БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Нони меҳнатӣ ширин бувад

Фарҳанг

 Ҳунармандӣ ҳамин аст…

Барои харидории лавозимоти ҳунармандӣ ба бозори «Корвон» - и пойтахт омад. Холнисо асосан матоъ, риштаю сӯзан ва муҳраю сангчаҳои ороиширо барои дӯхтани либосҳои миллӣ аз бозорҳои шаҳр мехарад, зеро тариқи чакана гирифтани ин маҳсулоти хоми корӣ барои нархгузории либосҳои дӯхтааш мувофиқ аст. Сирри муваффақияти бонуи ҳунарманд ҳам дар он аст, ки вақте ӯ маҳсулоти дастиашро бо нархи дастрас пешкаш менамояд, мизоҷону ҳаводорони ҳунараш ба маротиб зиёд мешаванд.

Сари бозор зани ношиносе пеши роҳи Холнисоро гирифт. Ӯ ҳайратзада ба бону назар дӯхта пурсид: «Апа, шуморо як дақиқа мумкин? Ҳамин нақши куртаи духтарчаатон ба ман писанд омад. Розӣ бошед, онро тариқи телефонам нусха бардорам.»

Ростӣ, вақте бо коре ҷое меравам, ҳар сари қадам бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ мешавам. Бо шавқу завқи беандоза ҳавасмандони чакан мепурсандам, ки ин нақшҳоро аз куҷо пайдо кардаам ё ин нақшҳои кадом минтақа аст. Мегӯям, ки агар аз нақшҳои рӯи матоъ овардаам якеаш аз эҷоди худам бошад, аксарашонро чун дигар ҳунармандон нусха мебардорам. Ҳунармандӣ ҳамин аст, - мегӯяд Холнисо Сафарова.

 Мафтуни ҳунар

Агарчи модару бибии Холнисо аз зумраи ҳунармандони маъруфи деҳаи Нӯшори ноҳияи Тоҷикобод бошанд ҳам, ӯ ҳаваси дӯхтану бофтанро надошт. Мехост табиб шаваду хилъати сафед ба бар, ба беморон дармон бахшад, вале аз он ки ҳунармандӣ воситаи асосии пайдо намудани ризқи хонаводаашон буд, волидон ӯро ба ҳунарандӯзӣ тарғиб карданд. Бо модари қаламкашаш, ки рӯи матои либосҳои наварӯсон нақш меофарид, субҳ то шом духтарони хонавода кашидадӯзӣ менамуданд. Маҳсулоти дасти онҳо - болишту кӯрпача, сӯзанию сарандозҳои гулдӯзӣ ородиҳандаи хонаи ҳар як наварӯс буд. Дунёи ҳунар Холнисоро ончунон мафтун сохту ба худ кашид, ки дигар бидуни зебоиофариҳои ҳунар худро ҳеҷ медонист.

 

- Бо тавсияи волидон, ки орзуи ҳунарманди муваффақ шуданамро доштанд, пас аз хатми МТМУ № 6 – и ноҳияи Тоҷикобод ба Литсейи касбии № 33-и шаҳри Душанбе шомил гардидам. Дар ин мактаби ҳунар усулҳои нави ҳунармандиро омӯхтам, ки алҳол, онҳоро дар раванди кор истифода мебарем, - иброз медорад бонуи ҳунарманд.

Дӯзандаи тоҷикободӣ

Дар урфият мегӯянд, ки «духтар тири фалахмон аст». Холнисо низ чун тири тақдир ба деҳаи Пилдони Болои ноҳияи Лахш афтид. Шавҳараш, Сайфариддин донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳангоми ба деҳа баргаштан бештари ҳафтаҳо ҳамсафари Холнисо мегашт. Риштаи тақдир онҳоро бо ҳам пайваст. Алҳол, аз зиндагии якҷоя соҳиби ду фарзанди дӯстрӯ мебошанд.

Шавҳарам дар минтақа вобаста ба ихтисоси азбарнамудааш кор пайдо карда натавонист. Аз ин хотир, ба кишвари Россия ба муҳоҷират рафт. Талош менамоям, то дар баробари заҳматҳои ҳамсари муҳоҷирам саҳми худро дар беҳшавии буҷети хонавода гузорам. Маблағи аз ҳунар ёфтаамро сарфи ободии хонаву дар ва рӯзғор менамоям, - мегӯяд бону Холнисо.

Фармоиши мизоҷонро, сарфи назар аз кадом намуди маҳсулоти ҳунармандӣ қабул намуда, сари вақт омода месозад. Аксари мизоҷон аз рӯзҳои аввали омодагиҳо ба тӯйи арӯсии фарзандонашон то ба дунё омадани тифли навзод тайёр намудани сарулибоси навхонадорон ва ҷиҳози гаҳвораро ба ин бонуи ҳунарвар фармоиш медиҳанд. Болишту кӯрпаю кӯрпача, дастархони попурию қӯроқӣ, сӯзанию куртаҳои гулдӯзӣ, ки имрӯз зеби хонаи наварӯсони ноҳияи Лахш аст, маҳсули дастии Холнисо мебошанд.

 

Ин бонуи ҳунарвар ҳамчунон дар арафаи иду ҷашнҳо бо дархости гулдухтарони маҳал барояшон куртаю поҷомаҳои гулдӯзию попурӣ омода месозад. Кокул ё ҷамолакҳои муҳрадор, ки солҳои охир байни ҷавондухтарон ба истилоҳ «мӯд» шудааст, ба гуфтаи мардуми деҳаи Пилдони Боло ҳамин ҳунарманди тоҷикободӣ тайёр мекунад.

 Ҳунарманд қадр мешавад

- Меҳнати ҳунарманд ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадр шуд, имрӯз пешаварон ва посдорони ҳунарҳои миллӣ низ дар ҷомеа сарфарозанд. Ҳар ҷо намунае аз ҳунарҳои мардумӣ дида мешавад, он аз тарафи мизоҷон пазируфта мешавад ва харидор пайдо менамояд. Ин аст, ки бештари бонувон майл ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ доранд ва талош меварзанд, то аз ҳунар баҳравар шаванду дар пешбурди зиндагӣ ва беҳ сохтани вазъи иқтисодии хонавода саҳм гиранд, - меафзояд бону Холнисо.

Ба ҷуз он ки бонуи ҳунарвар фармоиши мизоҷонро дар омода намудани сарулибос ва дигар маҳсулоти гулдӯзӣ қабул менамояд, ҳамчунин, дар асоси шартнома бо Маркази шуғли аҳолии ноҳияи Лахш ба бонувони корҷӯ ҳунар меомӯзонад. Ӯ чанде пеш барои дарёфти Гранти президентӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш муроҷиат намуд. Бо ба даст овардани ин маблағ Холнисо нияти ба кор андохтани коргоҳи хурди дӯзандагиро дорад.

Бонувони маҳал ташнаи ҳунарандӯзианд. Шавқу ҳавас ва маҳорати касбомӯзии духтаронро дида, андешаи роҳандозӣ намудани коргоҳи дӯзандагӣ ва бо ҳунар фаро гирифтани бонувони маҳал ӯро ба сар омад. Ба ин васила ҳаводорони ҳунарҳои мардумӣ афзуда, занону духтарон соҳиби кору зиндагии шоиста мегарданд.

Модар мегуфт, ки хӯрдани нон аз меҳнати ҳалол ширин аст. Наздиконам заҳматҳои шаборӯзиамро дида, маслиҳат медиҳанд, то тарки пеша намоям, зеро ҳунармандӣ кори мушкилу пурдиққат мебошад. Вақте гулу шохаҳо бо рангҳои дилчасп рӯи матоъ ранги дигар мегиранд ва ё зебоиҳои тасхиркунанда боиси васфи ҳунарманд мешаванд, руҳ болидаву мушкилиҳо фаромӯш мегарданд, - меафзояд бонуи ҳунарвар Холнисо Сафарова.

Қутбия НЕЪМАТУЛЛО,

ноҳияи Лахш

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_МАХСУС_small.pdf [3.23 Mb] (зеркашиҳо: 11)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон