БОЙГОНӢ

«    Март 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

«Бонуи Шуғнон»

Фарҳанг

Озмуне, ки ҳунармандонро ба ҳам овард

Бонуи ҳунарманду санъатвар Гулчеҳра Ҷӯрабекова дар озмуни ноҳиявии «Бонуи Шуғнон» соҳиби шоҳҷоиза гардид. Озмун дар кохи фарҳанги шаҳраки Ваҳдат дар ҳавои мавҷи кафкӯбиҳои толори моломол аз мухлисон доир шуда, ҳакамон аз байни довталабони зиёди муаррифгари фарҳангу ҳунар беҳтаринҳоро муайян карданд.

 Бо чӣ эҳсосе ғолиби озмун эълон гардиданатонро қабул намудед?-мепурсам аз Гулчеҳра.

 Бонувони ҳунарманду санъатвар дар ноҳия зиёданд, ки бо заҳмату ҳунарашон рӯзгорашонро рангин ва дар пур намудани буҷети хонавода саҳм мегиранд. Худамро яке аз чунин бонувон мешуморам. Ифтихор дорам, ки маҳорати санъатвариам бо шоҳҷоиза қадр гардид, -гуфт ӯ.

Бо ибтикор ва дастгирии Ҳукумати кишвар дар шаҳру ноҳияҳо озмунҳои зиёд баргузор мегарданд, ки барои кушодани чеҳраҳои нави ҳунар байни бонувон мусоидат менамоянд. «Бонуи Шуғнон» яке аз чунин озмунҳо аст, ки дар он намояндагони тамоми ҷамоатҳои деҳоти ноҳия сабқат варзиданд. Ҳамасола яке аз чунин озмунҳо бо номи «Соҳибҷамоли Шуғнон» доир мешавад. Ба гуфтаи мудири хонаи методии назди бахши фарҳанги ноҳияи Шуғнон Хурсандбой Ҳилолов, бо назардошти таваҷҷуҳи махсуси арҷгузорӣ ба нақши модар бахши фарҳанг тасмим гирифт, ки озмун таҳти унвони «Бонуи Шуғнон» доир шуда, бонувони аз 30-сола боло дар он ҷилои ҳусну ҳунар ва завқи зебоипарас­тиашонро ба намоиш гузоранд.

Вай тимсоли занони меҳнатқарин ва ҳунарманди деҳоти дурдасти кӯҳистон аст, ки бо заҳмату ҳунар дар пеш бурдани рӯзгордорӣ ва пур намудани буҷети оилавӣ саҳм мегирад.

Пас аз хатми Омӯзишгоҳи техникӣ дар корхонаи истеҳсолии матбааҳои вилоятӣ ба кор даромад. Вале баъди аз байн рафтани таъминоти марказӣ боиси коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва бекор мондани ҳиссаи зиёди коргарони корхона гардид. Аз ин рӯ, Гулчеҳра бо шавҳараш ба коркард ва истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ камар баста, онро ба манбаи рӯзгор табдил доданд. Мекӯшанд то аз ҳама пеш сабзавоти парварда ва расидаро ба бозор барварда, аз он даромади хуб ба даст оранд ва миқдори кофиро барои ғизояшон захира намоянд. Вале дар шароити камзаминии кӯҳистон ва регзор будани он хонавода боз ба даромади иловагӣ ниёзманд мемонад.

Гулчеҳра сихи бофандагӣ ба даст гирифт, ҷуроббофӣ ва тоқидӯзиро, ки аз бибиаш омӯхта буд, бавижа дар фасли зимистони сахти Бадахшон ривоҷ дода,ин ҳунарҳоро ба манбаи даромади иловагии хонадон табдил дод.Ҷуробҳои бофтаи ҳунарманд талабгори зиёд доранд. Бонувони ноҳия дар бофтани ҷуроб бештар аз 35 намуди гулпартоиҳо истифода менамоянд. Сифати моли ҳунарманд шаҳодат медиҳад, ки дар интихоби гулпартоӣ барои ҳар як фаровардаи дастиашон тахайюли бою рангин ва дар бофандагӣ дастони моҳир дорад.

Гулчеҳра дар хонаводаи санъаткорон ба дунё омада ҳунари санъатварӣ дар ниҳодаш нуҳуфтааст. Ҳангоме соатҳои дароз бофандагӣ ва ё дӯзандагӣ мекунад, беихтиёр зери лаб суруд замзама менамояду байтҳо ва оҳанги нав ҳам худ эҷод мешаванд. Шеър ва оҳанги эҷоднамудааш дар васфи модар бо суруд дар иҷрояшон дар озмун хеле дилписанд садо дода, баҳои баланд гирифтанд. Ӯ, ҳамчунин, рақси бофандаро бо маҳорати хуб иҷро карда, санъати нафис ва баланди ҳунари ҷуроб­бофиро муаррифӣ намуд.

Яке аз намунаҳои санъати нафиса, ки дар озмун пешкаш гардид,ҳунари бофтани мӯйи арус буду довталаб машшотаи чирадаст буданашро ҳам нишон дод.

  Ҳангоме пашмро коркард ва ранг мезананд, ба андозаи мӯйи арус тахтача гирифта, торҳоро рӯйи он мекашанд. Мӯйи арӯсро шона зада баробар тақсим мекунанд, ки нишонаи умри бардавоми баробари арусу домод, ба қавле «то бо ҳам пир шуданашон» мебошад. Сипас, мӯйро шона зада, равған мемоланд, ки намои зиндагии ояндаи гарму нарми арусу домод аст. Бофтани мӯй аз тарафи рости пешонаи арус сар шуда, сипас аз қафо онро панҷак мезананд, ки рамзи устувори ҳаёти зану шавҳар ба мисли панҷ устуни хонаи урфии бадахшонӣ мебошад. Ҷамолакро одатан аз риштаҳои сурх, ки нишонаи ҳаёт ва рӯсурхӣ аст, мебофанд, - изҳор дошт ҳунарманд.

Гулчеҳра иштирокдори фаъоли ҳаёти ҷамъиятӣ мебошаду ҳунарҳои гуногуни занона, монанди бофтани ҷуроб, дӯхтани либос, пухтани анвои зиёди таомҳои миллӣ, оростани ҷиҳози хона, нигоҳубину табобати кӯдакон ва ғайраро барои ҳар бонуи хонавода фарз медонаду ҳунару истеъдодашон ӯро на фақат миёни ҳамсолон, балки бонувони калонсоли деҳа низ соҳиби иззату ҳурмат гардондааст.

Маҳсули ҳунарҳои мардумии бонувони деҳаи Ёмҷи ноҳия, ки дар ҷашнҳои миллӣ ва давлатӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ ба намоишу фурӯш гузошта мешаванд, ба шарофати бонувони ҳунарманд назири Гулчеҳра Ҷӯрабекова ҳамеша сазовори баҳои баланди муштариёну тамошогарон аст…

Ш. МИРЗОҶАЛОЛ,

ноҳияи Шуғнон

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_03_2025_small_.pdf [4.22 Mb] (зеркашиҳо: 15)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон