Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Оташдони Собира
ФарҳангСобирамо Ҷалолова дар оилае ба дунё омад, ки бо ҳунар нафас мекашиданду хуррамию хушбахтии худро бо дастони хеш месохтанд. Модару хоҳаронаш бо дастранҷ дар таъмини зиндагӣ саҳм мегирифтанд. Модар нозукии касбҳоеро, ки балад буд, ба гулдухтаронаш меомӯхт, то аз баракати заҳмати ҳалол зиндагиашонро зебу фар бахшанд. Аз модари гулдаст, ки тоҷи зиндагиашон буд, 7 духтар чун 7 ахтар гулу қуроқу сӯзаниву чакандӯзӣ ва ҳар ҳунари дигареро, ки бо сӯзану ришта алоқаманд аст, аз худ карданд.
Дар ин миён Собирамои шӯхтабиат дар фарогирии ҳунарҳо пешдаст буд. Аз хоҳарбузургон, ки ҳар кадоме баъд аз иҷрои корҳои рӯзмаррагӣ ба сохтану дӯхтан шуғл меварзиданд, даст ба корҳои онҳо мезад. Риштаи якеро калоба мекарду сӯзани дигариро ба ришта гузаронда мемонд. Ҳамингуна аз апаҳои гулдасташ тамоми касбҳои хоси занонаро аз худ кард.
Мо дар хонавода ҳамеша серкор будем. Модарам ягон лаҳза қарор нишастанро на ба худ, на ба мо раво намедиданд. Дар вақти рафъи хастагӣ аз корҳои рӯзгор сӯзану ришта ба дастамон медоданду дар вақти дилгир шудан аз дарзу дӯз дигар корҳои хоҷагиро мефармуданд. Агар ба рӯзгори ширини кӯдакиям назар афканам, хонаамон ба масал мисли хонаи занбӯри асал буд, ки ҳар яке вазифаи офаридан дошт ва бояд онро ба таври шоиста анҷом медод, - ба ёд меорад ҳунарманд.
Чунин муҳит дар рӯзгорсозии ҳафт хоҳаракон бетаъсир намонд. Аз тарбияи шоистаи волидони заҳматпеша имрӯз ҳар кадоме зиндагии хурраму обод доранду хушбахтии худро дар заҳматписандӣ медонанд.
Вақте дар намоишҳои ҳунарҳои мардумии ноҳия дастранҷи хешро пешниҳоди тамошогарон мекардем, баҳои баланд медоданд ва дарк мекарданд, ки дар ҳар як маҳсули офарида, чи қадар вақту хоҳишу нури чашм сарф шудааст. Мо бо ҳунар тавонистем на танҳо дар ноҳия, балки дар вилояти Хатлону пойтахти кишвар ва ҳатто кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Қазоқистон низ муаррифгари тавоноии зани тоҷик бошем. Мардуми шаҳрҳо, хоса бонувон бо тааҷҷубу шубҳа изҳор медоранд, ки як нафар чи гуна метавонад ин қадар ҳунарро фаро бигирад. Аммо асли матлаб ин аст, ки шахс хоҳишу азм дошта бошаду дар ин руҳия ба камол расад, 40 ҳунар не, балки 400 ҳунарро метавонад аз худ кунад, - мегӯяд Собирамо Ҷалолова.
Бонуи ҳунарвар зиёда аз 35 сол аст ба офариниши маҳсулоти дастӣ ба сар мебарад. Чун хоҳарони хушбахту ягона додари дилбанди хеш рӯзгори ободро сохтаасту ду ҷигарбандашро дар руҳияи мушкилнописандӣ ба воя мерасонад.
Вақте аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуд, шодии мо, ҳунармандони деҳро ҳадду канор набуд. Таваҷҷуҳу ғамхории Пешвои миллат ба аҳли ҳунар, хоса онҳое, ки муаррифгар ва эҳёкунандаи анъанаву фарҳанги мардумианд, моро қуввату боли нав бахшид.
Дар доираи лоиҳаву барномаҳои Ташкилоти ҷамъиятии «Барги Сабз» дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон ҳунари навбатӣ – сохтани дегдонҳои замонавиро омӯхтам, -
бо ифтихор иброз медорад ҳунарманд.
Барои халқи тоҷик оташдон аз қадим ҷойгоҳи муқаддас ба ҳисоб мерафт. Он дар дини Зардушт маъбаде буд, барои ниёишу ситоиши оташи муқаддас. Имрӯз, ҳарчанд моҳияти таърихӣ ва асотирии худро аз даст дода бошад ҳам, афзалияти истифодабарии оташдон дар деҳот ҳанӯз побарҷост. Сохтани оташдони замонавӣ кори мушкил аст, аммо дар истифода бартарият дорад. Барои сохтани он устоҳои маъруфу гулдаст ва ба қавле онҳое, ки даму нафаси гарм ва дасти тавоно доранд, ҷалб мешаванд.
Ба рӯи Собирамо ин ҳунар дарҳои нави маҳбубиятро боз намуд. Ҳамдеҳагону ошноён аз маҳорати навбатии ӯ баҳраҳои фаровон бурданду дар нишасту маъракаҳо таърифи оташдонҳои нави худро мекарданд, ки онро барояшон Собираапа сохтааст.
Вақте дар аввалин дегдони сохтаам оташ гирондам, эҳсоси аҷибе маро фаро гирифт. Гармии оташ на танҳо дар вуҷудам, балки дар орзуву руъёҳоям низ асар кард. Дар аввал бовар надоштам, ки аз уҳдаи ин кори «мардона» баромада метавонам, чун корест, ки ҳавсалаву қуввати зиёд талаб мекунад. Аммо таҷрибаи 7-сола нишон медиҳад, ки то ҳол касе аз фармудаи хеш пушаймон нашудаасту ба пайвандону наздиконе, ки ниёз ба оташдони замонавии каммасраф доранд, нишонии маро медиҳад. Оташдон сохтан ҳам масъулияти гарон будаасту ҳам ифтихори беандоза, - зикр мекунад Собира.
Шумори оташдонҳои Собираапа рӯз аз рӯз дар афзоиш аст, на танҳо дар маҳалли зист, балки дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва Душанбеи нозанин кори садҳо кадбонуҳоро осон мегардонад.
Садбарг БОҚӢ,
журналист
Мубодила:
Шарҳҳо
