Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Суманак меваи баҳор аст…
Фарҳанг / Слайдер(Чанд хотира аз суманакпазиҳои модарам)
Суманак ё сумалак таоми миллии тоҷикӣ буда, бо фарорасии фасли баҳор онро бонувон дар ҳар маҳалу минтақаҳои кишвар бо маҳорати хоса омода менамоянд. Ин таоми баҳорӣ дорои мазза ва бӯи махсус аст, ки онро аз гандум омода менамоянд.
Бонувони шаҳри Ҳисор низ аз қадимулайём мардумро бо «сабза» мондану пухтани суманак аз оғоз ёфтани фасли баҳор хабар медоданд. Модарам мегуфтанд, ки баҳор вақти тунукӣ аст. Фасли баҳорро давраи камшавии витамину минералҳо дар организм мегуфтанд. Ё ба истилоҳ имрӯз, ки авитаминоз мегӯем, онро модарам бо ибораи «тунукии баҳор» иброз медошт. Саршавии баҳор, ки организм ба витаминҳо ниёз дорад, суманакро беҳтарин ғизо барои барқарор намудани витаминҳо дар организм маҳсуб медонист. Витамину минералҳои як пиёла суманакро баробар ба чанд киллограмм мева меҳисобид. Суманакро меваи баҳор мегуфт, модарам.
Боре дар маъракаи суманакпазии ҳамсоязанҳо, ки дар ҳавлии мо ороста шуда буд, шунидам, ки суманак дар баробари мубориза бурдан ба камшавии витаминҳо дар организми инсон, ҳамчунин афсурдаҳолиро бартараф намуда, кори меъдаю рӯдаҳоро хуб мегардондааст. Медидам, ки шӯхиомез ба ҳамдигар ишора карда мегуфтанд, ки нафаре хоҳад қомати зебою вазни зиёд надошта бошад, камтар аз суманак истеъмол намояд. Зеро калориянокии таркиби суманак баланд буда, баданро фарбеҳ мекунад.
Модарам аз рӯзҳои аввали гармшавии сол, ёд дорам, ки ҳатто баъзан рӯзҳои охири моҳи феврал гандумро тоза карда, дар лаълие онро шуста, тунук менамуд ва рӯи онро бо дока мепӯшонд. Мегуфт, ки чашми ҳар кас ба рӯи сабза нарасад, пай меафтад. Ба занҳои азодор тавсия медод, ки сабза намонед, сабза хун мерад. (Ва воқеан, ман ин чизро мушоҳида кардам).
Ҳар шому субҳ ба рӯи гандум об мепошид. Ҳафтае пас донаҳои гандум бо решачаҳо ба ҳам печида, месабзиданд. Модарам мегуфт, ки бояд сабза баланд нашуда, гандумро барои пухтани суманак омода кард, зеро агар сабза баланд шавад, маззаи суманак талхтар мешавад. Корди калоне доштем, ки маҳз барои буридани сабзаи суманак истифода мешуд ва бо он корд сабзаро чанд пора намуда, онро аз гӯштқимакун мегузаронданд. Оби аз сабзаи кӯфта ҷудошударо аз дока ё ширполак гузаронда, ба он орди гандумии осиёбӣ илова мекарданд. Дар деги калоне равған андохта, маҳсулоти нимтайёрро ба дег мерехтанд. Ин лаҳзаҳо барои кӯдакон аҷаб лаҳзаи хушу хотирмонро фаро меовард. Бояд сангчаҳоро кӯдакон аз кӯча ҷамъ оварда, онро духтарони хонавода тоза шуста, ба деги суманакпазӣ меандохтанд, (барои деги суманак ҳамагӣ ҳафт дона сангча даркор буд, вале ба хотири хушҳолии кӯдакон онҳоро барои сангчаҷамъкунӣ равон мекарданд).
Ҳамчунин, чанд дона чормағзро низ илова мекарданд. Сангу чормағз ба хотири начаспидани таги дег аст, - мегуфт модарам.
Занҳо гирди дег сурудхонон дег мекофтанду кӯдакон ҳар тараф шодикунон мерақсиданд. Ёд дорам, ки табақу лаълии оҳанине, ки барои ошхона истифода мешуд, «асбоби мусиқӣ» - и занҳои суманакпаз буд. То қаҳваранг шудани суманак онро кофта, пас аз ғафс шуданаш рӯи дегро пӯшонда, баъди 4-5 соат онро кушода, дар зарфҳо мегирифтанд.
Сангу чормағзро аз даруни суманак ҷудо карда, занҳо байни ҳамдигар тақсим менамуданд.
- Занҳое, ки пас аз таваллуд дар рухсораҳояшон доғ мемонад, аз мағзи чормағз ва санги олудаи суманак ба рӯяшон моланд, рӯяшон поку бедоғ мешавад, - мегуфт модарам.
Бонувон байни худ мегуфтанд, ки суманакро ҳар қадар зиёд кофта, дар оташ ҷӯшонед, ҳамон қадар бомазза мешавад. Вале модарам сирри пурлаззатии суманакро дар муҳити дӯстона омода гардидани он меҳисобиданд. Сухани модарам ҳақ аст, зеро меваи дӯстӣ ва шаҳди бо дӯстон чашида лаззати хоссаи худро дорад.
Қутбия Неъматулло
Мубодила:
Шарҳҳо
