БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Сайре дар олами маърифат

Фарҳанг

Овони кӯдакии Сайрам дар мулки хушбоду ҳаво ва зебоманзаре гузашт, ки он ба диёри афсонавӣ шабоҳат дошт. Байни шаш фарзанди падар ягона духтар буд. Тинати мардонагиро аз падару бародарон ва назокату нафосати занонаро аз модар омӯхт. Дар оила ҳама ба ҳамдигар тифоқ буданду эҳтиром дар мадди аввал меистод. Одамони гирду атроф ҳама якдигарро мешинохтанду ҳаққу ҳамсоя ба дарду шодии ҳам шарик буданд.

Сайрам Муҳиддинова 16 – уми марти соли 1966 дар деҳаи Рохарви ноҳияи Ванҷ, дар оилаи муаллими фанни физика-математика Ғайрат Муҳиддинов ва мураббияи боғча Назармоҳ ба дунё омадааст. Сайрам дарси ҳалолкорӣ ва озодагиро аз волидон омӯхт. Падараш шахси ростқавлу росткору хоксор, фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намуд. Модараш лаҳзаҳои фориғ аз кор ба пухтупазу ҷомашӯӣ ва нонбандиву тарбияи шаш шоҳписар ва як гулдухтар банд мешуд. Ҳамчун кадбонуи хубу чевари моҳир ва зани тамизкор дар гирду атроф ном бароварда буд.

Аз кӯдакӣ ба хондани китоб меҳри беандоза доштам, зеро падарам шавқу рағбати китобхониро дар дили мо ҷо карда буд. Сарфи назар аз кору ташвиши рӯзгор, падар ва модарам ҳар шаб вақт меёфтанд, ки ба фарзандон афсонаву ҳикояҳо нақл кунанд. Падарам аз хурдӣ мудом насиҳат мекард, ки китобхонӣ рамзи одамдӯстӣ буда, мутолааи он ба шахс қувват мебахшад,- иброз дошт Сайрамбону.

Дар майдончаи ҳавлиашон кӯдакони ҳамсоя ва бародаронашро ҷамъ меоварду бо лаҳни ширину кӯдакӣ афсонаву ривоятҳои хондаашро як-як нақл мекард. Дӯстрӯякон бо завқи хосса нақлҳояшро гӯш мекарданд. Мекӯшид то ҳар рӯз китобчаҳои афсонаву ҳикояҳои нав ба нав дастрас намояд.

Ин духтараки китобхонро армону ҳавасҳои даврони кӯдакӣ ниҳоят ба факултаи китобдории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода овард. Падару модар шавқу кӯшишҳояшро дида, ӯро барои давом додани таҳсил дуо доданд. Сайрам Донишкадаро хатм намуда, бо сари баланд ба ноҳия баргашт. Як муддат китобдори китобхона ва баъдан директори китобхонаи марказӣ буд.

Талошҳои зодмандон барабас нарафтанд ва ҳама фарзандон соҳиби маълумот гардида, дар ҷодаҳои гуногун фаъолият доранд.

 Танҳо пас аз хонадор шуданам ба пойтахт омада фаъолиятро дар Китобхонаи миллӣ оғоз намуда, то вазифаи муовини сардори шуъба бо муштариён ва ҳам сардори шуъба кор кардам. Агар чарх боз ақиб гардад, аз нав ҳамин пешаро интихоб менамоям, - мегӯяд китобдор Сайрамбону.

Китоб ганҷинаи сухан ва илму дониш ба шумор меравад, хондани пайвастаи он ба одамон ғизои маънавӣ мебахшад, боиси оромии руҳ мегардад…

Пешаи китобдорӣ ба назар осону сабук намояд ҳам, дар асл кори хеле заҳматталаб аст. Ӯ мекӯшад вақтҳои фориғ барои рушду камолоти маънавии шогирдон, дили онҳоро ба китобхонӣ гарм созад. Сайрам дар ин ҷода масъулиятшинос аст ва шогирдони зиёдаш дар китобхонаҳо фаъолияти шоиста доранд.

Бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади аз худ кардани гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ба ҳар як оилаи тоҷик китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров тақдим гардид. Бо мақсади аз худ кардани гузаштаи пур­ифтихори худ, бояд ҳар як сокини кишвар барои баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ин китобро мутолаа намояд, - мегӯяд бо ифтихор Сайрам Муҳиддинова.

 

-Хушоянд аст, ки имрӯзҳо барои ҷалби ҷавонону наврасони кишвар ба китобхонӣ ва пайдо намудани завқи онҳо Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва дигар озмунҳо роҳандозӣ шудаанд, ки рӯз аз рӯз сафи хонандагони китобхона зиёд мешавад. Ҳадаф аз ин озмунҳо ҷалб намудани таваҷҷуҳи кӯдакону наврасон ба китобу китобхонӣ мебошад. Ба ғайр аз хонандагони дохилӣ боз хонандагони хориҷӣ низ пайваста аз ин махзани илму дониш дидан менамоянд. Ҳатто волидон ҳамроҳи фарзандон дар рӯзҳои истироҳат барои китобхонӣ меоянд, аз он хеле шод мегардам,- меболад бонуи маърифатпарвар.

Ҳар он чизе, ки дар зиндагӣ дарёфтам, аз китобхонии зиёд буд. Китобхониро бояд аз хурдсолӣ дар дили кӯдак ҷо намуд. Бисёр хуб мебуд, ки падару модар пайваста бо фарзандон китоб мутолиа намоянд, то онҳо китобхониро ёд бигиранд, сармашқи кори доимии худ донанд, - меафзояд Сайрам Муҳиддинова.

Мадина БАЛАҶОНОВА

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон