БОЙГОНӢ

«    Август 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҳулбук дар оинаи таърих

Фарҳанг / Слайдер

Ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудани ёдгориҳои «Хутали Қадим» аз муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангии Тоҷикистон аст, ки бо ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати пажӯҳишгарони риштаи бостоншиносии тоҷик ба даст омадааст. Аз ёдгориҳои «Хутали Қадим», аз қабили Қалъаи Ҳулбук, Шаҳристони Ҳулбук, Шаҳраки Манзаратеппа (ноҳияи Восеъ), Дайри буддоии Аҷинатеппа (ноҳияи Вахш), Қалъаи Золи Зар, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин (ноҳияи Данғара), Шаҳраки Ҳалевард (ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ), Шаҳристони Золи Зар, Корвонсаройи Тоҳир, Шаҳртеппа (ноҳияи Фархор) ва Дайри буддоии Хишттеппа (ноҳияи Ховалинг), хоса, маҷмааи Қалъаи Ҳулбук ҳамчун маркази сиёсию маъмурии давлати Хутали Қадим ва намунаи олии санъати меъмории асримиёнагӣ, таваҷҷуҳи оламиён, ба хусус, олимону пажӯҳишгарони риштаи бостоншиносиро ба худ ҷалб бинмудааст.

Тибқи маълумотҳои илмӣ ва ҳам сарчашмаҳои антиқа Ҳулбук ба унвони пойтахти давлати Хуталони аҳди Сомониён муаррифӣ гардидааст. Дар асоси маълумотномаҳои ёдраснамудаи ҷуғрофиёшиносони Мақдуния пойтахти Хуталони Қадим бо номи Ҳулбиса ба ҳамин Ҳулбук шабоҳат дорад. Ҳамчунин, мавзеи ҷойгиршавии Ҳулбук аз лиҳози стратегӣ ба ҳар роҳу восита ба Чину Ҳиндустон, Аврупо ва ба қисмати шимол як чорсӯ буда, ки ба ин хотир Ҳулбук аз аҳди қадим дар Мовароуннаҳр ва Осиёи Миёна мавқеи меҳварӣ дошт.

Бинобар гуфтаи Абдулло Хоҷазода, директори Муассисаи давлатии Мамнуъгоҳи таърихӣфарҳангии Ҳулбук, ин диёри таърихӣ чаҳор сарвати муҳими содиротӣ дошт ва корвониён тавассути Роҳи абрешим, ки аз шафати ҷанубии Қалъаи Ҳулбук, имрӯза шоҳроҳи дар замони истиқлол бунёдгардида рост меояд, ину он молҳои истеҳсолии давлати Хутали Қадимро ба ақсои олам мебурданд. Ҳамвора, корвонҳои сайёҳону тоҷирони кишварҳои Шарқу Ғарб тавассути гузаргоҳи Тирмиз, ки шаҳри бандарии шоҳи Хуталон ба ҳисоб мерафт, аз ҳудуди ин давлат мегузаштанд. Ҳамин сон, мавқеи ҷуғрофӣ ва ба шарофати чаҳор сарвати муҳими ин сарзамин, аз ҷумла кӯҳҳои намаки Хоҷамуъмин ва Хоҷасартез, яке дар масофаи 5, дувумӣ дар 20 киллометр дуртар аз шаҳри қадимии Ҳулбук, инчунин, дар масофаи 90 километр кони тиллои Шугнов, аспҳои бодпои хатлӣ ва рушди саноати шишасозӣ, ки тоҷирон ин молу амволро ба мамолики дунё содирот менамуданд, Хутали Қадимро машҳур ва ҳам мавриди таваҷҷуҳи оламиён гардонда буд. Дар баъзе мавридҳои таърихӣ намак ҳамчун ченак ба ҳисоб рафта, маводи додугирифт бо он андозагирӣ карда мешуд.

- Ҳулбукро ба унвони қадимтарин мавзеи таърихӣ ва меросбари миллати тамаддунофар муаррифӣ намудани халқи тоҷик, аз орзуву ормони бостоншиносони мо буд, ки солиён дар ин макон тадқиқотҳои археологӣ гузарондаанд. Ёд дорам, ҳанӯз декабри соли 1993, дар шабу рӯзҳое, ки фикру зикри ҳама ба дарёфти нону таъмини сулҳу салоҳу осоиштагӣ буд, мо, як гурӯҳ пажӯҳишгарони мавзеи таърихии Ҳулбук, аз ҷумла Эркиной Ғуломова, Владимир Бажутин, Шералӣ Хоҷаев ва инҷониб лоиҳаи таъсиси Корхонаи илмӣ-лоиҳавии «Ҳулбук»-ро таҳия намуда, ба роҳбарони вилоят муроҷиат кардем,- ба ёд меорад Абдулло Хоҷазода.

- Раиси вақти вилоят Абдуҷалол Салимов нисфи шаб моро қабул карда, баъди шунидани арзамон чунин гуфт:

«Ман гумон кардам, ки шумо ба хотири таъмини маводи ғизоӣ ин роҳи пурхатарро тай карда омадаед». Зимни суҳбат атрофи ин мавзуъ Абдуҷалол Салимов иброз дошт, ки тамоми муроҷиату пешниҳоди мардум ба Сарвари давлат расонда мешаванд ва мутмаин бошед, ки ба масоили ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва дигар арзишҳои милливу фарҳангӣ расидагӣ хоҳанд кард.

Ҳамин тавр, баъди 10 сол бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳулбук таъсис дода шуд. Гузори солиёни ҷаҳду талошҳои фарҳангпарваронаи Президенти Тоҷикистон ба хотири эҳёи арзишҳои миллӣ ва муаррифии фарҳанги тамаддунофари тоҷикон дар арсаи ҷаҳон, бостоншиносон бовар ҳосил намуданд, ки дар масири рӯнамоии воқеияти таърихиву исботи илмии қадимтарин миллати башар ва меросбари тамаддуни ориёӣ ба ҳисоб рафтани халқи тоҷик, соябону пуштибони қавӣ доранд. То истиқлоли давлатӣ барои бостоншиносони тоҷик муаррифӣ намудани қадимтарин ёдгориҳои таърихӣ кори саҳлу сода набуд. Дар ин ҷода месазад аз корномаи мондагори бостоншиноси тоҷик Эркиной Ғуломова ёдовар шавем, ки ба хотири ҳифзи мавзеъҳои таърихӣ ва собит намудани он ки Қалъаи Ҳулбук таърихи қадимтар аз асри XI ва XII дорад, фидокориҳое ногуфтание анҷом додааст.

 - Нахустин экспедитсияи бостоншиносӣ дар Қалъаи Ҳулбук аз соли 1951 бо роҳбарии Борис Литвинский оғоз гардида, то соли 1978 дар ҳисоботи солонаи пажӯҳишгарон ин мавзеи таърихӣ бо номи Хишттеппа дарҷ мегардид. Маҳз бо собит намудани далелҳои қатъӣ аз натиҷаи бозёфтҳои ёдгориҳо аз ин мавзеи таърихӣ, Эркиной Ғуломова собит намуд, ки макони мавриди кофтукобҳои бостоншиносӣ бетардид ҳамон Қалъаи таърихии Ҳулбук - пойтахти давлати Хутали Қадим аст, ки дар аҳди Сомониён марбут ба асри IX - X арзи вуҷуд дошт. Воқеан ҳам, устоди мо дар риштаи бостоншиносӣ тамоми зарбаҳои сиёсиро бар дӯш гирифта, дар санадҳои ҳисоботӣ ин мавзеи таърихиро Ҳулбук дар қавс «Хишттеппа» дарҷ менамуд, ки ин ҷасорати касбӣ дар замони собиқ шуравӣ таҳаввулоти муҳимеро ба сар оварда буд. Маҳз Эркиной Ғуломова буд, ки бо донишу заковат ва мавқеъгириҳои ҷасуронаи худ мухолифи сиёсати пахтакорӣ истодагарӣ карда, нагузоштанд, то дар мавзеи таърихии имрӯза Шаҳристони Ҳулбук корхонаи вилоятии таъминоти газ таъсис дода шавад, ё худ дар марзҳои имрӯза ҳудуди мавзеи таърихии Манзартеппаи ноҳияи Восеъ пунба бикоранд.

Тибқи маълумоти масъулони МД Мамнуъгоҳи фарҳангӣ-таърихии «Ҳулбук» тули солиёни ковишҳои бостоншиносӣ ҳудуди маъмурии Ҳулбуки бостонӣ аз 70–90 гектар то 280–300 гектар домон густурд, ки ин хулосаи бикри олимону пажӯҳишгарон аз натиҷаи пажӯҳиши мукаммал дар ин остони таърих арзёбӣ мегардад. Ҳамчунин, масоҳати ҳудуди мавриди пажӯҳишҳои бостоншиносон дар мавзеи таърихии «Шаҳристон» 16 гектар ва масоҳати мавзеи «Манзартеппа»-и бостонӣ бошад 90 гектарро дар бар мегирад.

Дар партави сиёсати фарҳангпарварона ва мароми меҳандӯстонаи Пешвои миллат, ки бо эҳёи фарҳангу муаррифии мероси ниёгони халқи тоҷик миллату давлати соҳибистиқлоли моро ба оламиён муаррифӣ доранд, раванди ковишҳои ҳафриётӣ дар мавзеъҳои таърихии кившар, аз ҷумла мавзеи «Манзартеппа»-и Ҳулбук вусъати тоза пайдо карда истодааст. Дастовардҳои як соли охири бостоншиносон, ки баъди таҳлилу хулосабарориҳои амиқи илмӣ муаррифӣ хоҳад шуд, баёнгари гуфтаҳои болост, ки дар жарфнои сарзаминҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон асрори беназире аз қадимтарин тамаддуни башарият нуҳуфтааст.

Бозёфтҳои зарфи сафолии асри биринҷ дар соли 1979 ва дарёфти ҷасадҳои зану чаҳор тан мардон дар соли 2004, ки марбут ба асри биринҷ буда, таърихи зиёда аз 3,5-ҳазорсола доранд, бостоншиносонро водор менамояд, ки ковишҳои ҳафриётиро дар мавзеъҳои таърихии ноҳияи Восеъ идома дода, ҷавҳари таърихи башариятро барои наслҳои имрӯзу ояндаи олам рӯнамоӣ созанд.

Бинобар маълумотҳои Дӯстмурод Ёрматов, нозири ёдгориҳои таърихии бахши фарҳанги ноҳияи Восеъ, дар ҳудуди ноҳия 144 мавзеи таърихӣ арзи вуҷуд дорад, ки 114-тои он шомили феҳристи ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Умед доремки дастовардҳои бостоншиносон ва ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шудани ёдгориҳои таърихии «Хутали Қадим», аз ҷумла мавзеъҳои таърихии Ҳулбук, Манзартеппа ва Шаҳристони ноҳияи Восеъ, ба марҳалаи навини пажӯҳишҳои бостоншиносӣ дар тамоми манотиқи Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида бошад.

Дар баробари ёдгориҳои таърихии «Шоҳбика», «Ғелот», силсилашаҳрҳои қадимии Пушёни Боло ва ғайраҳо дар ҳудуди ноҳияи Восеъ бешумор чашмаҳои таърихӣ арзи вуҷуд доранд, ки бо рушди бахшҳои гуногуни сайёҳӣ метавон таваҷҷуҳи садҳо сайёҳони дохиливу хориҷиро ба ин сарзамини пурасрори бостонӣ ҷалб намуд. Дар ин росто, хуб мешуд дар ноҳияи Восеъ пойгоҳҳои муосири пажӯҳишӣ-омӯзишӣ таъсис дода шаванд, зеро, ончуноне ки тавассути ковишҳои бостоншиносӣ дар баробари асрори беназири таърих, ҳамчунин, ба ҷаҳониён панҷ рукни шаҳрдории муосири пойтахти давлати «Хуталони Қадим» - шаҳри қадимаи Ҳулбук муаррифӣ карда шуд, мутмаинем, бо идомаи корҳои илмиву ковишҳои ҳафриётӣ дар мавзеъҳои таърихӣ, асрори беназири қадимтарин давлату қавмҳои башар кашшофӣ ва ба аҳли олам рӯнамоӣ хоҳад гашт.  

                                                            Ҷамолиддин САЙФИДДИН,

                                                                     ноҳияи Восеъ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2025_small_.pdf [4.18 Mb] (зеркашиҳо: 16)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон