БОЙГОНӢ

«    Апрел 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Суннатҳои мардумӣ дар Наврӯз

Фарҳанг / Слайдер

Баҳор пайки сабзу Наврӯз ҷашни меҳварии он аст, ки барои мардумони ориёинажод рамзи эҳёи дунёи хуфта ва бедории табиат мебошад, ки онро пешонии сари сол низ мегӯянд. Ҷашнест мардумитару ба дилу дидаи одамон наздик, ки хурду бузург хурраму шод суфраи наврӯзӣ густурда, таомҳои лазиз мепазанд, бозиҳои миллӣ доир менамоянд, таронаву ашӯлахонӣ мекунанду арғушт мераванд.

Суннатҳои волои Наврӯз агарчи дар осори адибони пешин ва муосири тоҷику форс ҷойгоҳи хосе доранд, миёни мардум низ намунаҳои зиёди нақлу ривоят, суруду таронаҳо ва ғайра дар васфи баҳору Наврӯз сутуда шудаанд. Бобати ин масъала суҳбате оростем бо Маҳина Ниёзова – номзади илмҳои филологӣ, ходими илмии шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон.

Дар рӯзгори мардум суннатҳои наврӯзӣ ҷойгоҳи махсусе доранд. Онҳо чӣ маъниву розҳоро дар худ нуҳуфтаанд?

- Аз даврони қадим мардуми одӣ, бахусус деҳқонон дар ҷашни Наврӯз ҳамдигарро бо фарорасии Соли нав табрик мегуфтанд ва русуми ҷолибро анҷом медоданд. Ба ин тариқ, ҷаҳонбинӣ, орзуву ормон, дақиқназарӣ ва кӯшишу ғайрати хешро ҷиҳати рӯзгори осудаҳолона ифода менамуданд.

Аз овони кӯдакӣ аз ин ид хотироти нек бардоштаем. Ин ҷашни муттаҳидӣ ва дӯстии байни мардум аст, ки ҳама дастаҷамъона ба истиқболи он тайёрӣ медиданд. Ёд дорам, ки занон гандуми суманак мехобонданд ва рӯзи наврӯз бо лаҳни ширин сурудхонон кафча мезаданд. Гурӯҳи бонувон чапотиву кулчаю нон мепухтанд, дигарон аз хонаҳо гандуму лӯбиёву нахӯд ва дигар донагиҳо оварда, ғизоҳои гуногуни ҷашнӣ таҳия мекарданд.

Ин идвора дар хирманҷойи деҳи мо, Лучоби Болои ноҳияи Варзоб доир мешуд. Зери дарахти савдаи бузург, ки сояи ғафс дошт, саҳнаи рангҳо ороста, занону духтаракон месуруданду мерақсиданд. Дар як гӯша дар дегҳои калон хӯрок меҷӯшид, дар гӯшаи дигар мардону бачаҳои деҳа бозиҳои миллӣ меоростанд. Кӯдакон даста-даста дар талу теппаҳо ҳаёҳӯй карда, гулҳои баҳорӣ мечиданд. Бачаҳо гӯштигир аз туҳфаҳои гирифта ҳавасманд шуда, гӯштӣ тамрин мекарданд, то дар Наврӯзи оянда низ ғолиб оянд.

- Ин суннатҳои ҷолиби мардумӣ то чанд муддат давом мекард?

 Асосан то ду рӯз наврӯзӣ идома меёфт. Дар рӯзи аввал ҷашни асосӣ ва дар рӯзи дувум бозии бузкашӣ баргузор мешуд. Аксарияти сокинони деҳа асп доштанд ва манзили 5 – 6 нафари ҳамдеҳагон ба қӯшхона табдил меёфт. Меҳмононе, ки аз деҳаву навоҳии атроф ҷиҳати ширкат дар бузкашӣ ба деҳа меомаданд, шабона дар ин хонаҳо маъво меёфтанд. Соҳибхонаҳо онҳоро меҳмондорӣ намуда, аспонро дар саисхонаҳо ҷой ва ғизо медоданд. Бозӣ берун аз деҳа, дар ҳамворие барпо мешуд. Дар ин рӯз писарону мардони деҳа гурӯҳ-гурӯҳ ба тамошои бузкашӣ мерафтанд. Бонувон сарҷамъ ба дарзу дӯк, таронаву ашӯлахонӣ, қиссаву латифагӯӣ машғул мешуданд.

 Дар арафаи ҷашни Наврӯз баъзе ҳодисоти табиӣ ва амалҳоеро мардум фоли нек ё бад мешумурданд…

 Миёни мардуми минтақаҳои гуногуни кишвар пешгӯӣ ва одатҳое то кунун мавҷуданд, ки онҳо қобили таҳқиқу баррасии махсус мебошанд. Ба гунаи мисол, деҳқонон дар натиҷаи мушоҳидаҳои тӯлонӣ мегуфтанд, ки агар дар чилла борон борад, зимистон бардавом ва сербарфу сард меояд:

Дар чилла чу об дидӣ,

Баҳора ба хоб дидӣ.

Мардуми Бухоро агар лаклакро, ки дар арафа ва рӯзҳои наврӯзӣ аз дигар макон парида меомад, аз рӯ ба рӯ медиданд, фоли нек мегирифтанд. Лаклак қосиди баҳору Наврӯз ва рамзи хубию хушнудӣ дониста мешуд. Деҳқонон аз рӯи ҳолати парвози турнаҳо омадани соли нави деҳқониро пешгӯӣ мекарданд. Аз парвози пасту мавзуни турнаҳо мардум фоли нек бардошта, солро соли серҳосилӣ ва осудаҳолӣ мехонданд ва аз парвози баланди онҳо акси ҳолро интизор мешуданд. Дар фасли баҳор агар борон намеборид, мардум ба таҳлука афтода, маросими «Ашаглон» мегузаронданд, ки дар шимоли Тоҷикистон бо номи «Сусхотун» маъмул аст. Баҳори сербориш, ки ба зироат ва корҳои боғдорӣ осеб мерасонд, мардум дегдонро тафсонда, оби боронро ба он мепошиданд, то пойи боронро сӯзонанд. Кӯдакон бо такудав суруд мехонданд:

Офтоб, офтоб, дари осмона кушо,

Бачаякон бозӣ кунанд, духтаракон шодӣ кунанд. 

Ақидае роиҷ буд, ки агар нафаре аз аҳли хонавода дар рӯзи Наврӯз ҳозир набошад, дар давоми сол мусофиру овора хоҳад шуд.

 Дар қадим ҳатто ба таъсири рангҳо низ мардум эътиқод доштаанд. Чӣ гуна метавон инро тавзеҳ дод?

 Ашёи сиёҳ рамзи неруҳои бадӣ - аҳриманӣ маҳсуб меёфт ва баръакс, ҷиҳози сафед нишони софӣ, хубиву хушнудӣ ва Эзиди пок Ҳурмузро ифода мекард. Аз ин рӯ, пӯшидани пироҳанҳои тирагуну сиёҳ мамнуъ буд. Мардум дар ин рӯз либосҳои сафеду рӯшанро ба бар мекарданд ва дегҳоро то гӯшаҳояш пур карда, бо масолеҳи сафед таом мепухтанд. Ҳамчунин дар ин ҷашн ҳини вуруди аввалин меҳмон ба хона соҳибхона ба китфи рости меҳмон сафедӣ мепошид. Ин маросим то кунун дар ҷашнҳои арӯсӣ ва дигар идвораҳо риоя мешавад. 

Бо назардошти урфу оин ва анъанаҳои неки ниёгон дар оростани хони наврӯзӣ бонувон чиро мебояд мадди назар гиранд?

 Хони наврӯзӣ бояд дар ҷойи беҳтарини манзил ва ё ҳуҷраи зеботари ҳавлӣ густурда шавад ва дастархон сафед бошад. Бо назардошти имконоти хонавода нахуст нонҳои барои ин ҷашн пухта - гирдача, ширмол, чаппотӣ, кулчаҳои равғанин, ё нони қатмолро мегузоранд. Сипас, тартиб додани «Ҳафтсин»-и маъмулӣ бо гузоштани сабзаи наврустаи гандум, ки рамзи бақои зиндагӣ ва абадияти оламу одам аст,  санҷид, сипанд, себ, сирко, сир ва сумоқ (зелол) сурат мегирад. Рӯи хон гузоштани оина ва шамъҳои ранга низ роиҷ аст. Ҳамчунин, дар гулдон гузоштани гул, дар моҳидон моҳӣ, дар косаҳои чинӣ мост, шир, оби тоза, суманак, самбӯсаҳои алафӣ, нахӯдӣ ё гӯштӣ низ мувофиқ аст. Ғизои наврӯзӣ агар бо масолеҳи сафед таҳия гардад, хосияти хуб дорад. Далда, кашк ва ҳалиса низ аз ғизоҳои дӯстдоштании мардум дар Наврӯз аст.

- Имрӯз ҳам таомулҳои ҷашни Наврӯз имрӯзҳо мисли қадим риоя мегарданд?

 Солҳои нобасомони ҷанги шаҳрвандӣ ҷашни Наврӯз тамоюл ба таназзулшавӣ дошт. Хушбахтона, бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз қабои нав ба бар кард, эътибори он бамаротиб афзуд ва мавқеи ҷаҳонӣ гирифт. Имрӯзҳо Наврӯз ҷашни маҳбубтарин ва марғубтарини мардуми мост, ки бо таҷлили он дилҳо аз фараҳ лабрез гашта, башорат аз зиндагии осоишта меорад.

                                                                                                            Ситора АШӮРОВА

 

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2025_small_.pdf [4.22 Mb] (зеркашиҳо: 18)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон