БОЙГОНӢ

«    Октябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Духтари фарҳангоин

Фарҳанг

Баҳори фархундапай бо омадани худ ба ҳар як гирду вана нишоне аз худ боқӣ мемонад. Шукуфтани гулҳои баҳорӣ, сабз шудани талу теппаҳо, гул кардани дарахтон, ин ҳама аз зебоиҳои баҳор дарак медиҳанд. Гулбаҳор низ яке аз нишонаҳои баҳори нозанин аст. Ӯ зодаи деҳаи Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб буда, дар хонаводаи Абдулфайёз Одинаеви омӯзгор ба дунё омадааст. Миёни се бародар Гулбаҳор эркаи падар буд. Муҳити гарми хонаводагӣ, муҳаббати падару модар, аз овони кӯдакӣ ӯро ҳассос, меҳрубон ва пур аз эҳсоси масъулият тарбия кардааст. Падар омӯзгори равияи илми риёзӣ буд, аз ин рӯ, меҳри илмҳои дақиқ дар қалби Гулбаҳор ҳанӯз аз хурдӣ ҷӯш мезад. Ин буд, ки дар озмуну олимпиадаҳои мактабӣ, шаҳриву вилоятӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегардид.

Ҳини интихоби касб падараш гуфт: «Гулбаҳор, аз хурдӣ ба шеъру сухан ошноӣ дориву вориди ин дунё гаштаӣ, хуб мешуд рӯзноманигориро бипазирӣ». Сухани падар сабаб гашт ва ӯ рӯзноманигориро интихоб намуд. Пас аз хатми мактаби миёна, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, таҳсилро дар факултети журналистика идома дод.

Айёми таҳсил донишҷӯйи фаъол ва гирандаи стипендия буд. Дар чандин озмунҳои факултет ва Донишгоҳ иштирок намуда, борҳо бо ифтихорномаҳо қадр шудааст. Иштироки фаъолона дар дарсҳо, интизоми намунавӣ, таҳсил бо баҳои хубу аъло буд, ки Гулбаҳор зинаи бакалаврро бо дипломи сурх хатм намуда, таҳсилро дар зинаи магистратура идома медиҳад. Дар фазои расонавии кишвар, ки рӯз аз рӯз густариш меёбад, чеҳраҳои нави умедбахш ва соҳибистеъдод арзи ҳастӣ мекунанд. Гулбаҳор низ яке аз чунин чеҳраҳо мебошад. Сар аз курси ду дар журналистикаи амалӣ қадамҳои нахустин гузошт. Ҳамкорӣ бо рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ ва марказҳои рӯзноманигорӣ таҷрибаи ӯро дар ин роҳ бештар менамуд. Ин буд, ки соли 2023 фаъолияти худро дар Радиои Фарҳанг ба таври расмӣ оғоз бахшид ва имрӯз яке аз садоҳои шинохтаи ин шабака аст.

Барномаи иттилоотии «Ахбор», барномаи мустақими субҳгоҳии «Ойинадори нур» ва барномаи муаллифӣ бо номи «Хубрӯён» аз ҷумлаи тарҳҳоеанд, ки Гулбаҳор дар онҳо бо забони ширину шево ва сабки хос шунавандаро ҷалб месозад.

 

Бахусус барномаи муаллифии «Хубрӯён» байни ҳаводорон мавқеи худро пайдо намудааст. Он на  танҳо аз фаъолияти бонувон, балки аз зиндагии онҳо низ нақл мекунад ва дар ташаккули фарҳанги эҳтиром ба занон ва ҷойгоҳи онҳо дар ҷомеа нақши созгор мебозад.

Гулбаҳор, дар баробари фаъолияти рӯзмарра, ҳамеша кӯшиш мекунад то бо идеяҳои тоза ва муҳтавоҳои созанда саҳми худро дар баланд бардоштани фарҳангу маънавиёти ҷомеа гузорад.

Дар миёни ҳамкорон Гулбаҳор Розиқзода, ҳамчун ҷавони босалиқа, пурғайрат ва фарҳангпарвар шинохта шудааст. Барои ҷавонон, бахусус духтарони тоҷик, намунаи ибрат аст. Бо садои гуворо, қалби гарм ва руҳи пурнур метавонад ҷаҳони маънавии ҳамсафонро ғанӣ гардонад.

Гулбаҳор ҷавондухтари зодаи истиқлол аст. Вай аз ин ҳама шароитҳое, ки имрӯз барои бонувону ҷавондухтарон фароҳам овардаанд, меболад ва нақшаҳои ояндаи хешро пайваста бо пешрафти пеша, таҳияи барномаҳои нав ва рушду такмили фарҳанги миллӣ омода менамояд.

                                         Гулшан Ҷӯразода

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_10_2025_small.pdf [3.88 Mb] (зеркашиҳо: 2)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон