БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ЯЛДО: хуршеди тобон дар бағал

Фарҳанг

Чила рӯзи аввал аз моҳи даҳуми солшумории офтобӣ - Дай аст ва онро рӯзу шаби нахустини сармо ва фасли зимистон мешуморанд. Офтоб дар бурҷи Ҷаддӣ қарор мегирад. (Ворид шудан аз як бурҷ ба бурҷи дигар ҳодисаи табиӣ, вобаста ба гардиши ҷирмҳои кайҳонӣ буда, вақту соати муайян надорад. Чуноне соли 2023 Офтоб ба бурҷи Ҷаддӣ соати 08:42 дақиқа ворид гардид). Даймоҳ дар гоҳшуморӣ ва назди бузургони куҳан баргузида ва аз моҳу сифатҳои муқаддас будааст.

 Ва гуфтаанд, ки баромади «зима»-и русӣ ба Дай иртибот дорад. «Луғатномаи Деҳхудо» «Дай»-ро дар оини Зардуштӣ аз сифатҳои Аҳурамаздо ба маънои «Додор ва офаранда» шарҳ медиҳад. Пас, фаҳмиши «Додор» ба рангест, ки дар оғози Бундаҳишн омада: «Сипос (бар) додор Ҳурмузди бошукӯҳ, фараҳманд, ҳамаогоҳ, доно, тавоно (дорандаи) бартарии андешаи нек, гуфтори неку кирдори нек дар андешаву гуфтору кирдор…»

Дар гоҳномаи хуршедӣ рӯзи аввали ҳамаи моҳҳо Ҳурмуз номида мешавад. Рӯзи нахус­тини Дай низ ҳамин номро дорад ва дорои хосиятҳои нек аст, вале ҳар моҳ вобаста ба гардиши сол тағйири ҷой мекунад. Ҳурмузи моҳи Дай бо шабе рост меояд, ки бинобар хосияту аломатҳояш шаби Ялдо унвон гирифта ва оғози Чила мебошад.

Чаро Чила мегӯему Ялдо? Мешавад онҳоро ҳаммаъно ва муродифи якдигар хонем? Агар исрор намоем, ки Ялдо ҳамон Чила будааст, оё ба иштибоҳ роҳ намедиҳем? Ба ин ва дигар саволҳо дар бахш посух хоҳем гуфт. Нахуст, ки аз даврони қадим ва унвони анъанавии рӯзу шаби аввал Чила будааст. Бо гузашти асрҳо, шояд пас аз ҷойгузин шудани ислом истилоҳи Ялдо ба муомилот ворид шуд. (Бар асари сураи «Ихлос» низ ҳаст). Ва бо таъсири пажӯҳандагони Эрону Афғонистон «ялдо» дар чанд соли охир мумтоз гардид, ки тақрибан дар ҳама ҷой садо медиҳаду талқин мешавад, аммо дар забони мардуми кӯҳистон ҳамоно Чила боқист. Воқеият аст, ки ҳар ду дар миёни муҳаққиқон ва насли ҷавон роиҷ мебошанд.

Дар ин сурат, ба чанд нукта бояд рӯшанӣ андохт. Аз назари мавқеъ ва моҳият мебояд Шаби Ялдо гуфт ва оғози Чила. Агар Ялдо як шаб (баъзан се шаб устувор ба анъанаву маросими мардумӣ) бошад, пас Чила оғози марҳалаи тақсимшуда аст, ки ду моҳ (Чилаи калон 40 рӯз ва Чилаи хурд 20 рӯз) идома мекунад. Яъне, Ялдо ҳодисаи табиист, ки як шаб (дарозтарин ва зулмонӣ) умр дорад. Барои он таъкид мекунам, ки дар омӯзиши анъанаҳои халқӣ ҷузъиёт пураҳамият мемонанд. Дар ин маврид Ялдо ва Чила як ҷойгоҳ надоранд. Аз сифатҳои ториктарину шумтарин шаб, ки ба зуҳури Хуршед монеъ мешавад, Ялдо ҷудогона аст. Дар ин шаби зулмонӣ, ки архетип аст, неруҳои аҳуроӣ бо кумаки инсонҳои накухислату амалҳои ҳамида Офтобро аз қувваҳои аҳриманӣ - деву ҷинҳо мераҳонанд. Ялдо ва Чила ҳам рамзу намоданд. Чила марҳалаи муҳиместу марҳалаи наҷотбахш. Дар ин муддат Офтоб тову тавон мегирад.

Дар «Сиҳоҳу-л- фурс» омадааст, ки :«Ялдо шаберо гӯянд дар сол, ки аз он шаб дарозтар набошад ва дар охири фасли пойиз бувад, бомдодаш аввали зимистон бошад.» Сухан атрофи ҳамон шаби Ялдост, ки аз қадим бо номи оғози Чила машҳур буд. Чи адади Чил аз даврони куҳан дар миёни мардумони ориёӣ қудсӣ буд ва афзалият дошт. Мегӯянд, ки маросим аз мушоҳидаҳои ҳаштҳазорсолаи то милод бувад, ки пасон ба бунёди оини Митроизм (Меҳрпарастӣ) оид шуд. Ин ҳам аз тахминзаниҳои нокомиланд, чи одамизод басо таърихи куҳантар дорад. Ба назари банда, мебояд аз эътиқоди оташпарастӣ ибтидо гирифт.

Муҳимтар аз ҳама Чила аз ҷойгоҳи донишҳои астрономӣ падидаи хеле муҳим ба шумор рафта, дар заминаи ҳодисаи табиӣ дар як сол ду бор, тобистону зимистон такрор мешавад. Чуноне гуфта шуд, ин ҳаводисро Офтобдархона меноманд. Аз рӯйи пажӯҳиши донишмандон дар Хунзу Нагар ва Гилгит ин ҳолатро Офтобист (яъне, таваққуфи Офтоб) мегӯянд. Вале Ялдо танҳо хоси фасли дай (зимистон) будааст. Дар ҳамин шабу рӯз, ба қавли Абурайҳони Берунӣ ислоҳ дар гардиши фалак зоҳир мешавад ва онро «Иқбол ё Инқилоби Офтоб» гӯянд. Ба таъкиди донишманд, ҳамин зуҳуротро беҳтар будӣ, ки оғози сол пазируфтӣ, аз он ки рӯзи эътидолро. Зимнан, зиндагиномаи тоҷикони минтақаҳои гуногун ҳолатҳои ғалатиро ошарф мекунад. Чуноне дар охири асри Х1Х дар Читрол соли офтобие ҳукми равон дошт, ки аз Офтобисти зимис­тона оғоз мегардид.

Ин ҷо андешаи муҳол нест. Ҳама далелу дастакҳо барои мабдаи сол мавҷуд буданд. Падидаи кайҳонист, ки ба тавлиди Офтоб ва инқилоби он дар робита аст. Ба мушоҳидаи мардум аз рамузу сиришти табиат мабда шаби Ялдост ва оғози Чила, ки тавлиди Офтоб мебошад. Дар ҳама давру замон воқеа ва ҳодисаи табиӣ ё падидаи иҷтимоӣ ҳамчун мабдаи солшуморӣ пазируфта мешавад…

Ҳама давру замон таваҷҷуҳи инсон ба камию костӣ ва афзоишу нумӯи Офтоб равона мегардид. Аз эътидоли тирамоҳӣ (21–22 сентябр) то оғози Чила Офтоб мекоҳад ва неруро масраф мекунад, гармӣ надораду нур ва рӯзҳо кӯтаҳанд. Нуктаи ниҳоии костагӣ ба шаби Ялдо рост меояд. Пас аз он гардиши куллӣ рух медиҳад. Ялдо ба ҳамин падида алоқаманд буда, аз забони сурёнӣ берун омада, маънои таваллуди Хуршед­ро дорад. Аз решаи забонҳои сомӣ: юлад, мавлуд, таваллуд. Дар «Фарҳанги форсии Муин» ба маънои тавлид ва зоиш аст. Яъне, таваллуди Меҳр (Митро) дар шаби аввали зимистон, ки дарозтарин шаби сол аст. Ва эрониён ба юмни таваллуди Меҳр ин шаб ҷашне барпо кунанд.

Дар худии худ шаби Ялдо мусбату судманд нест. Чуноне ки ба бунёду ботини он назари воқеӣ андохтаанд. Ба маънои шуму наҳс, торик ва тулонисту ноумедиҳо дорад, чуноне дар ашъори Саъдӣ:

Боди осоиши гетӣ назанад бар дили танг,

Субҳи содиқ надамад, то шаби Ялдо

наравад.

Ва Носири Хусрав ба моҳияти шаб назари амиқ андохта, моро ба фаҳмишу дарки он наздик мекунад. Ӯ ба зоҳидони дурӯя, маккор, ки аз кирдорашон нафрат меафзояд, муроҷиат мекунад:

Қандил фурӯзӣ ба шаби қадр ба масҷид,

Масҷид шуда чун рӯзу дилат чун шаби Ялдо.

Дар баҳои таърих дар шаби аввали Чила (Ялдо) Офтоб зоида мешавад ва дар анҷоми он мепазад. Ва ниёгони мо онро ҷашн мегирифтанд. Мисле, ки пас аз чил рӯз гаҳворабандони тифли хандонрӯ сурат мегирад. Бо оғози неруафзоӣ, ки инқилоби Офтоб аст, бурҷашро тағйир медиҳад, рӯзҳо дароз ва миҷози хӯрданиҳо гарм мешавад. Ва ин рӯзро рӯзи Меҳр (Офтоб) мегуфтанд. Худованди Меҳр барафрӯзандаи рӯшноӣ, гармӣ, пайвандӣ, зоиш, рӯиш, меҳр, шафқат, дод ва довари бузург шумурда мешуд. Ҳар навзоде, ки дар ин мавсим тавлид мешуд, номҳои мувофиқ, ба вижа Чила ё Чилахон ном мениҳоданд.

Мешавад натиҷа гирифт, ки шаби Ялдо ва оғози Чила хосияти хонаводагӣ ва ҳамсоядорӣ дошта, бештар ба урфу одат наздик аст. Саҳнаи адои ҷашн хонаҳои мардум аст. Барояш майдони хоссае созмон намедиҳанд, магар ки хони хоси идона. Маросим ба шакли зер сурат мегирад. Дар ҳамин шаб аҳли хонадон дастархон меороянд ва дар ҳифзу васфи Офтоб то субҳ машғул мешаванд. Дар ҳуҷраҳои хосса мардон (ҳамсояву ҳамдеҳагон) гирд меоянд ва он шабро бо шунидани қиссаҳо ва базму тараб ба рӯз мебаранд. Идвораро метавон иттиҳоди хонавода, авлод ва ҳамдеҳагон баршумурд.

 

Мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар

Соли 2024 дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар баргузор шуд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат зикр намуданд, ки ҳадафи мулоқот муаррифии бештару хубтари имконияти воқеии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду давлати ба ҳам бародар мебошад. Соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, молияву бонкдорӣ ва сайёҳӣ бахшҳои афзалиятнок маънидод гардиданд.

Ҷонибек АСРОРИЁН,

пажӯҳишгар

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 26)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон