БОЙГОНӢ
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Дш | Сш | Чш | Пш | Ҷъ | Шб | Яш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Тавлиди «Очаи Бика ва Зика»
ФарҳангОчаи Бикамоҷон, ку биё, дастархонта бъкшо, и зани Маҳмади Пашмак чӣ мондают…
- Не, очаи Зикамоҷон, ту аввал бъкшо.
- Не, ту!
- Не, ту…
Суҳбати мо бо пешаварони мумтоз, ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Толибҷон Бобоев ва Ҷумъахон Сироҷов аз иҷрои ҳамин пораи саҳначае, ки чил сол пеш барои тамошобинон ва дӯстдорони ҳаҷв пешниҳод гардида буд, оғоз ёфт.
Тавлиди «Очаи Бика ва Зика»
Соли 1984 дар арафаи 8-уми март - Иди байналмилалии занон роҳбарияти Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ба ҳунармандони театр супориш доданд, ки вобаста ба ҷашн саҳначаҳо омода созем. То дами шом дар андешаи пайдо намудани идея саргаранг мондам. Фикри эҷоди саҳнача маро тарк намегуфт. Сари пиёлаи чой дар хаёл будам, ки дарро Ҷумъахон кӯфт. Дар дасташ рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (имрӯза «Ҷавонони Тоҷикистон») бо хушҳолӣ мужда дод, ки чӣ гуна омода намудани саҳначаро ёфтааст.
Дар рӯзнома матлаби адиб Ҷумъа Қуддус бо номи «Суҳбати пирони деҳа» чоп шуда буд, ки ин барои тавлид гардидани нақши «Очаи Бика ва Зика» боис шуд, - ба суҳбат пардохт Толибҷон Бобоев.
Дарҳол янгаро даъват кардаму дар бораи чӣ хел дар тӯйҳо ширкат намудани занони деҳа, додугирифти бонувон дар маъракаҳо ва ниҳоят вокуниши занон баъди анҷоми тӯю маъракаҳо пурсон шудам. Маълумоте, ки қисмате аз рӯзгору ҳаёти занонро дар бар мегирифт, барои омода намудани саҳнача бароямон малҳам шуд. Воқеан, сарфи хароҷоти зиёдатӣ, латтапарастии занон, ки оқибаташ ба ҷангу ҷанҷол анҷом меёфт (ин ҳолат то имрӯз идома дорад), арзиш ба риштаи ҳаҷв кашиданро дошт, - ба суҳбат пайваст Ҷумъахон Сироҷов.
Рӯзи дигар дар театр вохӯрда, аз пайи омода намудани саҳнача шуданд. «Очаи Бика ва Зика» бо нахустнамоиши худ дар дилу дидаҳои тамошобин маскан гирифт. Баъдан, байни ҳаводорони ҳаҷву мутоиба маҳбубияти зиёде дарёфт…
Бо пӯшоку лаҳни модарон
Воқеан, он чизе, ки табиист, зуд ба қалбҳо ҷо мешавад. Нақшҳои офаридаи «Очаи Бика ва Зика» на танҳо фарогири зиндагии занон аст, балки бо либос ва лаҳҷаи модарӣ намудор шудан дар саҳна дилҳоро тасхирсозанда буд.
Қаблан барои нақшофарӣ аз либоси модаронамон истифода мебурдем. Моҳҳои аввал ман бо чакану Толибҷон бо куртаи гулбаст рӯи саҳна омадем. Рӯзҳое мешуд, ки то 5 маротиба ба саҳна мебаромадем. Моҳе то ба 40–50 намоиш даъват мешудем. Ниҳоят, куртаҳо афсурдаву беҳол шуданд, ки ниёз ба дарёфти куртаи нав пайдо шуд. Дар баъзе аз маҳалҳои минтақаи Кӯлоб бонувони ҳунарманд ба дӯхтани пироҳан аз матои гулбаст шуғл меварзанд. Ночор ба худ аз либоси хоса, аз матои гулбаст курта дӯзондам, - иброз медорад Ҷумъахон Сироҷов.
Рӯзе моро барои намоиш додани саҳначаҳо аз ҳаёти «Очаи Бика ва Зика» ба фабрикаи абрешимбофии шаҳри Қурғонтеппа (ҳозира шаҳри Бохтар) даъват намуданд. Дар як баст се маротиба ба саҳна баромадем ва дар фарҷоми намоиш бо хоҳиши ҳамсар ва фарзандони роҳбари корхона, ки дертар ба толор расида буданд, бори чорум нақш бозидем…
То 3000 маротиба бо ҳамин либосҳо нақш офариданамон дар дафтари қайдҳои омори Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб сабт шудааст. Албатта, ин ҳама ба ҷуз аз ҷашну тӯйҳо, ки бо хоҳиши дӯстону ҳаводорон рафта, нақш мебозидем, он тарафаш беҳисоб, - гуфт Толибҷон Бобоев.
Ба андешаи ҳунармандон ҳаводорони ҳунари «Очаи Бика ва Зика» дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, дар вилояти Суғд низ зиёд аст. Бахусус, бо лаҳҷа сурат гирифтани намоиш барои сокинони ин минтақа хеле писанд аст. Онҳо мегӯянд, ки маҳз лаҳҷаи модариамон моро байни мардум шинохта кард. Шеваи гуфтугӯи ду зани деҳотӣ ба гӯши ҳаводорони ҳаҷв ширин садо дода, мафтуни ҳаҷвнигории очаи Бика ва Зика шуданд.
Аз «усулҳо»-и очаи Бика ва Зика
Нақшҳое, ки саҳнавӣ офарида мешаванд, аз ҳаёти мардум аст ва дар либоси ҳаҷв ба онҳо бармегардад. Маҳбубияти нақшҳои офаридаи очаи Бика ва Зика ҳам дар ин аст, ки аз ҳаёти мардум гирифта шудаанд. Мояи хушист, ки аксар бонувони баҳуш дар нақшҳо симои худро дида, ислоҳ мешаванд.
Воқеаи чандин солҳо пеш маро ёд омад. Дар дохили нақлиёт маро дидан замон он бону ба ҳампаҳлуяш ишорат карда гуфт: «Маъракаи хешамон рафтему баъди он бо хоҳарам носоз шудем. Айнан, мисли очаи Бика ва Зика кор қариб ба куртадаронӣ расид. Охир, чӣ даркор ҳамон латтабозӣ? Агарчи Ҳукумати кишвар Қонуни танзимро қабул карда бошад ҳам, ин «беморӣ» то имрӯз байни занҳо боқист». Ин саҳнаи масрафкорию хароҷоти зиёдатии бонувонро очаи Бика ва Зика замони шуравӣ интиқод карда буданд, - иброз медорад Ҷумъахон Сироҷов.
Толибҷон Бобоев дар тақвият ба гуфтаҳои дӯсташ лаҳзаи дигареро ба ёд овард:
Дӯсте доштем, ки бо айби хушдоман ҳаёти оилавиаш ба ҳадди вайроншавӣ расида буд. Рӯзе сархаму малул пеши дарвозааш дидам. Аз ҳолу аҳволаш пурсон шудам, ки лаб аз шиква боз намуд. Ин қисса моро водор сохт, то аз «усулҳо»-и «Очаи Бика ва Зика» истифода барем.
Саҳна дар клуби колхозӣ, дар ноҳияи Мӯъминобод доир шуд. Хонаводаи ҳамсари дӯстам, дар наздикии клуб сукунат доштанд. Модараш яке аз иштирокчиёни саҳнаҳои «Очаи Бика ва Зика» шуд. Нақши хушдомани ҷоҳил, ки боиси оилавайронии духтараш гардид, аз ҷониби очаи Бика ва Зика хеле олӣ бозида шуд. Нақш бедарак таъсиргузор баромад, ки баъди анҷоми намоиш он зан духтару набераҳояшро то дари автобуси ҳунармандон овард. Хоҳиш намуд, онҳоро то шаҳри Кӯлоб бо худ барем. Ману Ҷумъахон «сар раваду сир не» гуфта, то марказ хомӯширо авло донистем…
Жанри ҳаҷв мемирад?!
Ҳаҷв тарбия аст, саҳнаи ҷолибу таъсирбахш метавонад боиси аз байн рафтани коррупсия, ба танзим даромадани ахлоқу тамиз ва ҳалли дигар мушкилоти ҷомеа гардад, ки мавҷудияташон боиси фалаҷ шудани неруи ҷомеа аст. Мутолааи китобу рӯзномаҳо ва тамошои филмҳои тарбияткунанда ҳатто ҷойи таъсири саҳнаро гирифта наметавонанд.
Барномаҳои ҳаҷвии радиоии «Суҳбати дӯстон», саҳифаҳои «Мушфиқӣ», «Хоҷа Насриддин» ва «Афандӣ» - и маҷаллаву рӯзномаҳо, ки имрӯз кам андар кам дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ мебинем, ислоҳкори замони худ буданд. Шояд ба назар мерасад, ки ҳаҷв мемирад?! Не, баръакс, онро зиндатар бояд кард. Ҳаҷв моли халқ аст ва аз ин мардум набояд бебаҳра монад. Ба ҳар воситае набошад, онро ба мардум расонем, ки ин рисолати мост, - меандешад Ҷумъахон Сироҷов.
Ҳар лаҳзаи зиндагии инсоният саҳнаест, хотирмон. Аз ин рӯ, мутмаинем, ки ҳаҷв аз байн намеравад. Хоҳ-нохоҳ ҳамин лаҳзаҳоро одамон байни худ ҳаҷв намуда, киноя бар камбудиҳои ҷомеа мекунанд. Вале сухан бояд соҳиби худро дошта бошад, яъне нафаре бошад, ки ҳамин рӯзгорро ба риштаи ҳаҷв кашад. Ҳунарманд наметавонад, ки худ ҳаҷв нависад ва аз рӯи он дар саҳна нақш офарад…
Дигар мисли солиёни пеш ҳаҷвнавис надорем. Ҳоло ки замони иқтисодӣ-сармоядорист, касе вақти худро беҳуда сарфи кори бемаблағ намекунад. Замоне барои намоиши саҳнаҳо ҳунармандон ҳаққи муаллифӣ доштанд, ки имрӯз барҳам хӯрдааст. Мутаассифона, имрӯз масъалаи «ҳаққи қалам»-и муаллифон бас шигифтовар аст. Шахсони масъул, мисли солҳои пеш ба ин мавзуъ сари кор надоранд. Чунин ба назар мерасад, ки касеро парвои ин кор нест, - афзуд бо таассуф Толибҷон Бобоев.
Мусоҳибон бар онанд, ки беҳтарин саҳнаҳои таъсирбахши ҳаҷвӣ маҳз дар ин давра - замони ҷаҳонишавӣ рӯи кор оянд, вагарна волотарин арзишҳои миллӣ ва гаронбаҳотарин неъматҳои инсонӣ бо андак нодидагузаштанҳо аз даст раҳо мехӯранд.
Очаи Бика ва Зика нақшаҳои зиёде дар таҳияи саҳначаҳои ҳаҷвӣ аз боби зиндагии бонувони ин давр доранд. Мекӯшанд, то мисли саҳначаҳои ҳаҷвии «Занҳои ғайбатчӣ», «Очаи Бика ва Зика дар микрорайон», «Бъгӣ-Бъгӣ» ва даҳҳо нақшҳои дигар ба ҳаводорони ҳаҷв пешкаш намоянд.
Толибҷон Бобоев ва Ҷумъахон Сироҷов, ки аз овони хурдӣ то имрӯз ҳамдаму ҳамнафас, ҳамсинфу ҳамхизмат, ҳамсояю ҳамкор ҳастанд, ба умеданд, ки рӯзе ҳаҷвнависон рӯи кор меоянд ва беҳтарин саҳнаҳои «Очаи Бика ва Зика» пешкаши ҳаводорони ҳазлу шӯхӣ ва ҳаҷву мутоиба мегарданд.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО
Мубодила:
Шарҳҳо
