Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Таърихи пайдоиши атриёт
ФарҳангТабиист, ки бӯи хуши атр мафтункунанда буда, кам нафароне ҳастанд, ки аз он истифода накунанд. Бахусус, бонувон, ки мӯътоду дилбастаи ашаддии накҳати хушанд, харидори асосии растаҳои атторон онҳоянд. Беҳтарин туҳфа низ барояшон атр буда, ҳар марди ошиқ мекӯшад, то беҳтарин хушбӯиро бо брендҳои хоса аз корхонаи атристеҳсолкунии ҷаҳон барои дилдодааш пайдо намояд.
Воқеан, чӣ метавонад гуворотару хуштар аз бӯи атр бошад? Аз бӯи атре, ки гоҳе хотираҳоро дар худ пинҳон доштаю гоҳе дилҳоро тасхир намуда, қалбҳоро ба ҳам мепайвандад. Сирри тасхиркунандаи таъсири атр дар чист? Чӣ хел метавонад як накҳате ё бӯи атр барои шахс хоса бошад?
Худи калимаи «атр» аз куҷо пайдо шуд? Атр аз калимаи лотинии «perfumum» гирифта шуда, маънояш «тавассути дуд» мебошад. Шояд тавассути «дуд» ё ҳубобчаҳои ҳаракаткунандаи ноаён ҷой ёфтан дар мағзҳ ва қалбҳои ҳамдигар бошад?
Пайдоиши атр дар Мисри Қадим
Аз қадим одамон ба хусусиятҳои хушбӯиҳои гуногун ва таъсири он аҳамияти хоса зоҳир менамуданд. Онро намояндагони фарҳангҳои гуногун дар расму оинҳои худ истифода мекарданд. Дар хонаҳояшон маводҳои хушбӯйкунанда истифода намуда, баъдтар, равғанҳои хушбӯйро барои мақсадҳои косметикӣ барои мӯю пӯст кор мебурданд.
Таърихи пайдоиш ва офариниши бӯи накҳат, бӯи сунъӣ ва рушди атриёт бо таҳаввулоти худи инсоният робитаи ногусастанӣ дорад. Ба таври умум эътироф шудааст, ки прототипҳои атрҳои муосир дар Мисри Қадим пайдо шудаанд.
Ривояте низ вуҷуд дорад, ки санъати атториро як зане бо номи Таппутӣ дар Байнаннаҳрайн ривоҷ додааст. Ин далелҳоро коршиносон аз лавҳаҳои хаттии мех пайдо кардаанд, ки ба ҳазораи 2-и пеш аз милод тааллуқ доранд.
Ҳамчунин, пажӯҳишҳои тадқиқотчиён собит намудааст, ки ҳангоми маросимҳои динӣ моддаҳои хушбӯйкунанда ба хотири хушбӯии муҳит сӯзонда мешуданд. Чунин эътиқод вуҷуд дошт, ки бӯи ширин ба илтифоти худоён ҷалб карда мешавад. Қувваҳои бадӣ бошанд, бемориҳо ва бадбахтиҳо бо дуди тезу тунд аз сари одам дур мегардидааст.
Ба василаи хушбӯиҳо одамон ҳатто мақом ва мавқеи худро дар ҷомеа нишон дода, ҳамин тариқ, «элита»-и иҷтимоии мисриҳо барои намоиш додани элитаҳои худ аз бӯи гули савсан истифода мекарданд. Аз атрҳои қиматбаҳо танҳо сарватмандони Миср истифода мекарданд.
АНОҲИТО