Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Нони қаламӣ
ФарҳангСаргузашти бонуе, ки на танҳо дар Рӯзи муқаддас ба дунё омадааст, балки ҳодисаҳои муҳиму таърихии зиёдро шахсан шоҳид буд. 9-уми сентябр – Рӯзи Истиқлоли давлатӣ, бегуфтугӯ барои тоҷикон Рӯзи муқаддас аст. Барои Фирӯзаи Саид ин сана боз рӯзи таваллуди ӯст. Гӯё тақдиру таърих аз оғоз ба ин духтари наврас, ки дар 16-солагии мавлуди ӯ Ватан мустақил шуд, рисолати хос дод - ҳамзамон бо нафаси озодии кишвар ба арсаи зиндагӣ қадам гузорад ва садои мардумро ба таърих расонад.
Ҳанӯз овони мактабхонӣ Фирӯза ба калому шеър дил баст. Дар чорабиниҳои мактаб нақши ровиро иҷро мекард. Барои ин омодагӣ медид, ҷасоратро дар худ ҷой медод, шеърҳои зиёди шоирони классикии форсу тоҷик ва муосирро аз ёд мекард.
Маҳз ҳамин муҳаббат ба сухан ӯро ба соҳаи журналистика овард. Соли 1992, вақте кишвар ноором буд, ӯ ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд. Дар ҳамон давраи мушкил як рӯзи гарми моҳи сентябр бо ҳамсабақонаш тасмим гирифт, ки ба Хонаи радио бираванд, чун аз овони наврасӣ ба садои радио дилбастагии зиёд дошт. Вақте ба Хонаи радио омаданд, муҳити пуршӯру шавқи кори эҷодӣ дили Фирӯзаро батамом ҷалб кард. Ҳамин буд, ки бо вуҷуди вазъияти ноустувори сиёсӣ, вай коромӯзии ғайрирасмиро дар ин даргоҳ сар кард. Ин оғози роҳе шуд, ки тамоми умрашро ба он бахшид ва инак, 33 сол аст танҳо як роҳро медонад: аз хона ба радио ва баръакс.
Аслан ин як таъбири рамзист. Вагарна дар ин се даҳа маҳз ба шарофти ин даргоҳ гуфтан мумкин тамоми Тоҷикистонро дид ва шинохт. Аввалин корҳое, ки ба ӯ бовар карданд, дар назар сабук менамуд. Вагарна мусоҳиба оростан дар он рӯзҳо бо даҳҳо нафар, ки бо умед ба радио меомаданд, то пайвандонашонро тавассути барномаи «Хоки Ватан» ҷустуҷӯ кунанд, осон набуд. Фирӯза бо онҳо мусоҳиба мекард, ашки қатору дилсӯзашонро медид ва қиссаи ғамангезу фоҷиавиашонро ба садои раҳму шафқат табдил медод. Таҳаммул кардани ҳамаи ин барои як духтари ҷавон душвор буд, аммо ӯ медонист, ки кадом роҳро интихоб кардааст.
Нақлиёти ҷамъиятӣ кам, маош ночиз, аммо ӯ аслан барои маош ҳам кор намекард. Ҳоло корманди расмӣ ҳам набуд, диктафон дар даст шаҳрро пиёда мегашт ва барои барномаҳои ҳамкорон гузоришу мусоҳиба омода менамуд. Баъд аз ӯ ҳам тақозо шуд, ки идеяи барномаи хоси худро пешниҳод намояд.
Фирӯза сенарияи барномаи «Ҳамсолон»-ро сохт, ки ба масъалаву мушкилоти ҷавонон бахшида мешуд. Он вақт кам касон ҷуръат мекарданд, ки дар бораи нашъамандӣ, ҷиноятҳои гуногун ё фоҳишагӣ ошкоро гап зананд. Аммо вай ба боздоштгоҳҳову муассисаҳои ислоҳӣ, беморхонаи руҳӣ мерафт, қаҳрамон меёфт ва барнома месохт. Бисёр вақт ин барномаҳо мустақим пахш мешуданд, ки масъулияти бузург талаб мекард. Танҳо пас аз як солу ҳафт моҳи коромӯзӣ ва санҷиш, бо фармон расман ба ҳайати кормандони радио шомил шуд. Ҳамин тавр, тавонист рухдодҳои таърихии кишварро шоҳид бошаду ба самъи шунаванда бирасонад. Ӯ то ҳол ба ёд меорад, ки соли 1997, ҳангоми пахши барномаи «Кишоварз», ногаҳон мусиқӣ қатъ ва сармуҳаррири барномаҳои хабарӣ Мадумар Норматов эълон кард: дар Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид!
Дар ҳамон лаҳза студияи радио ба макони шодиву ашк табдил ёфт ва Фирӯза дарк кард, ки журналистика на танҳо расондани хабар, балки сабти таърих аст.
Пештар аз ин, дар таҷлили чандин гузаштҳои низомӣ ва таҷлили Ҷашни Истиқлоли давлатӣ барномаҳои мустақимро ӯ ҳам ровигӣ мекард. Дар қатори таърихномаҳои ба номи ӯ сабтшуда, ҳамчунин мешавад аз ин ҳам ёд овард, ки аввалин барномаи «Субҳ»-и радиоро маҳз ӯву Фаррух Зиёев оғоз бахшиданд. Дар кушодашавии ТВ «Сафина» – аввалин шабакаи телевизионии алтернативии умумимиллӣ ҳам, яке аз се ҷуфти барандаҳо Фирӯзаи Саид буд.
Ҳамин тавр, тули фаъолияташ дар радиову телевизион, ӯ садҳо барномаи хотирмон офарид. Танҳо дар хазинаи тиллоии радио зиёда аз 400 барномаи «Рисолати муқаддас» ва 200 барномаи «Асолати миллӣ» маҳфуз аст. Ҳар кадоме аз ин барномаҳо ҳуҷҷати таърихӣ ҳам ҳастанд. Мардум медонистанд, ки паси садои Фирӯза шахсе меистад, ки ба онҳо рост мегӯяд, бо эҳтиром сухан меронад ва ғами онҳоро ғами худ медонад.
Фирӯзаи Саид танҳо ба ровигӣ маҳдуд намонд. Муддате сармуҳаррири идораи ҷавонон ва наврасони Радиои Тоҷикистон буд, баъдан сармуҳаррири идораи фарҳангӣ-фароғатии ТВ «Сафина», муовини аввали директори Радиои Тоҷикистон, сармуҳаррири барномаи «Субҳ» дар ТВ Тоҷикистон ва сипас муовини директори ТВ Тоҷикистон низ кор кардааст. Дар ширкатҳои бузурги радиову телевизионии Токио, Анқара, Истамбул, «Мавҷи Олмон» такмили ихтисос намудааст. Ҳамзамон, курси такмили ихтисоси «Зан – роҳбар»-ро дар Тоҷикистон гузаштааст.
Ба телевизион бо супориши роҳбарият рафт. Гарчанде радио меҳвари асосии дилаш буд, дар телевизион низ истеъдоди худро нишон дода тавонист. Замоне ҳамчун муовини аввали директори Радиои Тоҷикистон кор мекард ва бештар пайи корҳои маъмурӣ ва идорӣ буд, дар телевизион рӯзҳои чоршанбе барномаи «Пайванд»-ро омода менамуд. Баъд аз соати 23 то 2-и шаб барномаи «Шабзиндадор»-ро дар радио ба шунавандагон мерасонд. Аҷиб буд, ки дар дили шаб ҳам шунавандаҳояш бисёр буданд. Саволҳо медоданд, дархост мекарданд, барнома ӯро ба мардум боз ҳам наздиктар сохт.
Истеъдоди ӯ танҳо дар эфир маҳдуд намонд. Ӯ муаллифи чандин китоб аст: «Инқилоби орзуҳо», «Пайғоми рӯшноӣ», «Меҳроби сухан». Китоби наваш - «Рисолати муқаддас», ки барномаҳои муҳимашро ҷамъбаст мекунад, барои чоп омодааст. Ин китобҳо мисли барномаҳояш руҳи замонро ҳифз мекунанд.
Фирӯзаи Саид фаъолияти пурсамари худро бо ҷоизаҳои зиёд оро дод: Аълочии матбуот, фарҳанг, радио ва телевизион, нишони «Сухан» аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Лоҳутӣ (соли 2012), Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Фирӯза таъбире ҷолиб дорад: «Нони қаламӣ хӯрдан осон нест». Ба андешаи ӯ, журналист бояд ҳамеша барои идеяҳои нав ва масъулиятҳои бештар омода бошад. Ӯ медонад, ки баъзе барномаҳоро бо эҳсос мехонанд, вале инро ҳам фаромӯш намекунад, ки барномаҳои сиёсӣ зиракии сиёсӣ ва огоҳии махсусро тақозо мекунад. Корномаи Фирӯзаи Саид ба як мактаби хоксорона, вале муассир табдил ёфтааст. Як вижагии дигари матолибаш, қобилияти «тарҷума» карда тавонистан аст. Ӯ шикояти содаи як модар, саволи кӯтоҳи як омӯзгор, ё нигаронии як соҳибкорро барои масъулон фаҳмотар мегардонад. Ҳамин аст, ки гузоришҳои ӯ на танҳо аз ҳодиса мегӯянд, балки роҳ нишон медиҳанд, ки мушкил чист, роҳи ҳал куҷост ва аз кӣ чӣ интизор метавон буд…
Садои ӯ ҳамеша ором, вале боэътимод, суханаш боэҳтирому қатъист. Ин аст асрори бовару муҳаббати мардум ба ӯ ва ҳамин аст, ки Фирӯза Саид имрӯз на танҳо ҳамчун як рӯзноманигор, балки як рамзи садоқат ба сухан ва рисолати зан дар ҷомеаи тоҷик аст.
«Бонувони Тоҷикистон»
Мубодила:
Шарҳҳо
