БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Шукӯҳи боғи Фирдавсӣ

Фарҳанг

Ҳар нафар, баъд аз заҳмати рӯзона ё дарсу машғулият мехоҳад даме фароғат дошта бошад ва ин лаҳзаҳои фориғро лаби дарёву чашма, канори ҷӯю шаршара, миёни гулу себарга ва сояи туту чанору маҷнунбед сипарӣ намудан бас ҳаловате дорад. Айни ҳамин хушу шодию нишотро шоме дар ҳавзаи Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» дида, тозаву озода будани ҳар гӯшаи ин боғи сарсабзу хуррам хушам омаду ният кардам, ки фардо ё рӯзи дигаре аз наздик бо масъулинаш дари суҳбат во кунем.

  Саидакбар Самадзода, директори тозатаъини муассиса, аз нияти мо хурсанд шуда бошад ҳам, бо сабаби навкор буданаш рӯи вазифа намехоҳад худ ин боғи шукуфоро муаррифӣ намояд. Ӯ ихтиёрро ба мо медиҳад, то ҳар чиро ки мебинему хушоянд аст, тавсиф созем.…Ҳанӯз ҳавои субҳона аз боғ нарафтааст. Чашми рӯз нав кушодаву Офтоб ҳоло қад накашида буду аз ҳар ҷониби боғ фаввораҳои хурдакак ҷавлон зада, обро рӯйи гулу гулхонаҳо ва майсазор пош медоданд. Албатта, ин фавворачаҳо ҳавои боғро салқину муаттар нигоҳ медоштанд. Бо ризояти директори соҳибфарҳанги боғ яке аз масъулони маъмурият ва собиқадори муассиса Нуринисо Мирсайидова моро дар гулу гулгаштҳои боғ роҳбаладӣ намуд.

Ин ҳамон боғе аст, ки бо қарори Кумитаи иҷроияи Шурои вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 6-уми июни соли 1973 таъсис ёфта, ба худ номи Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» - ро гирифта буд. Аз бунёд то ҳанӯз зиёд чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва ноҳияи Марказӣ (ҳозира Фирдавсӣ)-и шаҳри Душанбе дар ҳамин майдони хушбоду ҳаво доир мегашту ҳаводорони базму тарабро ба худ ҷалб мекард.

Бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз моҳи ноябри соли 2017 боғи мазкур ба Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» табдили ном кард. Наздики як сол дар муассиса корҳои азнавсозӣ бо суръати том идома ёфта, ҳазорҳо дарахтони сояафкану ороишӣ ва боровар шинонда, гулу гулгаштҳо ва майсазорони наву иншооти хизматрасон бунёд гаштанд.

Айни вақт масоҳати умумии боғ наздики 30 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 17 гектарро гулзору майсазор фаро гирифта, наздики 6 гектар дарозии наҳри дохили боғ, 6 гектари дигар бар дӯши соҳибкорони ватанӣ барои пеш бурдани фаъолияти тиҷорӣ ва хизматрасонӣ барои воридшавандагони боғ буда, боқӣ роҳраву ҷойҳои нишасту дамгирӣ мебошад. Тамоми гулу майсазор бо шабакаи наву замонавии обёрӣ муҷаҳҳаз буда, завқи ҳар нафарро болида медорад. Баъди азнавсозиҳо дар ҳудуди боғ амфитеатри замонавӣ бунёд ёфт, ки 1574 ҷойи нишаст дорад ва аксар чорабиниҳои фарҳангӣ дар ин толори барҳаво доир мегарданд.

Аснои сайру гашт дидем, ки аз ду даромадгоҳи боғ гурӯҳ-гурӯҳ ҷавонону духтаракон, модарону тифлакони дӯстрӯяк вориди боғ шуда, ҳар кадом ба худ гӯшаеро интихоб мекард.

- Сайру гашти мардум то соатҳои 22–23 давом мекунад, - мегӯяд раҳбалад Нуринисо Мирсайидова. Мавсуф меафзояд, ки солҳои охир бинобар хизматрасонии хуби кормандони муассиса сафи нафарони дар боғ сайркунанда ба маротиб афзудааст. Ҳоло андаруни ин боғи сабзу хуррам 38 намуди дарахт, аз ҷумла 2937 адад ороишӣ, 3854-то сояафкан, 275 адад мевадиҳанда ва 79 намуди гулу гулбуттаҳо дар нашъунамоянд. Соли равон бо мақсади боз ҳам сабзу хуррамгардонии ҳудуди боғ кормандони муассиса 144 дарахти ороишӣ, 170-то сояафкан, 100 адад мевадиҳанда, 15 буттадарахт ва 230165 бех гулҳои мавсимӣ шинонда, 300 метри мураббаъ замини холиро майсазор намуда, намои боғро боз ҳам диданӣ карданд.

Дар боғ товусу кабӯтарҳои рангоранг бо парвозу хиромиданҳои худ табъи тамошобинонро болида мегардонданд. Кӯдакону наврасон ва мактабиёну донишҷӯён аз хизматрасонӣ ва муомилаи хуши соҳибкорони ҳудуди боғ қаноатманд сайри худро идома медиҳанд. Ҷамъомаду чорабиниҳои паёпай дар ин мавзеи хушбоду ҳаво аз ҷониби вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шукӯҳу шаҳомати боғи Фирдавсиро боло мебаранд.

Хусусан, Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва кумитаву зерсохторҳои ин ниҳод аксари чорабиниҳои худ, аз қабили иду ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Сада ва намоиши маҳсулоти кишоварзиро дар ҳамин боғи дилрабо мегузаронанд. Барои мисол, моҳи январи соли 2023 бо иштироки масъулони МИҲД-и шаҳри Душанбе, намояндагони вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияи Фирдавсӣ Иди Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир гардид.

Моҳи феврали ҳамон сол бо дастуру супориши раиси пойтахт муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдончаи футболи муассиса бозиҳои даставии мусобиқаи футбол гузаронда шуд. Ҳамчунин, дар ҳамин моҳ Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши маҳорати ҳарбӣ ва базми идона доир намуд, ки ҳазорон тамошобин дошт. Муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ ҳамасола дар ин боғ, назди муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ ҷамъомади мактабӣ барпо намуда, наздик ба 700–800 нафар шогирдони мактабҳоро ба созмони талабагӣ қабул мекунанд.

Нуринисо Мирсайидова аз нақши бонувони коргар дар хуррамгардонии ин боғи саропо сабзу шукуфта ҳарф зада, ғамхории роҳбарияти муассисаро низ барои беҳбуд бахшидани зиндагии бонувон махсус зикр намуд. Болои музди меҳнат дар арафаи ҷашнҳо онҳо бо маводи озуқа аз ҷониби роҳбарият таъмин мешаванд. Чанд рӯз пеш бо кӯшиши Нуринисо занҳои гулпарвар барои табобату муолиҷаи якрӯза ба «Оби шифо»-и шаҳри Ваҳдат рафта, хастагии худро рафъ карданд. Роҳбари муассиса ният дорад, ки ин гуна ғамхорию дастгириҳоро дар оянда зиёдтар намуда, бо ин майли коргарон, хусусан занҳои роҳрӯбу гулпарварро барои ободонии боғ афзун намояд.

Аз суҳбат бо масъулон ва мушоҳидаҳои чандлаҳзаина дарёфтам, ки МД «Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» аз дигар маконҳои дидании пойтахт ҳеҷ камие надошта, дар қатори беҳтаринҳо рақамбандӣ мешавад. Роҳбари муассиса Саидакбар Самадзода бо тими хеш мекӯшад, то сафи ҳазорҳо мизоҷони имрӯзаи худро боз ҳам зиёдтар намуда, бо ин шукӯҳу шаҳомати боғи Фирдавсиро чун «Шоҳнома»-и безаволаш биафзояд.

Рустами НАЗИР

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон