БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Бонуи аввал

Фарҳанг

Моҳи ноябри соли 2023 ба муносибати 60-солагии таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ва Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотномае таҳти унвони «Ҷоизае боэътибору баракатбор» (Душанбе, «Истеъдод», 2023, 256 саҳ.) ба нашр расида, дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯнамоӣ гардид.

Дар саҳифаи 18-уми ин қомус (як саҳифа) шарҳи ҳоли кинодраматурги советӣ Инна Филимонова мақом ёфта. Сабаби дигари ба ин мавзуъ рӯ овардан, солҷашни таъсиси ин мукофот аст. Инна Филимонова соли 1964 дар ҳайати гурӯҳи муаллифон-эҷодгарони филми ҳунарии «Бачаҳои Помир» ба Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ мушарраф гардида буд. Инак, аз он воқеаи фараҳбахш 60 сол сипарӣ мегардад.

 МУКОФОТИ ДАВЛАТИИ БА НОМИ РӮДАКӢ

Қабл аз он ки ба ин мавзуъ сари кор бигирем, зарур донистем, дар бораи Мукофоти (Ҷоизаи) давлатии ба номи Рӯдакӣ аз низомномаи он сатре чанд биафзоем.

Ҷоизаи мазкур мукофоти олии ҷумҳуриявист, ки барои комёбиҳои намоён дар соҳаҳои адабиёт, санъат ва меъморӣ дода мешуд. Он бо қарори КМ ПК Тоҷикистон ва Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 2-юми январи соли 1963 таъсис ёфт. Адади мукофот 3-то (ҳар кадом 2500 сӯм) буд.

Ба барандагони Мукофот, ҳамчунон дипломи хотиравӣ, нишони сарисинагӣ бо акси рамзи адабиёту ҳунари тоҷик – устод Рӯдакӣ тақдим мегардид.

Пас аз соҳибистиқлолии Ватан, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо ба низомномаи ҷоиза ва кумитаи он тағйироту иловаҳо ворид шуданд. Алҳол Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, ки бо пули миллӣ муодили 3500 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ҳар дафъа ба ҳафт асари арзандаи адабиёт, мусиқӣ, театр, кино, рассомӣ, меъморӣ, публитсистика ва осори сазовори ин соҳаҳо барои кӯдакон ва наврасону ҷавонон дода мешавад.

Боиси ёдоварист, ки устод Мирзо Турсунзода нахустин нафарест, ки барои достони «Ҷони ширин» (1963) ба ин мукофот сазовор гардидааст. Солҳои аввал Мукофот ҳар сол дода мешуд. Баъдан, аз 1-уми марти соли 1967 сол дар миён шуд…

ИННА Ё ЗИНАИДА

Барои ошноии бештаре ба рӯзгори бонуи муваффақ ба чаҳор маъхаз назар афкандем: «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик», ҷилди 3 (Душанбе, 2004, саҳ.280.), «Энциклопедия кино Таджикистана» (Душанбе, «ЭР-граф», 2012, с.216), «Ҷоизае боэътибору баракатбор» (Душанбе, «Истеъдод», 2023, с.18.), Википедия (27.12.2023).

Дарёфтем, ки бонуи номварро аксар ҷо Инна ва ҷое дигар Зинаида унвон мегиранд. Аниқ кардем, ки бонуи драматург ҳини таваллуд Зинаида ном доштаву баъд номашро ба Инна иваз кардаанд.

Инна (Зинаида Яковлевна) Филимонова 18.2.1920 дар шаҳри Москва таваллуд шуда, соли 1938 ба факултаи сенарияи Институти умумииттифоқии давлатии кинематография (ВГИК), синфи Алексей Каплер дохил шуда, онро соли 1943 хатм мекунад. Солҳои 1943–1948 ҳамчун муҳаррир ва сенариянависи студияи сенарияи Вазорати кинематографияи СССР фаъолият намудааст.

Як қатор сенарияҳо ба филмҳои бадеӣ, илмӣ-оммавӣ ва тасвирӣ навиштааст. Дар шаҳри Москва кор ва зиндагӣ мекард.

Лауреати Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон дар соли 1964 (дар ҳайати гурӯҳи муаллифон) барои филми ҳунарии «Бачаҳои Помир».

22-юми ноябри соли 2015 дар Москва фавтидааст.

Филмография: «Чудесный колокольчик» (1949), «Соломенный бычок» (1954), «Три мешка хитрости» (1954), «Дети Памира» (1962), «Как велит сердце» (1968), «Третья дочь» (1970), «Семург» (1972)…

   ИБТИДО

Бори нахуст бо номи Инна Филимонова ҳаводорони кинои советӣ, 75 сол қабл, соли 1949, замони ба прокат баромадани филми тасвирии «Зангӯлачаи сеҳрнок» ошно гаштанд. Вай муаллифи сенарияи филми мазкур мебошад.

Дар Тоҷикистон бори аввал ин ном ҳангоми таҳияи филми ҳунарии «Бачаҳои Помир» («Дети Памира», 1962) расонаӣ гардид. Ба бахти бонуи кинодраматург Инна (Зинаида) Филимонова ин филм ба муаллифон шуҳрат овард. Возеҳтараш, филми «Бачаҳои Помир» соли 1964 бо Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ сазовор гардид, ки Инна Филимонова низ аз он бебаҳра намонд. Шоёни зикр аст, ки дар таърихи кинои тоҷик Инна Филимонова аввалин бонуи кинодраматург ба ҳисоб меравад.

Соли равон аз таҳияи филми ҳунарии «Бачаҳои Помир» 60 сол сипарӣ мешавад.

«БАЧАҲОИ ПОМИР»

Аз рӯи достони «Қишлоқи тиллоӣ»-и Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар таҳия гардид. Режиссёр Владимир Мотил, муаллифони сенария Мирсаид Миршакар, Зинаида (Инна – У.Ш.) Филимонова, оператор Борис Середин, композитор Карэн Хачатурян, рассом Давид Илёбоев мебошанд.

Хушоянд аст, ки филми ҳунарии «Бачаҳои Помир» дар зарфи ду сол (1963–1964) ба чаҳор мукофот ноил гашт: Дипломи дараҷаи II дар азназаргузаронӣ – мусобиқаи синамогарони Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар Душанбе (1963), Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ (1964, режиссёр, муаллифони сенария, оператор), Дипломи Иттифоқи кинематографистони СССР дар кинофестивали умумииттифоқӣ дар Ленинград (1964), Ҷоизаи ба номи Патрис Лумумба барои кори операторӣ (Борис Середин) дар Кинофес¬тивали байналмилалии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар Ҷакарта (1964).

Дар филми «Бачаҳои Помир» ҳунарпешаҳо Бодурбек Мирзобеков (Даврон), Олег Тулаев (Акбархон), Анна Сандалова (Зарина), Валерий Лебедев (Саидбек), Мансур Гурминҷев (Наврӯз), Ираклий Ниҷарадзе (Атобек), Носир Ҳасанов (Сафар), Раиса Куркина (духтур), Б. Тоҷиев (судя), Николай Бармин (командир) ва дигарон нақш офаридаанд.

 СУЖА

Ҳодисаи филми «Бачаҳои Помир» рӯзгори қашшоқонаву тоқатфарсои мардуми деҳаи баландкӯҳи Помирро дар оғози асри ХХ фаро мегирад. Ба ин деҳа аскарони сурх меоянд. Командир (ҳунарпеша Николай Бармин) ба сокинони деҳ мегӯяд, ки аз ин пас онҳо бо қонунҳои Ҳукумати Советӣ зиндагӣ хоҳанд кард. Отряд ба зудӣ деҳаро тарк карда, танҳо як нафарро мемонанд. Аскар барои кӯдакони деҳа мактаб ташкил дода, худ муаллими нахустин мешавад.

Хабари марги В.И. Ленин ба ин деҳаи сарбаафлоки Помир низ мерасад. Комитети ҳизби коммунисти ноҳия муаллимро ба Хоруғ мехонад. Мактабро мебанданд. Талабаҳо аз пушти муаллим ба шаҳр равон мешаванд. Дар сармои қаҳратун ва роҳи басо пурхавфи кӯҳистон қариб ки талабаҳо ҳалок гарданд. Онҳоро ёфта, аз марг наҷот медиҳанд.

САҲВ

Дар қомуси фарҳангӣ – «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик», ҷилди 3, ному насаби кинодраматург Филимонова Инна Яковлевна дар саҳифаи 280 зикр ёфта.

Дар ин матлаб саҳве гузашта. Дар қомус омада, ки Филимонова соли 1948 ВГИК-ро хатм намудаву фаъолияти меҳнатияш соли 1949 ҳамчун муҳаррири киностудияи «Центрнаучфилм» оғоз гардида.

Дар дигар маъхазҳо зикр ёфта, ки бону Инна соли 1938 ба Институт дохил шудаву онро соли 1943 тамом карда. Солҳои 1943–1948 муҳаррир ва сенариянависи студияи сенариянависии Вазорати кинематографияи СССР буд…

ҲАЁТ ВА ЭҶОД

Маълумоти аниқ аз фаъолияти эҷодии Инна Филимонова дар «Энциклопедия кино Таджикистана» (муаллифон-мураттибон Галина Элбаум, Саъдулло Раҳимов, Душанбе, «ЭР-граф», 2012, с.216) зикр ёфтааст.

Аммо ин ҷо низ саҳве роҳ ёфта. Дар қомус омада, ки И.Я. Филимонова бо синамогарони тоҷик аз соли 1963 ҳамкорӣ дорад. Ҳол он ки сабти филми ҳунарии «Бачаҳои Помир» соли 1962 поён ёфтаву тамошои нахус¬тини он моҳи декабри соли 1962 дар шаҳри Душанбе ба вуқуъ пайваста. Филми мазкурро дар шаҳри Мос¬ква 28-уми августи соли 1963 намоиш додаанд.

Аз ин рӯ, саҳеҳтараш бигӯем, ҳамкории бону Инна Филимонова бо синамогарони тоҷик камаш аз соли 1961 оғоз гардида (дар сурате, ки сабти филми «Бачаҳои Помир» соли 1962 анҷом ёфта)…

 ФИЛМОГРАФИЯИ ФИЛИМОНОВА

Бонуи аввал – кинодраматург Инна Яковлевна Филимонова, дар зарфи 8 соли ҳамкорӣ бо киностудияи «Тоҷикфилм», дар эҷоди сенарияи чаҳор филми ҳунарӣ иштирок намуд. Дар ҳамкорӣ бо Мирсаид Миршакар ба филми ҳунарии «Бачаҳои Помир» (1962), бо Мирзо Турсунзода дар филми «Ҳасани аробакаш» (1965), дар ҳаммуаллифӣ бо Мирзо Турсунзода ва Борис Кимёгаров ба филми «Бо амри дил» (1968) ва бо Фотеҳ Ниёзӣ дар филми «Духтари сеюм» (1970) сенария офаридаанд.

Боиси хурсандист, ки ин чаҳор филми ҳунарӣ байни ҳаводорони синамои ватанӣ маҳбубияти хосаеро касб кард.

Ҳамчунин, Инна Филимонова муаллифи матни диктории филмҳои ҳуҷҷатии зерин аст: «Муаммои давлати Кӯшониён» («Загадки Кушанского царства», 1969), «Суруди Помир дар фазои Висла» («Песни Памира над Вислой», 1971). Муаллифи сенарияи филми ҳуҷҷатии «Ахбори хотира» («Хроника памяти», 1989).

Баргузидаи филмографияи кинодраматург Филимонова дар дигар киностудияҳо: муаллифи сенарияи филми ҳунарии «Симурғ» («Семург», 1972).

Муаллифи сенарияи филмҳои тасвирии «Зангӯлачаи сеҳрнок» («Чудесный колокольчик», 1949), «Буққачаи пахолӣ» («Соломенный бычок», 1954), «Се халта маккорӣ» («Три мешка хитростей», 1954).

Муаллифи сенарияи филмҳои мустанад: «И. Левитан» (1951), «Дар даштҳои Украина» («В степях Украины», 1952), «Дар соҳили Иссиқкӯл» («На берегах Иссык-куля», 1953), «Самарқанд-Бухоро» («Самарканд-Бухара», 1965), «Галереяи Третяков» («Третьяковская галерея», 1967)…

Дар зарфи зиёда аз чиҳил сол Инна Филимонова, бонуи кинодраматург, муҳаррири синамои советӣ дар пешрафту тараққии кинематографияи СССР кори азим сомон дода, ному хидмати шоистаи хешро дар авроқи синамои советӣ ба ёдгор монда…

Инна Филимонова 22-юми ноябри соли 2015, дар 94-солагӣ, дар шаҳри Москва аз дунё гузашта, дар ҳамон ҷо мадфун гашт.

Умар АЛӢ,

адиб

 

 

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 11)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон