БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Чашмони чори модар

Фарҳанг

                                      ( ЭССЕ)

Ҳар боре деҳа кампири модарамро хабаргирӣ меомадам ё шаҳр пеши набераҳояш меомаданду мерафтанд, ҳини вохурӣ бо дарду ҳасрат: - Сағера, ғами дурии ту ахир маро мехӯрад, обу адо мекунад, дар барам бошӣ, ки ҳар лаҳза бинамат, аз рангу рӯят сер бошам, на ғам мехӯрам, на пир мешаваму на бемор!»,- мегуфтанд. О, як бачаи дигар мекардӣ, дар барат мемонд, на ғам мехӯрдию на пир мешудӣ, оча!–гӯён гоҳе тасалло медодаму худро сафед карданӣ мешудам.

Эҳ, сағераи беақле, о намедонӣ, ки фарзанд доди Худованд, бо Худо ҷанг карда нашава, ба ҳамин додагияш сад лак шукрона. Медиҳад ё намедиҳад, бандаи муъмин бояд шукр кунад. Туро ҳам Офаридгор бо сад зорию тавалло муяссар гардонд. Ай осмон нағалтидаӣ. Сад лак шукронаи Парвардигор ба додагиаш, баъзеҳо ба нохуни фарзанд зоранду… Худованд лоиқат набина, даҳ фарзанд ҳам дошта бошӣ, роҳат не, бало, офати ҷонат мешаванд. Не дуру не валвала, Сафари паварота бин (дар деҳаи мо се марди ҳамноманд–Сафари сев, Сафари хилват ва хонаи ӯ, ки дар сари гардиши кӯчаи асосии деҳа воқеъ буд, ба номаш «паварот» илова кардаанд), ёздаҳ фарзанд дораду дастнигари мардумай. Ёздаҳ хӯрандаю пӯшандаи дарди сар! Парвардигори карим аҳ дарди сарта набинам, илоҳам маро дар пеши пои ту бикуша Собирҷоне…, -гӯён шукрона мекарду боз ба оғӯш гирифта, мебӯиду мебӯсид.

Кору кирдору гуфтору амали модарамро, ки занҳои деҳа-момаву бибиҳои мо буданду ёдоварӣ мекарданд, фаромӯш нашудаанд. Баъд донис­там, ки то Худованди мутаол маро ҳаст кардана, оҳ, модари бечораам, чи қадар ҳасад мебурдааст ба занҳои бачадори ҳамсояву ҳамдеҳа. Бо орзуву ҳавасҳо менигаристаасту ба хости дили худ дӯстдорӣ мекардааст, бачаҳои ҳамсояву ҳамдеҳаамонро. Аз дилаш он лаҳзаҳо чӣ мегузашт, чӣ муроду ҳавасҳо дошт, худаш медонисту Парвардигор, лекин бо ҳавас ҳар кадомеро ба оғӯш гирифта, мебӯсидаасту мебӯидааст, сарҳошона дастмолу навозиш мекардааст… Шабу рӯз дар таваллои он будааст, ки Худованди кариму раҳим ба ӯ ҳам ақаллан як тухмаки нар (писар) муяссар гардонад.

Оча, барои чӣ шукронаи апаҳоям намекардӣ? Чӣ, онҳо фарзанд нестанд? Онҳоро ҳам Худо надодааст?!–таҳпурсӣ мекардам модарамро.

Эй сағераи беақлаки очае, албатта, фарзанд ҳастанд, ношукрӣ намекунам, сад лак шукр, фарзанд ҳамааш доди Худо, лекин тухми нараш (манзур писар) таноби ногусастании умри волидон, давоми умри авлодай. Агар душманат бадхоҳӣ кунад, «илоҳам таноби умрат канда шавад» мегӯяд. Яъне, ба авлодат қирон ояд. Мефаҳмӣ, ки агар пурсанд «писар ё духтари кӣ мешавӣ?», номи модаратро ба забон меорӣ ё аз падаратро. Албатта, аз падарро. Ина бин, бачам, апаҳоят дар куҷоянд?… Барои ҳамин одамони рӯзгордида мегӯянд, ки духтарро бо даҳону дандон бидорӣ ҳам, моли мардумай. Хонаи бегонаро обод мегира. Мисли харбузаҳай, ҳамин ки пухт, аз пумчааш (нофааш) ҷудо мешава. Фаҳмидӣ, бачам? - Ҳа, фаҳмидам,–гӯён, дили модарамро таскин мебахшидам.

 Одам бо одам зинда аст, ғанимат аст, дар як шаҳри калон дари роғе (кушода) намебинӣ, ки сар дарун бикунию чор гапака бизанӣ!– бетоқатӣ, бероҳатию норозигӣ баён мекарданд модарам.

Аҷаб феъли баде доранд ин мардуми шаҳр, бачам. Саҳар барвақт ранги куҳрӣ ворӣ аз хонаҳояшон мебароянду вақти говгум, торик-торики шаб дузди аламун ворӣ медароян… Мегӯӣ ба ҳамдигар душмани хундору рӯи номаҳрам доране. На салому на алек, куҳрӣ ворӣ назаршон намегирайе, қаҳрии курт. Аҷаб мардуми одамгурезан, мегӯӣ рӯшона ба намаков шустаанд. Одам бо одам зинда аст.

Ҳар боре деҳа модарамро хабаргирӣ меомадам ё вай ба шаҳр меомаду мерафт, вақти дидору вохӯрӣ ё хайрбод бо дарду алам, бо таассуфу норизоӣ:

Оҳ сағера, сағера-е, ғами ҷудоию дурии ту ахир маро мехӯра, обу адо мекуна. Дар барам бошӣ, ки ҳар лаҳза бинамат, аз рангу бӯят сер шавам, на ғам мехӯрам, на пир мешаваму на бемор,– бо ҳасрат мегуфтанд модарам…

Кору кирдору гуфтору амали модарамро, ки занҳои деҳа-момаҳову бибиҳои мо ёдоварӣ мекарданд, ки ҳанӯз ҳам фаромӯш нашудаанд. Баъд фаҳмидаам, ки то ҳаст кардани ман, оҳ модари зорам, чи қадар ғам хурдаасту ҳасад бурдааст ба занҳои бачадори ҳамсояву ҳамдеҳаамон…

Раҳми Парвардигори мо омад, зорию таваллои модари дар ҳасрати бача ба даргоҳи Ҳақ мустаҷоб гашту ба орзуяш расид:– ана, ман ба дунё омадам. Бо хоҳиши модар Собир номам мондаанд, яъне неъмати сабри ҷамилу самараи таваллову тазар­руъи чандинсола. Вақте медиду мешунид, ки занҳои ҳамсоя аз рӯи пархоши бачаҳояшон дастбагиребонанду ҳақорату рӯйканию мӯйканӣ доранд, ё номи модаронашонро гирифта, онҳоро дашному ҳақоратҳои мардона мекунанд…

Бисёриҳо орзуву ҳавасҳои модарамро шунида, завқ бурда механдидаанд ва он қавлу қасами модарам зуд аз даҳон ба даҳон гузашта, дар деҳа паҳн шудааст. Ин муноҷотро ба хотир оварда мегӯянд, ки малоикаҳо ҳавасу таманнои ҳамсояҳо, зораву таваллои модарамро шунида, омин гуфтаанду раҳми Парвардигори мо омада, он рӯз фаро расидааст:

Ана ман–Собир, ба дунё омадаам! Лекин ваъдаву қавли модарам бо мурури замон аз хотиру хаёли ҳамсояҳо фаромӯш шуда рафтааст.

Назар ба гуфти шоҳидони воқеа, тахмин чор-панҷсола будаам, ки бо бачаи шашсолаи ҳамсояи дарбадевор-Салимшо, ҳангоми бозии чиликдангал, гапҳоямон «гурехт»-у дастбагиребон шуда, очаҳои ҳамдигарро ҳай нозеб гуфтем…

Карим ДАВЛАТ,

адиб

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_12_2024_small.pdf [4.5 Mb] (зеркашиҳо: 26)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон