БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Фурӯғи ростӣ аз ҷон алам зад…

Фарҳанг

Вақти мутолааи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров чандин маротиба гирис¬там, қаҳрамонию шуҷоати халқи тоҷдор, миллати куҳанбунёди тоҷик маро ба ваҷд овард. Аз хизмати сангини онҳо, мушкили нигоҳ доштани давлати тоҷикон, ҷонбозиҳои фарзандони қаҳрамони миллат ба риққат омадам. Ифтихор кардам, ки халқи тоҷик чунин мардони майдони қаҳрамонони даврон доранд, ки барои нигоҳ доштани давлати асили тоҷик паси сангару набардҳо буданд ва то лаҳзаҳои вопасини умр шуҷоату матонати худро собит сохтанд. Бале, шукри тоҷик буданамро кардам ва ба алломаи Машриқзамин аҳсант хондам, ки чунин шоҳасарро барои мо, насли имрӯз, мерос гузоштааст.

Ин суханҳо аз забони омӯзгори собиқадор, иштирокдор ва ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - дар оинаи таърих» Муяссара Қориева садо доданд. Шоёни зикр аст, ки Озмун ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон давоми таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров -

«Тоҷикон» инъикос ёфтааст, баргузор гардид ва барои Муяссара Қориеваю садҳо нафари дигар дари дастоварду муваффақиятҳоро боз кард.

Муяссара Қориева зодаи оилаи фар¬ҳангдӯсти деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, пас аз хатми дабистон ба риштаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, пас аз хатми ин боргоҳи илму маърифат фаъолияти меҳнатии худро дар МТМУ № 54-и

зодгоҳаш оғоз кард. Омӯзгори эҷодкору навовар аст. Соли 2015 дар озмуни «Омӯзгори сол» сазовори ҷойи дуюм гардид. Соли 2022 ду шогирдаш дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид. Чор шогирди дигараш дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» то сатҳи ҷумҳурӣ баромад.

Тули 30 сол аст, ки дар ин макони илму маърифат ба «булбулакони боғи дониш» дарс мегӯяд, вуҷуди онҳоро бо пироҳани шеъру сухан зинат мебахшад, нисбат ба таърихи халқи худ низ бепарво нест. Аз хурдсолӣ ба омӯхтани таърих таваҷҷуҳ дошт. Ҳамин дилбастагӣ ва меҳру муҳаббат ба таърих буд, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - дар оинаи таърих» ширкат варзида, дониши худро санҷид. Озмун 25 – 26-уми ноябри соли 2023 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир шуд. Вай дар номинаи омӯзгорон ҷойи дувумро сазовор ва соҳиби дипломи дараҷаи 2 ва 35 ҳазор сомонӣ гардид.

Г. МАҲКАМ,

ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон