БОЙГОНӢ
« Октябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | 31 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Иншооти муҳташами таърихӣ
ФарҳангДавоми 33 соли даврони соҳибистиқлолӣ халқи тоҷик тавонист ёдгориҳои таърихии худро, ки садсолаҳо дар ҳолати харобшавӣ қарор доштанд, барқарор ва муқаддасоти мардуми тоҷикро ҳифз ва нигаҳ доранд.
Яке аз чунин иншооти таърихӣ Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» аст, ки 11-уми апрели соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз эҳё ва барқарорсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъмир ёфта, ҷиҳати эҳё ва барқарорсозии иншооти муҳташами таърихӣ мутахассисони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, бостоншиносону таърихнигорон, этнографҳо ва ҳунармандони забардаст ҳиссаи басо арзанда гузоштанд.
Шоёни зикр аст, ки Маҷмааи мазкур пас аз навсозӣ ба худ симои муҳташамро гирифтааст ва онро ҳар рӯзу ҳар соат меҳмонони зиёди ватаниву хориҷӣ дидан намуда, аз таърихи бою пурғановати мардуми тоҷик огаҳ мешаванд.
Баробари ворид гардидан ба Маҷмаа касро ҳиссиёти гуворое фаро мегирад. Дар ду тарафи даромадгоҳи «Қалъаи Хуҷанд» чандин дуконҳои ҳунармандӣ ҷойгир аст, ки шахсро бо таърихи мардуми тоҷик дар даврони қадим ва имрӯз шинос менамояд. Ҳамзамон, растаҳои ҳунармандон, дуконҳои Зафарҷон Юсуфӣ ва Салимабону Каримова низ дар ин ҷо воқеанд, ки маҳсули дасти онҳо аз қолинҳои хушбофт, навъҳои гуногуни гулдӯзиву зардӯзӣ, либосҳои миллӣ иборат буда, ба намоиш гузошта шудаанд. Ҳунарманди чирадасти даврон Зафарҷон Юсуфӣ тули 15 сол аст, ки ба қолинбофӣ машғул буда, аз дубора зинда шудани макони таърихӣ хушнуд аст.
Барои онҳо яке аз ҳавлиҳои ҳунармандони маҳаллаи қадимаи шаҳр, ки дар дохили қалъа ҷой дорад, ҷудо шудааст, ки дар он ҷо дастгоҳҳои қолинбофиро фароҳам оварда, корҳои истеҳсолиро оғоз карданд. Ҳоло панҷ нафар ба бофтани қолинҳои дастӣ масруф аст ва ният доранд, ки то 15 - 20 нафарро ба кор ҷалб созанд.
Салимабону Каримова низ яке аз ҳунармандони шинохта буда, гулдӯзию зардӯзиҳои зебою нафисро ба фурӯш баровардааст. Таърихи эҷоди мусавварае, ки дар он роҳбарони кишварҳои ба ҳам дӯсту ҳамсоя - Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ҷомаи зардӯзии тоҷикӣ мунъакис шудаанд, барояш ҳаяҷонбахш аст. Соли 2017 ҳангоми фестивале дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҷомаи зардӯзии тоҷикии ӯро бо рамзи эҳтиром ба бар карда буданд. Баъдан, бонуи ҳунар ин лаҳзаи таърихиро дар шакли як лавҳаи зебову пурнур моҳирона қаламкашӣ кард. Вай фикр дорад, ки ҳунару фарҳанг марзҳоро намешиносанд, халқҳоро ба ҳам наздик мекунанд.
Эҳё ва барқарорсозии Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» ҳунарваронро беш аз пеш шоду мамнун сохтааст.
Мо метавонем дар чунин марказҳои фарҳангиву ҳунарӣ эҷоду офариниши худро муаррифӣ карда, барои рушду нумӯи ҳунарҳои дастӣ ҳисса гузорем. Ҳунарҳои гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, қуббадӯзӣ ва нақшдӯзиро ривоҷу равнақ диҳем. Солҳои пеш дар дукони зардӯзии худ ба беш аз 300 нафар бонуи ҷавон ҳунари зардӯзиро омӯзонда будам. Имрӯз имконият ҳаст, ки ба насли нав низ ҳунарҳои миллиро биомӯзонем, – изҳор намуд узви Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон Салимабону Каримова.
Яке аз биноҳое, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозад, ин бинои муҳташаму мунаққаши толорҳои намоишии таъриху фарҳанги халқи тоҷик аст, ки дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазору 365 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Дар 5 толори намоишӣ, ки санъати миллии меъмории тоҷик, ба монанди кандакорӣ, наққошӣ, кундалкорӣ, коркарди бадеии чӯб, санг, гаҷкорӣ, кошинкорӣ, буриш ва ғайра устодона корбаст шудаанд, ҳар бинандаро мафтуни олами зебои ҳунару фарҳанг месозанд.
Дар толори «Ҳавзаи илмӣ-адабии Хуҷанд», ки низ бо санъати наққошӣ оро ёфтааст, пиромуни ҳаёт ва фаъолияти олимони шаҳри Хуҷанд, шоирони номвари тоҷик ва ҳунармандони машҳур маълумот додаанд. Хосса, дар хусуси фаъолияти илмии мунаҷҷим ва ҷуғрофияшинос Мирфаёзи Хуҷандӣ, ки аввалин маротиба дар Осиёи Миёна глобусро ихтироъ кардааст, диққат мерабояд.
Дар толори «Истиқлоли Тоҷикистон» ҳунармандон Даврон Раҳматзод ва Мунира Турсунова барелйеф, ки яке аз қолабҳои санъати муҷассамасозӣ аст, эҷод кардаанд. Асар пурмуҳтаво буда, фарогири санаву рӯйдодҳои таърихӣ, эълон гардидани Эъломияи Истиқлолият фарогири давраҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, раванди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат мебошад.
Дар қисми шимолу шарқии қалъа маҳаллаи Хуҷанди қадима ҷойгир аст, ки дар он 8 ҳавлии ҳунармандон ҷойгир шудааст. Намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд асосан бо маслиҳату тавсияи этнографҳо бунёд шудааст. Хонаҳо пурра бо масолеҳи табиӣ, аз ҷумла лойу гил ва чӯб сохта шуда, дарвоза, сутун ва сақфи онҳо кандакорӣ ва наққошӣ шудаанд. Дар ин ҳавлиҳо ҳунармандон пешаву ҳунарҳои хаттотӣ, кундалнигорӣ, рассомӣ, наққошӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, дуредгарӣ, дӯзандагӣ, сангтарошиву оҳангарӣ ва кулолиро ривоҷу равнақ медиҳанд.
Ҳамзамон, ҳаммом, меҳмонхона ва чойхонаи миллии «Қалъаи Хуҷанд» низ ба таври қадима, хеле моҳирона сохта шудаанд. Дидани зебоии ду фаввораи калон ва чор суҳбаткадаи чӯбӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони чирадасти шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо сабку услуби бемисл сохта шудаанд, ҳар бинандаро ба ваҷд меоранд.
Воқеан, муассисаи мазкур шаҳракест, ки дар он иншооти фарҳангу таърихи қадим ва бунёдкору эҷодгар будани миллати тоҷикро бо чашми сар метавон дид.
Эҳёи Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» як қадами устувор барои посдории таърих ва тамаддуни миллати тоҷик буда, туҳфаи арзишманде ба истиқболи Ҷашни пуршукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,
вилояти Суғд