Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Зебанда туро либоси атлас
ФарҳангХуш аст, ки солҳои соҳибистиқлолӣ бонувони ноҳияи Дарвоз низ чун дигар занону духтарони шаҳру навоҳии саросари кишвар либосҳои шинам ва зебову оростаи миллӣ ба бар доранд. Ҳамаи ин пешрафти бесобиқа дар тарзи либоспӯшии миллӣ, ки ёдгоре аз ниёгон мебошад, тавассути дастгириву ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи баланд бардоштани мақом ва манзалати бонувон ба даст омадааст. Роҳбари давлат зимни сафари кориашон дар як қатор шаҳру навоҳии вилоят 12–14-уми октябри соли равон дар суханрониашон изҳор намуданд, ки либоси миллӣ ба занон ва духтарони кишвар, аз ҷумла бадахшонӣ басе ҳам зебанда мебошад.
Ба гуфти мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз Зарина Мирзозода, бисёр ҳам фараҳбахш аст, ки бонувони ноҳияи онҳо низ ба зиндагии пурнишот ва шоиста даст ёфтанд. Барои ба чунин рӯзгори пурсаодат расидан, модарону бибиҳо ва ҳафт пушти бонувони ин музофоти кӯҳистон садсолаҳо интизорӣ кашидаанд. Ба қавли устоди зиндаёд Муъмин Қаноат:
Тоҷик аз ин парвозгоҳ, омодаи парвоз буд,
Дар роҳи ёре, ёваре, як умр гӯшовоз буд.
Аз саҳифаҳои таърих маълум мегардад, ки занону духтарони ин макон низ сарфи назар аз иқлими номусоид, замонҳои пеш каму беш пунба мекоштанд. Аз нахи пахта карбос мебофтанд, онро бо як хокаи кӯҳӣ, ки замч мегуфтанд, ранг медоданд. Зинати ороишашон танҳо аз тиллову нуқра набуд. Устоҳои маҳаллӣ дар коргаҳҳои оҳангарӣ, онҳое, ки ҳунари заргарӣ доштанд, аз маъдани арзони маҳаллӣ-мис дастпона, ангуштарин ва дигар зеварҳои занона месохтанд. То солҳои наздиктарин намунаҳои онро дар дастони баъзе аз кампирҳои дарвозӣ дидан мумкин буд.
Бисёре аз бонувон дар гардан муҳраи дар ресмон кашидашуда доштанд, ки онро гулубанд мегуфтанд. Тоқӣ низ медӯхтанд. Бонувони аз даврони куҳан то ибтидои асри XX атриётро худ аз рустаниҳо омода мекарданд, дар ҷашнҳои наврӯзӣ аз тугмаҳо ҳамел сохта, дар қуртаашон медӯхтанд…
Дар ҳамон солҳои куҳан тариқи шоҳроҳи абрешим бо аспу уштурҳо молу дигар колоҳоро аз кишвари Чин ва дигар мамолики дуру наздик ба Осиёи Марказӣ меоварданд. Шохае аз ин шоҳроҳ аз дили Дарвоз мегузашт. Хонаводаҳои пулдор аз корвониёни тоҷир матоъ ва пойафзол харид мекарданд. Ҳамчунин даҳҳо нафар мардон тариқи Тангнои Дарвоз ва ағбаи Хобу Рубот ба шаҳрҳои Бухорову Самарқанд. Фарғона ва дигар ҷойҳои дур ба мардикорӣ мерафтанд. Аз он ҷойҳо барои занону духтарон ва хоҳаронашон либосворӣ, зару зевар меоварданд.
Бонувони куҳансол нақл мекарданд, ки дар замони шуравӣ ба Дарвоз матоъҳои читу сатин, шоҳӣ, рӯймолҳои пашмину заргаронӣ, калӯшу маҳсӣ ва дигар пойафзори занона ворид мегардид. Молу колоҳоро ба қадри даркорӣ аз мағозаҳо пайдо кардан мумкин буд…
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар тавассути ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бонувон ба рӯзгори хушу хуррам расиданд. Акнун ҷавондухтарону бонувони ноҳияи Дарвоз пироҳани атласу адрас ва шоҳиро ба бар мекунанд, зару зеварашон ҳам дигар шудааст. Ба дурустӣ, ки либоси миллӣ ба модарону хоҳарон ва гуларӯсаконамон басе ҳам зебанда аст.
Мавриди зикр аст, ки бонувони Дарвоз либоси бегонаро ба бар намекунанд. Ҳамчунин, таърих гувоҳ аст, ки занону духтарони Бадахшон дар ягон давру замон фаранҷипӯшу ҳиҷобпӯшу сатрпӯш набудаанд. Имрӯз низ дар интихоби либос онҳо озоданду ба аҷнабиён тақлид намекунанд. Ҳамаи онҳо акнун аз файзу баракати даврони соҳибистиқлолии кишвар, пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистони биҳишти рӯйи замин зиндагонии хушу хуррам ва осоишта дошта, аз ягон чизе камбуд надоранд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
ноҳияи Дарвоз