БОЙГОНӢ

«    Май 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Занони эҷодкор қаҳрамонанд

Фарҳанг

    Дар таърихи адабиёти оламшумули тоҷик тобноктарин чеҳраҳои адабии мо аз шумори бонувон Робияи Балхӣ, Зебуннисо ва Меҳситианд. Ин қаламкашони тавонманд масали «Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор»-ро ба ёд меоранд, аммо ба таърихи 90-солаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон назар афканем, бонувони мо, дар баробари мардон, бори адабиётро ба дӯш гирифтаанд.

Бонувони эҷодкор, аз қабили Розия Озод, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Мавҷуда Ҳакимова, Озод Аминзода, Гулрухсор ва дигар суханварони маҳбуби мо бо ҳузури хеш дар даврони шуравӣ адабиёти тоҷикро зебу фар бахшидаанд. Бо пирояҳои зеботар, бо нафосати калом ва нигоҳи зебову тозаашон ба олам эҳсосҳои дили худ ва хонандагони бешуморашонро мавзун намудаву осори гаронарзишро ба мерос гузоштаанд.

Ин бонувони суханвар бо тобишу ҷилои дурахшон он қадар ихлосмандону шефтагони зиёд доштанд, ки на танҳо бо қалам, балки бо шахсияти барҷастаи худ дилҳои хосу омро тасхир намудаанд.

Маъмултарину равшантарин далели ин суханҳо метавонад номи онҳо бошад, ки дар ҳар гӯшаву канори мамлакат садҳо модарон ба духтаракон ба хотири ин бонувони муътабар Зебуннисову Маҳастӣ (номи ғалатшудаи Меҳситӣ – М.Қ) Гулчеҳраву Гулрухсор, Латофату Фарзона ном гузоштаанд.

Муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, шоири хушноми мо Ато Мирхоҷа ба нақши бонувон дар рушди адабиёти тоҷик ва фаъолияти Иттифоқи нависандагон баҳои арзанда дода, аз ҷумла зикр намуд, ки дар ҳар насли адабиёт, ки даврабандии муайянро фаро мегирад, то даҳ бонуи эҷодкор, дар баробари мардон, ин бори сангинро бар дӯши нозуки хеш мебардорад.

 Маҳсули эҷод вақте ба хонанда мерасад, фикр мекунад, ки он бисёр содаву осон ба даст омадааст. Аммо барои иншои як шеър ё як ҳикояи ҷолиб адиб ҳазор хуни дил мехӯрад. Ин заҳматро танҳо онҳое тоб меоранд, ки иродаи мустаҳкам ва ишқу муҳаббат ба кори эҷодӣ дошта бошанд. Он бонувоне, ки дар тули асрҳо қалам фарсудаанд, шак нест, ки бештар аз мардон қувваю ирода ва ишқу алоқа ба сухан доштаанд.

Бонувони эҷодкори имрӯз як навъ қаҳрамон низ мебошанд, ки дар баробари ташвишҳои рӯзгордориву вазифаю масъулиятҳои давлатию ҷамъиятӣ, тарбияи фарзанду оиладорӣ боз ба адабиёт машғуланд, - иброз медорад Ато Мирхоҷа.

Бонувони дар адабиёт муваффақи тоҷик, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо осору гуфтору шахсияти хеш мактабҳои адабиро ташкил намудаанд. Дили ҳазорон духтаракони пурҳунару пурорзуро ба кори суханофарӣ моил намуда, дастгиру тарбиятгари онҳоянд.

Суханварони зиёдеро медонем, ки бо муҳабббату эътиқод ба адибони фарҳехтаамон устодон Гулчеҳра Сулаймонӣ, Гулрухсор ва Фарзонабону ба арсаи адабиёт қадам гузоштаанд ва имрӯз аз шоирони номвари моянд. Духтаракон дар пайравӣ аз бонуҳои соҳибном то дараҷаи баланди касбӣ расиданд,- меафзояд А. Мирхоҷа.

Донишманди маъруф Муҳаммади Ҳиҷозӣ мефармояд: «Дар илму ҳунар шарти аввал истеъдод аст, дувум устод, сеюмин пуштикор. Аммо ин савумӣ аз он ду дигар воҷибтар аст». Воқеан ҳам, бонувони суханвари мо Ҳадиса Қурбонова, Баҳринисо, Маҳбуба Неъматзода, Меҳринисо, Хосият Вализода, Латофат Кенҷаева, Нуқра Суннатниё, Шаҳрия, Рафоҳат, Зулфия Атоӣ, Марямбону Фарғонӣ, Гулчеҳра Муҳаммадиева, Раънои Мубориз, Адибаи Хуҷандӣ, Гулноз ва дигарон, ки номашон сархати ҷаридаҳои адабиву дилҳои дӯстдорони адабиёт аст, бо ҷавҳари истеъдод, раҳнамоии устодони фарҳехта, ғайрату кӯшиш, омӯзиши фарох ва муҳаббати беолоиш ба сухан тавонистаанд, ки шеъри занонаи моро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд ва барои наслҳои минбаъдаи адабиёт намунаи пайравӣ бошанд.

 Шеъри зан ва он чи зан менависад, аз маҳсули эҷоди мардон фарқ дорад. Ин тафовутро онҳое рашван дарк мекунанд, ки ба сухан сарукор доранд. Эҷодиёти занон, пеш аз ҳама, маҳсули тахайюли бою рангини онҳост. Шеъри иффат аст. Шеъри нафосат аст. Шеърест, ки инсонро таскин мебахшад. Зебост ва бештар пирояи тасвир дорад, зеро занҳо нисбат ба мардон оламро пуррангтар мебинанду садоҳои мухталифро мешунаванд ва бӯйҳои бештарро эҳсосу ташхис мекунанд. Ва ин ҳама зебоиро ба қолаби сухан мавзун намуда, асар меофаранд,- таъкид медорад Ато Мирхоҷа.

Дар баробари ин ҳама зебоиҳое, ки зикрашон рафт, муҳимтарин вижагии шеъри занон аз муҳаббат ба аҳли башар ва сулҳпарастиву ваҳдатгароияшон аст. Истиқлолу озодӣ ба занони эҷодкори мо пару боли нав бахшид, то дар фазои сулҳу суботи кишвар парвоз кунанду аз тамоми муҳаббату таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати кишвар баҳраҳо баранд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бонувони эҷодкор дар адабиёти тоҷик бештар аз ҳар давраи таърихии дигар ҳунарнамоӣ кардаанд.

 Дар даврони соҳибистиқлолӣ тақрибан 50 бону ҳамчун шоиру нависанда ва мунаққид ба сафи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд. Ин суханофарони латиф дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар ва Иттифоқи нависандагон фаъолияти назаррас доранд. Дар тарғиби паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон, ободкориву созандагиҳои фарзонафарзандони Ватан, дар баробари мардон, қалам мефарсоянд. Махсусан, дар вохӯриву мулоқот бо сарбозон дар қисмҳои низомии сарҳадӣ, занони эҷодкор пешсафтаранд. Сухани онҳо нишонрас асту ба шунаванда таъсири амиқ мегузорад, - иброз медорад А. Мирхоҷа.

Бонувони эҷодкор дар фаъолияти пайвастаи хеш муҳаббату эътимод ва дастгирии Ҳукумати кишвар, хосса Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ба ибораи худашон шоиронро дӯст медоранд, мунтазам эҳсос менамоянд. Таъсиси як қатор ҷоизаҳои давлативу соҳавӣ ба эҷодкорон гувоҳи равшани ин гуфтаҳост. Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, ки олитарин мукофот барои ҳар адиб аст, ба бонувони шоистаи мо Гулчеҳра Сулаймонӣ, Гулрухсор ва Фарзона эъто гаштааст. Ин шумор дар таносуб ба мардон камтар аст, аммо бояд иқрор шуд, ки ҳунар ва маҳбубияти шоир болотар аз унвону ҷоизаҳост.

 Бонувоне, ки ҷоизаҳои ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагонро ба даст овардаанд, бо осори адабӣ ва ҳунари касбии худ ба дараҷаи устодӣ расидаанд. Ин нукта бояд фаромӯш нашавад, ки ҳар эҷодкор бояд барои адабиёт холисона эҷод кунад. Касе ба умеди ҷоизаву дастмузд кори суханро пеш мебарад, ӯ муваффақ намешавад, зеро ин хиёнат ба адабиёт аст. Ангезаи эҷод бояд маънавию руҳӣ бошад, на моддиву ботамаъ. Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, дар бахшҳои назм ва насри Озмуни фарогири «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бисёр шахсони тасодуфие буданд, ки фақат ба хотири пул менавиштанд. На танҳо менавиштанд, балки бо мадади онҳое, ки аз адабиёт андаке сабақ доранд, навиштаҳои худро таҳриру такмил дода, даъвои ҷойҳои ифтихориро низ мекарданд. Дар тули чаҳор сол дар ин бахшҳои Озмун даҳҳо нафаре буданд, ки арзиши ин ҷоизаро надоштанд. Навқаламе, ки ҳатто сад байт намедонад, бо чанд шеъраке дар жанрҳои низомнома омада, соҳиби ҷоизае мешавад, ки маблағи он бештар аз ҷоизаҳои адабиву давлатӣ аст, ки адиби баркамол барои офаридаҳои арзишманд соҳиб мегардад. Вақте масъалаи моддиёт дар миён аст, адабиёти асил аз байн меравад. Агар баҳои холисона дода шавад, аз миёни миллион одам дар панҷ-даҳ сол фақат як ё ду эҷодкори асил мебарояд, - таъкид месозад устод Ато Мирхоҷа.

Ғамхориву таваҷҷуҳ ва меҳрубонӣ ба аҳли адаб дилгармкунанда аст, аммо бонувони қаламкаши тоҷик имрӯз ба кори адабиёт на барои пулу ҷоиза, балки ба хотири таскин бахшидани эҳсосҳои ботинии худ ба тараннуми шодиву ғам, дармону дардҳои ҷомеа ва шукуфоиву нусрати Тоҷикистон шуғл меварзанд. Бонувони эҷодкори тоҷик, фақат ба суханофарӣ иктифо накарда, баҳри пешбурди рӯзгор табибу омӯзгор, модару хонадор, муҳандису ҳисобдон, китобдору рӯзноманигор, роҳбару коргузоранд. Аз ин рӯ, сано мегӯем ба бонувоне, ки бе чашмдошти унвону ҷоизаҳо бо тараннумҳои ширину нишонрас бо як даст гаҳвораи зиндагиву бо дасти дигар гаҳвораи суханро такон медиҳанд ва ифтихорбахши мо ҳастанд.

Мафтунаи ҚОСИМ

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон