, зард, сатини сурх бо риштаҳои ранга ба амал меояд. Либоси миллӣ яке аз қисмҳои асосии фарҳанг ба шумор меравад. Дар садаи нав моро ҷаҳониён ба воситаи фарҳанги бою ғаниамон ва ҷузъиётҳои он мешиносанд. Либоси миллӣ низ ҷузъе аз фарҳанги миллии мост, ки он таърихи тулонии ташаккули худро доро аст.

Дар тули асрҳо новобаста аз тазодҳои нангини аз ҷониби аҷнабиён ба сари миллати мо омада, либоси миллии тоҷик зебоиву шукӯҳи худро гум накарда, балки боз тобиши накҳатборро ба худ гирифтааст. Бо гузашти солҳо имрӯз шаҳомату зебоии либосҳои миллии тоҷикон сарҳаднопазир буда, тасхиркунандаи қалби Осиёву Африқо, Амрикову Аврупо гардидааст. Шодовар ин аст, ки ниҳоди фарҳангиву маънавии Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО аз хонаи тамаддуни фарҳанги ҷаҳон Парижи Фаронса бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чакани тоҷикро аз зумраи ёдгориҳои беназири фарҳангии ҷаҳонгир эътироф кард.

Дигаре матоъҳои атлас, адрас, заратлас ва хон­атлас аст. Атлас як навъи матои абрешимӣ буда, дорои хосияти хуби гигиенӣ мебошад. Имрӯз бонувони мо бештар ба либосҳои гулдӯзии чакану атласу адрас таваҷҷуҳ намуда, ба ҷаҳониён иброз медоранд, ки тоҷикон таърихи бою қадима дошта, ҳар як пироҳани ба барнамудаи онҳо низ таърихи чандҳазорсола дорад.

Фарангис Маҳмудова, устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон, дар яке аз навиштаҳои хеш андешаи худро чунин иброз медорад: «Пӯшидани либоси миллӣ барои нигоҳдорӣ ва ёддошти фарҳанги миллӣ мусоидат мекунад. Хушбахтона, солҳои соҳибистиқлолии кишвар сарулибосҳои миллии занона, ки аз матои атласу адрасу чакан дӯхта мешаванд, дар арсаи ҷаҳонӣ фарҳангу миллати тоҷикро муаррифӣ намуда, бо ҷилои тоза ба бозори истеъмолӣ ворид гардидаанд».

Ҳар як халқу миллатро маҳз фарҳанги волояш муаррифӣ месозад. Миллати тоҷик низ ҳамчун миллати куҳанбунёду тамаддунофар дар ҷаҳон дорои мавқеъ ва манзалати хос мебошад. Фарҳанги волои тоҷикон дар либосҳои чун пари товус рангоранги мардуми он, хусусан, бонувони зебо ва зебопарасташ таҷассум ёфтааст.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

вилояти Суғд

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон