БОЙГОНӢ

«    Апрел 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Рангинкамон ва розҳои пинҳону пайдои он

Фарҳанг / Слайдер

Баҳор ҳамеша зебост, аммо зеботарин ҳодисаи табииву физикии ин фасли хуррам Рангинкамон аст, ки баъд аз боронаки найсон ба таври сеҳромез осмони нилиро зеб мебахшад. Кам андар каманд касоне, ки аз дидани рангинкамон хушҳол нашаванд.

Дар фарҳанги забони тоҷикӣ рангинкамон чунин шарҳ дода шудааст: камони ҳафтранге, ки аз таҷзияи нури Хуршед дар қатраҳои оби борон ва фаввораи об падид меояд.

Ин зуҳуроти физикӣ ҳарчанд дар чанд садсолаи пеш аз ҷониби Астрономи форс Қутбиддини Шерозӣ  дақиқ баён шуда бошад ҳам, ҳанӯз дар атрофи он асрору ривоятҳоест, ки зебопарастон ба он таваҷҷуҳ доранд.

 

Кузаи тило

Маъруфтарин ривояте, ки дар бораи рангинкамон аз афсонаҳои момоҳо ба ёд дорем, ин аст, ки дар интиҳои он як кузаи пур аз тило вуҷуд дорад, аммо ҳар қадар ҳам талош кунад, ҳеч инсоне ба он расида наметавонад.

 Нимдавра ё доирашакл

Мо одат кардаем, ки рангинкамонро ҳамеша ба таври нимдоира бубинем, зеро дар руйи заминем. Фақат нуреро менигарем, ки ба василаи қатраҳои болоии уфуқ бозтоб шудаанд. Аммо тирукамони доирашакл низ мебошад. Барои мушоҳидаи ин зебоии комил бояд дар тайёра ё дар баландтарин қуллаи куҳ қарор гирифт. Он вақт нимаи поёнии уфуқ ва доираи комили рангинкамон зоҳир мешавад.

 

Ҳама як рангинкамонро мебинанд?

Тирукамон вижагии дигаре дорад, ки фақат дар миёни донандагони розҳои физикии табиат маъруф аст.  Вақте рангинкамонро мебинем ҳатман ба дигарон низ тавсия медиҳем то лаззати тамошои ин зебоӣ бенасиб намонанд. Аммо ҳеҷ вақт ду шахс дақиқан як рангинкамонро мисли ҳам намебинанд.  Сабаб он аст, ки аз нуқтае, ки як нафар ба осмон менигарад бо мавқеи истодаи нафари дигар яксон нест. Маркази камон аз хате шуруъ мешавад, ки мо ба он аз ҷойи истодаи худ чашм медӯзем ва дигар кас дар як маврид наметавонад дар ҳамин нуқтаи қарордоштаи мо бошад. Аз ин рӯ рангинкамонеро, ки мо мушоҳида мекунем фақат пеши назари мост ва дигар нафар рангинкамонро аз дигар назар мебинад.

Рангинкамони қамарӣ

Аксар одамон бар онанд, ки тирукамон фақат баъд аз борони рӯз ва тобиши офтоб ба амал меояд. Аммо мушоҳидаҳо нишон додаанд, ки нури моҳ низ ба офаридани рангинкамон қодир аст ва он бештар дар ҷойҳое ба назар мерасад, ки замин дар фосила наздик ба моҳи комил қарор дошта бошад. Ин зебоиро рангинкамони қамарӣ мегӯянд. Рангинкамони қамарӣ низ дорои ҳамон рангҳои маъмулист, аммо чун дар торикӣ ташхиси рангҳо аз ҳамдигар душвор аст, он бештар ранги сафед дорад.

Таҳияи Мафтуна

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2025_small_.pdf [4.22 Mb] (зеркашиҳо: 18)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон