БОЙГОНӢ

«    Май 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Садои роҳатбахши Фархунда

Фарҳанг / Ҷавонон / Слайдер

 

Ровиён номи Фархунда, шашмақомсарои ҷавон, барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» дар жанри анъанавии номинаи сарояндагӣ дар соли 2024-ро мегиранд. Модар тифли худро ба дасти шавҳар дода, рӯйи саҳна мебарояд. Гиряи навзод ҳунармандони паси саҳнаро ба риққат меорад. Онҳо офарин мехонанд ба шуҷоату маҳорати як модари ҷавон, ки баҳри расидан ба ҳадафҳои олии хеш аз монеаву душвориҳои зиндагӣ ҳарос надорад. Садои роҳатбахши модар, ки «Қашқарчаи савти муҳайяр»-ро месарояд, ба Юсуфҷони нозпарвард оромӣ мебахшад, зеро ӯ ҳанӯз дар олами ибтидоии худ овози модарро дар пардаҳои мусиқии классикӣ шунидаву дар гаҳвора бо ӯ ҳамовоз буд. 

 

Дар олами бекарони «Шашмақом», ки олитарин навъи ҳунар аст, Фархунда навроҳ асту бо мадади устодони варзидаи соҳа сӯйи фардои дурахшон гом мебардорад. Садои маҳину нафиси ин шашмақомсарои навкор дилҳои ҳаводори мусиқии классикиро ба хурӯш оварда, аз дурахши як ситораи тобнок дар фазои софу беғубори ҳунар башорат медиҳад.

Фархунда Ғайбуллоева, хонандаи синфи 6 буд, ки бори аввал дар дарси мусиқии мактаб суруди «Мустаҳзод»-ро иҷро карду ҳамсинфону омӯзгоронро ба ҳайрат гузошт. Истиқболи гарми нахустин шунавандагон ғайричашмдошт дар дилаш меҳри санъатро бедор кард.

– Ҳаваси ширкат дар бахши сурудхонии озмуни телевизионии «Парвин» оромам намегузошт, ба падар орзуи худро баён намудам. Интизор надоштам, ки зодмандон иҷозат медиҳанд, зеро аксар «сароянда» шудани духтаронашонро қабул надоранд. Ғайричашмдошт қиблагоҳ, ки дӯстдори таронаҳои классикӣ буданд, таъкид карданд, ки сурудҳои шашмақом сароям, тамоми шароитро бароям фароҳам меоранд, - гуфт дар оғоз Фархунда.

Падар роҳкушои ояндаи ҳунарвар шуд. Ҳамроҳи ӯ аз Шаҳринав ба шаҳри Турсунзода мерафт, то ӯ дар мактаби бачагонаи мусиқӣ нозукиҳои мақомсароиро омӯзад. Азми ҷазм, ки дошт, дар муддати кӯтоҳ донишҳои нахустинро аз худ намуда, дар озмунҳои гуногун ширкат варзид ва ғолиб омад.

– Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» пайвандии маро бо «Шашмақом» собит намуд. Ба ғолибият дар озмуни сатҳи баланд ҳеҷ бовар надоштам. Танҳо ба эҳтироми устоди худ Гулмурод Худойбердиев, ки бароямранҷи бисёр кашидаанд, соли 2019 то даври ҷумҳуриявӣ расидам, - ба ёд меорад сарояндаи умедбахш.

Фархунда ғолиби ҷойи якум шудани худро дар соли аввали Озмун аз талошу ёрмандии волидону устодаш медонад. Ин ғалаба буд, ки ӯ тавонист пешаи ояндаи худро қатъан интихоб намояд. Баъди хатми мактаби миёна ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов дохил шуду аз устодони варзидаи соҳа Мастона Эргашева, Фароғат Азизова, Хуршед Иброҳимов ва дигарон ба таври ҷиддӣ назарияву амалияи жанри «Шашмақом»-ро омӯхт.

– Фархунда Ғайбуллоева дорои истеъдоди нодир аст. Овози хос дораду бо такмил ва тамрини пайваста метавонад аз беҳтарин шашмақомсароёни кишвар бошад. Аллакай дар чандин чорабиниҳои давлатӣ ва барномаҳои телевизиониву радио маҳорати хешро нишон додаву ҳамчун чеҳраи тоза шинохта шудааст. Ҳини таҳсил дар Консерватория низ аз донишҷӯёни фаъол ва ҷиддӣ буд,- ифтихор аз шогирди худ намуд устоди Консерваторияи миллӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хуршед Иброҳимзода.

Зимни суҳбат ҳунарманди варзидаи Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Иброҳимзода, ҳамчунин дар бораи дастгирии бонувони соҳибистеъдод, мушкилоти соҳа ва таваҷҷуҳи ҷавонон ба оҳангҳои классикӣ ибрози андеша намуд:

– «Шашмақом» мусиқии баланди суннатӣ аст, ки фидоӣ буданро талаб мекунад. Устодони гузаштаву имрӯзи мо аз шумори бонувон Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Нигина Рауфова, Мастона Эргашева, Саодат Умарова, Хосияти Зарафшонӣ, Лола Азизова, Озода Ашӯрова ва дигарон дар пардаҳои «Шашмақом» ва савти классикӣ бисёр оҳангҳои дилошӯбе эҷод кардаанду то ҳол шунавандаву ҳаводори худро доранд. Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳӣ қасрҳои бошукӯҳи фарҳанг ва мактабҳои санъати бачагона амал мекунанд, ки дар тарбияи истеъдодҳои нав нақши калидӣ мебозанд. Ҷавононе, ки ҷавҳари ҳунар ва муҳаббат ба касби хеш доранд, дар ин роҳ муваффақ хоҳанд шуд, - меафзояд устоди забардаст.

 

Сарфи назар аз таваҷҷуҳи доимиву хоссаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ба «Шашмақом»-у шаммақомхонон, гоҳо ба назар мерасад, ки ҳунармандони ҷавон аз пайи чолишҳои зиндагӣ пешаи хешро дар нимароҳ гузошта, шуғлҳои дигарро пеш мегиранд. Қисме рӯ ба таронаҳои сабуку кӯчабозорӣ меоранд, ки шунавандаю ҳаводори бештар доранд, аммо бар он боварем, ки Фархундаи хушово бо ҳамсафари ҳаёташ Бахтовар Давлатов, сардирижёри Оркестри камеравии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардирижёри оркестри Консерватория, давомдиҳандаи ҳунари устодони бузурги санъати асил хоҳанд буд, зеро пайванди Фархунда бо ҳунар фақат орзуву ҳаваси бачагӣ набуда, дилмашғулиаш асту айни замон дар ансамбли «Шашмақом»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев фаъолият карда, баҳри расидан ба қуллаи орзуҳояш, ки тавъам бо шашмақомхонианд, талош меварзад.

Мафтунаи ҚОСИМ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон