Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Зиндагиву зиндадилиро дӯст медорам»
ФарҳангЗулфия Қодирова. Ин ном ба аҳли фарҳанг ва ҳаводорони театр ошност, зеро ӯ аз саҳнаи театру майдони синамо бо алоқамандонаш дар гуфтугӯст. Ин бонуи ҳунар соли 1991 бо иҷрои нақши Зоя аз намоишномаи «Хонаи Зоя»-и М. Булкагов дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов рӯи саҳна омаду театршиноси маъруф Низом Нурҷонов пас аз он аз дурахши ситораи нави театри тоҷик
Зулфия Қодирова башорат дод. Инак, 33 сол боз машғули эҷод аст ва бо нақшҳои ҷолибу диданӣ дар театру синамо хотири бинандагонро шод мегардонад.
Барои огоҳии бештар ёфтан аз ҳаёт ва фаъолияти ӯ бо ҳунарманд суҳбате доштем, ки фишурдаи он манзури хонанда мегардад.
Биёед, суҳбатроазқиблагоҳатонҳусниоғозбахшем, Шуморобаоламиҳунармаҳзонкасроҳнамоӣкардаанд. Дар ҳоле ки дар он даврон аксари падарон ба ҳунарманд шудани духтаронашон зид мебаромаданд…
Дар хонавода шаш фарзанд ба воя расидем, се писару се духтар. Муҳити оилавии мо то андозае фарҳангӣ буд. Волидон, дар баробари таҳсил, ташвиқ мекарданд, ки навохтани созу асбобҳои мусиқиро аз худ кунем.
Медонед, падару модарам аз хурдӣ дар хонаи ятимон тарбият гирифтанд ва як умр заҳмат кашиданд, то мо соҳибмаълумоту зиёӣ шавем ва дар зиндагӣ он ранҷҳое, ки волидон кашиданд, мо накашем. Воқеан, бо хости падар ба ҷодаи ҳунар омадам ва соли 1987 ба Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Михаил Шепкини назди Театри хурди Иттиҳоди Шуравӣ, дар шаҳри Москва дохил шуда, давоми чор сол дар факултаи ҳунарпешаи театр ва синамо таҳсил кардам.
Баъд аз хатми Омӯзишгоҳ корро аз Театри ҷавонон оғоз карда, пасон ба Театри Маяковский гузаштед. Сабаб чӣ буд?
Гурӯҳи моро аз аввал барои фаъолият дар Театри ҷавонон интихобу тарбия карда буданд. Соли 1991 баъди хатми Омӯзишгоҳи театрӣ корро дар ҳамин театр оғоз кардем. Солҳои нооромӣ буд ва аксарияти ҳамсабақону ҳамкасбон аз соҳа рафтанд, аммо садоқат буд ё ишқ, ки ман дар театр мондам ва, ҳамзамон, бо Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский ва Театри академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ҳамкориро идома додам. Ин ҳамкориҳо барои камолоти шахсии ман нақши боризе гузоштанд ва ҳар як театр бароям мактаби алоҳида буд. Ҳам оилаву фарзандонро саришта мекардаму ҳам ба кори театр расидагӣ менамудам.
Ва аз соли 1997 рӯ овардед ба синамо…
Бале, дар ин сол ман ба Мактаби кинои Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон дохил шуда, аз устодони синамои тоҷик А. Тӯраев, Г. Дзалаев, филмсози маъруфи эронӣ М. Махмалбоф ва В. Ҳелмери олмонӣ дарсҳои маҳорати филмсозиро омӯхтам. Филми кӯтоҳе ҳам бо номи «Гул» эҷод кардам, ки дар кинофестивалҳои байналмилалии Афғонистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон соҳиби ҷоизаҳо шуд.
Баъд аз нақшофарӣ дар филмҳои «Қиёми рӯз», «Муаллим», «Роҳ» бо коргардонии Носир Саидов, «Марде, ки бо барф омад» бо коргардонии Муҳсин Махмалбоф (Эрон), «Чилла» бо коргардонии Саодат Исмоилова (Фаронса, Ӯзбекистон), «Сафари ҳавоӣ» бо коргардонии Далер Раҳматов ва ғайра мардум маро ҳамчун ҳунарпешаи синамо пазируфт.
Воқеан, бо иҷрои нақши Саёҳат дар филми «Роҳ» бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ сазовор гардидед…
Бале, дарёфти ин ҷоизаи бонуфуз дар қатори устодони синамо – Сафар Ҳақдодов, Георгий Дзалаев, коргардон Носир Саидов, ҳунармандон Далер Назаров, Мавлона Наҷмиддинова, Абдукарим Машраб барои ман мояи ифтихор аст. Нақши Саёҳате, ки ман дар ин филм офаридаам, яке аз беҳтарин нақшҳои синамоии ман аст, ки Носир Саидов қобилият ва истеъдоди ҳунарнамоии маро дар ин образ кашф кард.
Дар баробари ин, дар синамо бештар нақшҳои ҳаҷвиро мебозед. Ин интихоби худи шумост ё хости коргардон?
Шояд ин ба табиату хулқи ман вобаста аст. Ман зиндагиву зиндадилиро дӯст медорам. Дар саҳна ҳам ҳунарманд бояд зиндагӣ кунад ва нақшаш ба хӯю хислаташ созгор бошад.
Ман ҳазлу шӯхиро бисёр меписандам ва мехоҳам ҳама ба нозукиҳои он сарфаҳм бираванд. Ҳамин ҷиҳатҳоро ба инобат гирифта, коргардонҳо бештар маро барои иҷрои чунин нақшҳо интихоб мекунанд.
Шумо дар филмҳои хориҷӣ низ ҳунарнамоӣ кардаед. Аз таҷрибаатон мегуфтед…
Чунин имкониятро ба ман нахуст ҳамватани ҳунармандамон Оқил Ҳамидов дар Лаҳистон фароҳам овард. Баъдан бо коргардонҳои маъруфи Эрон М. Махмалбоф, Б.С. Расул ва Ш.Мукрӣ ҳамкорӣ доштам, ки аз онҳо низ бисёр чизҳоро омӯхтам. Бар замми ин, чеҳра, ҳунар ва сабки ҳунарпешагии тоҷикиро ба тамошобинони кишварҳои дигар муаррифӣ кардам, ки аз ин ифтихормандам.
Як вақтҳо муҳити театр зинда буду кино не. Ҳоло баръакс. Назари Шумо дар ин маврид?
Ба назари ман, театру синамои тоҷик баъди фурӯпошии системаи ягонаи шуравӣ, дар марҳалаи ташаккулёбӣ қарор дорад. Ман ба оянда хушбин ҳастам ва аз ҳар дастоварду намоиши хуб, филми диданӣ, ҳарчанд зиёд ҳам набошанд, хурсанд мешавам. Агар ҳар яки мо, сарфи назар аз мушкилиҳо, кори худро аз сидқи дил, ҳирфаӣ, ошиқона анҷом диҳем, он рӯз дур нест, ки боз толорҳои театру синамои мо пур аз тамошобин шаванд…
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
рӯзноманигор
Мубодила:
Шарҳҳо
