БОЙГОНӢ

«    Апрел 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

МЕҲРНОМА

Фарҳанг

  Ҳар гаҳ кабӯтари дурпарвози хаёл дар осмони меҳру муҳаббати Модар пару бол мезанад, забони оҷизбаён қудрати изҳори садоқату самимияти моро надорад.

Магар мешавад, ҷон дар кафи худ ниҳод ва рӯ ба рӯи офтоби тобон истод, то ҳама анвори он дар оинаи чашмони ту битобанд?

Магар мешавад, осмонро бо ҳама он ҳуруфи равшане, ки дорад, дар саҳифае ғунҷонид?

Магар мешавад, оби дарёи бузургеро бо кафи даст шумурд? Муҳаббати Модар низ тасвирнопазир, аз ҳисоб берун ва бемислу беназир аст.

Модар гавҳари бебаҳо ва марвориди ноошноест, ки ба дасти мо – кӯдакони донишгадо афтодааст. Онро ба ҳар навъе меозмоем, ба каф мегирему боз мепартоем ва ҳеҷ гоҳ аз қадру қимати он, то он замоне, ки ҷон дар бадан дорем, огоҳ намешавем:

Одам ҳама умр хонаву дар гӯяд,

Фарзанду зану ёру бародар гӯяд.

Чун нон ба лабаш расид, ёдаш накунад,

Чун ҷон ба лабаш расид, «Модар» гӯяд.

Модар сутуданист, вале ку қудрати ӯро сутудан, Модар ҳамешабуданист, вале ку тавони нақши қисматро зудудан? Замоне, ки бо ӯем, мегӯем, ки «аз даст рафтанӣ нест», чун аз мо гузашт, армону ҳасрате дорем, ки гуфтанӣ нест.

Эй он касоне, ки дар пайи ганҷи фаровонед, оё медонед, ки тамоми ганҷинаҳои дунё дар баробари ҳузури Модар пашизе беш нест?

Эй он касоне, ки аз дори дунё барои худ болотарин хушбахтиро таманно доред, оё медонед, ки ин хушбахтӣ ҷуз дар канори модари хеш нест?! Баъд аз ин тамоми зиндагӣ парешонӣ асту пушаймонӣ, сарсонӣ асту саргардонӣ:

Тифливу домони модар хуш биҳиште будааст,

То ба пойи худ равон гаштем, саргардон шудем.

Агар тамоми зебоиву назокати дунё, агар ҳама ҳузуру ҳаловати дунё ва агар ҷумлаи вафодориву садоқати дунёро бо як калима ифода кардан хоҳем, он калимаи «Модар» хоҳад буд. Модар дар матои рангобаранги зиндагӣ тору пуди мо, дар қиморхонаи зиёновари дунё беҳтарину болотарин манфиату суди мо ва дар ин сарочаи ҳастӣ буду набуди мост:

Фидои дидаи чори маҳи ягонаи ман,

Ки роҳпои ман умрест пушти хонаи ман.

Ба он забони дуогӯву дасти фотиҳагир,

Ки пойи ғусса науфтад ба остонаи ман.

Бонувони азизу гиромӣ! Шумо зеботарин, дилработарин ва ширину гуворотарин офаридаи Худо­вандед. Намегӯям, ки зиндагӣ бе шумо маъно надорад, чунки бидуни шумо зиндагӣ нест. Шумо худ зиндагиед.

Зан нусхае аз баҳор нест, балки баҳор нусхае аз зан аст. Табиат оинаеро мемонад, ки дар худ симои занро муҷассам мегардонад ва ба монанди зан зебову дилрабо мегардад. Офтоб низ шояд барои дидани зан аз пушти ҳазор пардаи абр берун мешавад, ба сӯи замин, ба рӯи зан гарм-гарм механдад ва аз ин нурханда табиат равшану зебо, гарму офтобӣ ва нарму дилрабо мешавад. Сабзаҳо низ барои бӯсидани пойи зан сар аз хок берун мекунад. Гулҳову дарахтон рангу бӯи занро бо барг-барги худ ҷабида, хушрувӯ хушбӯ мешаванд ва бо ҳазорон рангу бӯи дилкаш назаррабоӣ мекунанд.

Хулоса, зан он қадар зебо, он қадар дилрабо, он қадар гарм, он қадар рӯшан ва он қадар ба дил наздик аст, ки забони Саъдиву Ҳофиз низ аз тавсифи он оҷиз аст. Мардони мард, ки сар пеши ҳеҷ махлуқе фуруд намеоранд, ҳалқаи бандагии зан дар гӯш доранд. Тамоми корнамоиву қаҳрамонӣ, матонату устуворӣ ва шуҷоату ҷоннисории мардон ба хотири як назари илтифоти зан, ба хотири худнамоӣ дар пеши шумост.

Сано ба офаридае, ки офаридгор аст! Сано ба зебоие, ки нотакрор аст! Сано ба қалбе, ки аз меҳру муҳаббат, раҳму шафқат ва бахшандагиву мурувват саршор аст! Сано ба Зан, ба Модар!

Идатон муборак, азизони дил, азизони ҷон, чароғҳои рӯшани хонадон, занон ва модарони меҳрубон!

Юсуфҷон ЮСУФЗОДА,

прокурор

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2025_small_.pdf [4.22 Mb] (зеркашиҳо: 18)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон