Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Наврӯзи Ёгед
Фарҳанг / СлайдерНаврӯз аз бузургтарин ҷашнҳои бостонии мардумони ориёнажод аст, ки бо таърихи ҳазорсола ва қадимтарин урфу анъанаҳои миллатҳои меросбари ин фарҳанги арзишманд барои башарият тамаддуни дорои расму оинҳо ва урфу одатҳои беназирро боқӣ гузоштааст. Баъзе урфу анъанаҳои миллӣ ва оинҳои диниву мазҳабии халқу миллатҳои гуногуни олам, маҳз аз қадимтарин расму анъанаҳое сарчашма мегиранд, ки пешдодиёни мо зимни омодагиву баргузории ҷашнвораи наврӯзӣ анҷом медоданд.
Зикагул Ниёзова, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, изҳор медорад, ки Наврӯз аз муҳимтарин ва дӯстдоштатарин маросимҳои мардумони Бадахшон ба ҳисоб рафта, тамоми расму оин, урфу одатҳои наврӯзӣ аз насл ба насл то замони мо расидаанд.
Дарвоз марвориди Бадахшон ва диёри Ёгед зеботарин мавзеи Дарвоз ва ҳатто ҳудуди муъҷизаҳои табиат арзёбӣ мегардад. Аслан, маросими муҳташами наврӯзӣ нахуст дар рустои дурдасти Ёгед баргузор мегардад, ки дар он тамоми фаъолону масъулони ноҳия ширкат меварзанд. Баъди таҷлили Наврӯз дар ин деҳкадаи бостонӣ сокинон ин чорабиниро дар марказ ва дигар деҳкадаву рустоҳои ноҳия идома медиҳанд.
Ба гуфти Зикагул Ниёзова, сокинони ин деҳи дурдасти кӯҳистон сар аз 10-уми март то рӯзи 21-уми март танҳо ғизои сафед, ба мисли ширбиринҷ, қурутоб, атола ва ғайраро истеъмол менамоянд. Яке аз дигар русуми шавқовари наврӯзӣ дар Ёгед ин тухмбозӣ миёни мардум аст, ки 10 рӯз қабл аз Ҷашни Наврӯз, дар хонаву кӯчаҳо бо шавқу шӯр идома меёбад. Баъдан маросими «Чоршанбеохир» дар рӯзи чоршанбеи охири пеш аз 21-уми март гузаронда мешавад. Сокинон хонаву дари худро рӯбучин намуда, баъди он ки атрофро торикӣ фаро гирифт, соҳибхонаҳо партоби аз хонаҳо рӯфтаро дар кӯза гирифта, сӯи партобгоҳи маҳалла раҳсипор мешаванд. Оини қадимии мардумон аст, ки дар «чоршанбеохир» кадбонуҳо хонаро аз ғаждиву гандҳо тоза карда, хошоку ғаждиҳои аз манзилҳо рӯфтаро ба кӯза ё борҷогаҳ то ба партобгоҳ мебаранд ва баъди партобро холӣ кардан, ба ақиб нигоҳ накарда сӯи хонаҳо мешитобанд. Ҳамон шаб, ба хотири хонаҳоро аз гарду чанг тоза кардан, мардум ба нишони сафедиву покӣ овардан ба дудмони хеш ширбиринҷи омоданамударо истеъмол менамоянд ва ҳамроҳи аҳли оилаи худ хурсандӣ мекунанд. Занон куртаҳои нав ба бар, мардон бошанд тоқӣ ба сар мекунанд ва мабодо нафаре имкони хариди сарулибоси навро надошта бошад, бояд лоақал гиребони пироҳани худро нав кунад.
Новобаста ба боду ҳаво як шаб пеш аз санаи Ҷашни Наврӯз мардум девори хонаҳои худро сафед ва дару тирезаҳоро рангу бори идона медиҳанд. Зеро рамзи Наврӯз аст, ки инсоният аз торикиву ҷаҳолат раҳо шуда, ба сӯи нуру зиё ва хушиву хуррамиҳо руҷуъ намояд. Наврӯз на фақат ифодагари расму оин ва фарҳангу тамаддун, балки баёнгари хулқу атвор, сатҳи саводнокиву маърифати мардумони ҳавзаи Наврӯз аст…
Зикагул қисса мекунад, ки мардуми Ёгед ба шаби фарорасии Наврӯзи Аҷам маросими «хонатаконӣ»-ро анҷом дода, баъди он дар мавзеи Даштак ё худ Наврӯзгоҳи деҳкада сарҷамъ омада, аз ҳезуми ҷамъовардаи ҷавонмардон оташ меафрӯзанд. Барои афрӯхтани оташи наврӯзӣ, ки онро «Оташи дух-духи бор» меноманд, танҳо ду навъ ҳезум аз дарахти Пӯш ва Ғарша истифода бурда мешавад. Яке дарахти хушбӯй буда, дувумӣ аз ҳезуми тоза иборат аст, ки дуди сиёҳ намебарорад. Яъне, оташкадаи шаби наврӯзӣ аз хуштарин ҳезумҳои кӯҳистон афрохта мешавад, то ин оташи муқаддас камиву ғамӣ, мушкилу тирагиҳоро аз рӯзгори мардум бурда, ба ҷойи он нуру рӯшноӣ биёварад. Ҳамин тавр, аз соати 4-и субҳ мардум «Оташи дух-духи бор»-ро афрӯхта, атрофи он рақсу бозӣ мекунанд ва хурсандона ба якдигар тухму дигар туҳфаҳо ҳадия менамоянд.
Ҷолибтарин маросими оншабаи наврӯзӣ ин аловпарак мебошад, ки дар он ҳама фаъолона иштирок менамояд. Дар ин маросими тантанавии наврӯзӣ мардумон ба ҳамдигар ду ё зиёда аз он тухм ҳадия мекунанд. Вақте субҳ дамид, сокинон аз Наврӯзгоҳ ба сӯи хонаҳои худ раҳсипор мешаванд ва ҷавондухтарону бонувон бошанд, бо тоқиву дигар туҳфаҳои барои падару бародарони худ омоданамуда, ба меҳмонии онҳо мераванд. Зимни вуруд аз дарвозаи хонаҳои падару бародарони худ духтарон дар ҳамовозӣ ин таронаро месароянд:
Эй падар, бар мо наврӯзӣ биёр,
То туро раҳмат кунад Парвардигор.
Албатта, дар ин рӯз бобоёну бародарон ва тағову амакҳо барои азизони худ дастархони идона ороста, ба ҷавондухтарону модарон дар косаву лаганҳо орд мебаранд, ки ин рамзи бахти сафеду нуру сафо бахшидан ба бонувон аст. Ҳамин тавр, занону духтарон то бегоҳӣ ба хонаҳои хешовандони худ идгардак рафта, бегоҳӣ туҳфаҳои идонаи ҷамъовардаашон, дар мисоли орду равғану ҷурғот ва тухму дигар анвои лазизро гирифта, гурӯҳ - гурӯҳ дар хонаҳои яке аз онҳо нишаста, зиёфат меороянд.
Дар идомаи маросими наврӯзӣ кишоварзон ба ҷашнгоҳ барзагови дар юғу сипор бастаро меоварданд ва пиронсолон ҳамчун рамзи оғози мавсими киштукор бо барзагов ба ҷуфти заминҳои корам мепардохтанд. Ҳамин сон, аз арафаи Наврӯз ва чанд рӯзи баъд аз ҷашни бошукӯҳ мардум ба корҳои ифторӣ даст мезананд. Яъне, шуруъ аз тоза кардани қабристони деҳа то роҳу атрофи мактабу беморхонаҳо мардум саросари деҳаро тозаву рӯбучин мекунанд. Баъдан, одати мардуми деҳаи Ёгед аст, ки бештари корҳои ифтихориро пинҳонӣ анҷом медиҳанд, то ин ки риё нашавад.
Ба гуфти Зикагул Ниёзова, ҳолиё баъди 30 соли аз Дарвоз ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кӯчиданашон, дар ҳар ҷашну маросимҳои наврӯзӣ анъанаҳои неки ниёгонро пурра мегузаронанд. Дар ин маҳалла шумораи сокинони замоне аз ноҳияи Дарвоз кӯчида, беш аз 20 оиларо ташкил медиҳад ва мурури солҳо мардумони қавму миллатҳои дигари ноҳия ҳам аз расму оинҳои наврӯзии онҳо огоҳӣ доранд.
Ҷ. УСМОН,
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Мубодила:
Шарҳҳо
