БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Олиҳаи ҳунар

Фарҳанг

«Маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ мерасонад. Агар модар китобхон, бомаърифат, боиффат ва дониши мукаммал дошта бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарро дар худ парвариш медиҳанду ба модарашон пайравӣ мекунанд». Ин гуфтаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ба шарофати сиёсати оқилонаашон имрӯз дар Тоҷикистон сафи бонувони бомаърифату соҳибфарҳанг ва ҳунарманду соҳибзавқ зиёд мегардад. Яке аз онҳо омӯзгори МТМУ № 58-и шаҳри Душанбе Руқия Шарифова аст.

Руқиябону хатмкардаи шуъбаи маданӣ-равшаннамоии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, аз хурдӣ на як орзу, балки ҳавасҳои зиёдеро дар дил мепарварид. Бори нахуст, ки мактаб рафт, ҳушу ёди ӯро омӯзгори аввалинаш - зани ниҳоят ҳалиму хоксор Хосият Бойназарова бурд. Меҳри модарона, маҳорати зебои суханварӣ, дар ҳисобу китоб мумтоз, ҳусну хатти зебояш зуд ба дили ӯ маъво ёфт. Ва орзу мекард, ки оянда омӯзгор шавад. Дар синфи 5-ум роҳбарии синфро муаллими дигар - Назира Орзуева ба уҳда гирифт, ки аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба мактаббачагон дарс мегуфт. Руқия дар мизи пеш менишаст ва ба чеҳраи гарму нурпош, миҷгонҳои дароз, абрувони сиёҳ, мӯйҳои майдабофӣ ва қадду қомати зебои омӯзгор, ки ҳамеша бо либосҳои миллӣ ва тоқии зардӯзӣ пероста буд, бо ҳавас менигарист ва ба худ мегуфт, ки омӯзгори фанни забону адабиёти тоҷик хоҳад шуд.

Вақте ба бемористон мерафт, табибони хилъати сафедпӯшро медид, ҳаваси духтур будан дар қалбаш мавҷ мезад. Вақте дар телевизион бо завқ ба хиромиданҳои гулдухтарони ансанбли «Лола» диққат медод, дар дилаш шавқу рағбат ба рақси миллӣ ҷӯш мезад. Ҳавас дошт, ки мисли ҳунармандони шинохта - Малика Қаландарова, Гавҳар Мирҷумъаева, Шарофат Рашидова, Элзара Ҳасанова, Зебо Аминзода ва Ҳалима Эркаева арғуштҳои зебо равад ва дар хона рӯ ба рӯи оинаи барқад ҳаракатҳои мавзуни онҳоро тақлид мекард.

Дар ин росто, шавқи зиёде ба санъати тасвириву наққошӣ дошт ва расмҳои кашидаи худро ба барномаи «Расмкаширо омӯзед» - ба студияи телевизион мефиристод. Вақте ҳунари худро аз тариқи телевизион медид, мефахриду меболид. Фориғ аз дарсу ёрӣ ба модар ба дунёи синамо ғарқ мегашт ва ҳамроҳи ҳунармандони мумтоз гоҳо механдиду гоҳо ашк мерехт ва ғайриихтиёр мехост ҳунарманди синамо бошад. Аз шавқу шӯри зиёд гоҳо дар саҳнаҳои мактабӣ нақш мебозид. Аммо гоҳе, ки ба нутқи фасеҳу равони ровиёни барномаи «Ахбор» диққат медод, саъй мекард, ки каломи ӯ низ ширину шево бошад ва ба дунёи ровиёни телевизион ва радио раҳ ёбад.

Руқия Шарифова бо зикри орзуҳои дерини кӯдакӣ нарм табассум карда, иқрор омад, ки ҳама касб барои инсон, хосса омӯзгорон зарур аст, ки гоҳо дар зиндагӣ ва гоҳо дар фаъолияти меҳнатӣ ба кор омадаанд. Ӯ ҳам дӯзандагӣ мекарду ҳам дар мактаб дарс мегуфт. Байни шогирдон гоҳо наттоқ, гоҳо рассом, гоҳе ҳунарманд буду гоҳе мехиромид. Ҳине, ки дар чорабиниҳои мактабӣ ҳаракатҳои мавзун анҷом медиҳад, диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб карда, ба олами зебои ҳунар пайванд месозад.

Мегӯянд, ки ба як шахс чил ҳунар кам аст. Руқиябону аз зумраи нафаронест, ки ба қавле панҷ-панҷааш ҳунар аст. Ҳунарҳои нақшкашӣ, рассомӣ, тарроҳӣ, ороишгарӣ, дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, бофандагӣ ва дӯхти пироҳанҳои чаканро бо маҳорати баланд иҷро менамояд. Дар ин росто, мақола, шеър, тарона ва ҳикоя низ эҷод мекунад. Ӯ ҳоло дар МТМУ № 58 омӯзгори фанни нақшакашӣ ва санъати тасвирӣ буда, ҳамзамон, раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи муассиса аст. Соли 2023 аз тарафи иттифоқи касабаи маорифи шаҳри Душанбе дар озмуни «Модар - сарчашмаи ҳайёт» иштирок кард. Мақолаи ӯро сазовори ҷойи якум дониста, бо туҳфа ва диплом қадр намуданд.

 

Руқия Шарифова тақдири худро ба таълиму тарбияи шогирдон пайваст. Омӯзгорӣ, агарчи касби душвору заҳматталаб аст, шарафу савоби бузургеро дар худ дорад. Бо дили гарм, бо меҳру муҳаббат ва бо маданияту маърифати баланд бо хурду калон муомила карда, ҳамроҳу роздон ва ҳақҷӯву ҳақгӯст. Нутқи равону андешаҳои созандаи ӯ далолат аз он медиҳанд, ки зиёд мехонаду эҷод менамояд.

Инсони хоксору самимӣ, эҷоди каломи мавзунаш бозгӯи қалби зебою нозуки ӯянд. Ин олиҳаи ҳусн, ин бонуи хуштолеъ оилаи обод дораду соҳиби чор гулдухтари зебост. Духтаронаш Озода, Матлуба, Ҳодиса ва Замира чун модар чолоку ҳунарманданд. Онҳо аз уҳдаи тарроҳӣ, ороиши матоъ, дӯхтани куртаҳои аврупоиву миллӣ, аз ҷумла чакандӯзӣ ба хубӣ мебароянд. Матлуба касби дӯзандагиро интихоб намуда, Омӯзишгоҳи дӯзандагии № 33-и шаҳри Душанберо хатм карда, солҳои зиёд дар ин боргоҳи ҳунар ҳамчун устои таълими истеҳсолӣ фаъолият бурдааст.

Озодаю Ҳодиса низ дар ҳунар пайравони модаранд ва мизоҷони зиёде доранд. Ин оиларо шиносону пайвандон чун оилаи ҳунармандон мешиносанд.

Руқия Шарифова ҳунарҳои зиёдеро балад аст, ҳамчунин, суруду тарона хонда, оҳанг низ эҷод менамояд. Эҷод дунёи пуршӯри ӯст ва дар ин раҳ мехоҳад ҳам шеър, ҳам ҳикоя ва ҳам мақолаҳои пурмуҳтаво рӯйи авроқ резаду ҷаҳони маънавии шогирдонро ғанӣ гардонад. Мисли мисраъҳои сароидааш:

«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»,

 Ҷаҳони маънавӣ андар китоб аст.

Ҳама фазлу фазилатҳои инсон,

Фузун бар ақлу дониш з-ин китоб аст…

Латифамоҳ РАҲМОНОВА,

омӯзгор

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон