Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
ПОКЗАМИР
Фарҳанг / СлайдерМушоҳидаҳои солҳои дароз аз фаъолият, зиндагиномаи бонуи меҳрубону дардошно, рӯзноманигори муваффақ Муҳаррама Юсуфова бозгӯйӣ доранд, ки мавсуф маҳз бо ҳамин сифатҳо ба ҳадаф расидааст.
Фаъолияти кории ман соли 1985 дар бахши барномаҳои иттилоотии «Ахбор»- и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфтааст. Шиносоии банда бо Муҳаррам Юсуфова дар ҳамон давра ба миён омад ва баъдан ин ҳамкорӣ то солҳои наздик идома дошт.
Муҳаррама Юсуфова аз рӯзҳои нахусти шиносоӣ бароям чун шахси соҳибтаҷриба дар соҳаи радио муаррифӣ шуд. Фаҳмидам, ки эшон то омадан ба шаҳри Душанбе қаблан дар радиои вилояти Суғд (он замон вилояти Ленинобод) таҷрибаи хуби кориву эҷодӣ пайдо карда, аз ин хотир ба зудӣ, дар як фосилаи кӯтоҳи вақт дар Радиои Тоҷикистон миёни ҳамкорону дигар шуъбаҳои эҷодӣ бо таҳияҳои хуби барномаҳои таҳлилии иқтисодиву иҷтимоӣ мақому маъруфият ёфт.
Пасон, дар лаҳзаҳои танаффуси эҷодӣ аз нақлҳои ӯ дарёфтам, ки ҳанӯз аз даврони хонандагӣ дар радиои мактабӣ фаъолият дошта, меҳру муҳаббат ба ин ҷодаи эҷодӣ-корманди радио шудан, дар қалби эшон маъво гирифтааст…
Соли 1972, баъди хатми мактаби миёнаи №16-уми шаҳри Хуҷанд Муҳаррама Юсуфова ба риштаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (Донишгоҳи миллӣ) пайваст ва бо гирифтани дипломи суханварӣ ва устодӣ мавсуф фаъолияти кории хешро дар радиои вилояти Ленинобод (Суғд) оғоз бахшида, ба муҳаррири муваффақу ҳирфаӣ мубаддал гашт.
Маҳз ҳамин таҷрибаи ғанӣ имкон медод, ки барномаҳои таҳиякардаи Муҳаррама Юсуфова таҳти унвони «Насими айём» бо фарогирии масоили мубрами иқтисодӣ, иҷтимоӣ, бо суҳбатҳои ҷолибу рангин борҳову борҳо дар Кумита дар ҷамбасти ҳафта ғолиб ва зеби тахтаи фахрӣ буд. Муҳаррама Юсуфова аз лиҳози касбӣ то ба муҳаррири калон ва муовини сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ ва иқтисодии Радиои Тоҷикистон сабзид.
Дар фаъолияти муштарак надидааму аз ҳамкасбон нашунидаам, ки устод нисбат ба ин ё он ҳамкору ҳамкасб ҳарфи баланд задаву оташин гашта бошад! Ана ҳамин хислат, ана ҳамин сифатҳо Муҳаррама Юсуфоваро дар ҷомеа басо азиз гардонд, ки боиси ифтихори ҳамагон аст.
Журналисти ҳирфаӣ солҳои ноамнӣ низ рисолати аслии худро сарбаландона ба иҷро расонд. Бо камоли масъулият дар таҳияи барномаи ҳамон солҳо машҳури «Хоки Ватан» - дар бозгашти садҳо, ҳазорон гурезаҳо-ҳамватанон аз Афғонистону дигар кишварҳои ҳамҷавор мусоидат кард.
Баъди баргузории Иҷлосияи таърихии 16- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб ва сари кор омадани фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама сохторҳои давлатӣ як ҷунбиш, умед ба фардо пайдо шуда, мардум рӯз ба рӯз бо дилгармӣ боз ба кор мебаромад. Муҳаррама Юсуфова низ ба гӯшаҳои ноамни кишвар сафар намуда, аз рӯзгори мардум барномаҳои муассир таҳия мекард.
-Он лаҳзаҳову он рӯзҳо аз назару хотирот зудуда нахоҳанд гашту моро ҳикматест, - мегӯяд мавсуф ва мо бояд ба насли имрӯз фаҳмонем, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз дастовардҳои таърихисту ба қадраш расем ва музаффариятҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз созем.
Соли 1995, бинобар вазъи оилавӣ, устод Муҳаррама Юсуфова ба шаҳри Хуҷанд баргашт ва марҳалаи нави зиндагӣ барояш шуруъ шуд. Аввал се моҳ дар Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Суғд ва баъдан бо назардошти таҷрибаи ғанӣ дар бахши фарҳангу иттилоот дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кор кард. Бо баҳрабардории таҷрибаи ғании фаъолияти эҷодӣ дар муддати хеле кӯтоҳ ин ҷо ҳамкориро бо ҳамаи васоити ахбори омма таҳким бахшида, мусоидат кард, ки дар мувофиқа бо роҳбарияти шаҳр дар назди телевизиони вилоят силсилаи барномаҳоро зери унвони «Телеканали Хуҷанд» мусоидат кунад, ки солиёни дароз миёни тамошобинони Суғд маҳбуб гардад.
Инсони соҳибфарҳангу миллатдӯст ҳамеша дар талош аст, ки хизмати бузургонро дар ҳамаи бахшҳо қадршиносӣ карда бошаду ба насли наврас чун намуна, ҳикмат манзур созад. Муҳаррама Юсуфова дар ҳамин замина бо ҷалби журналистони ҳирфаӣ муяссар гардид, ки аз фаъолияту зиндагиномаи ситораҳои шаҳр дар ҳама ҷода: сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, ҳунармандӣ як силсила-очеркҳои телевизиониро дар бораи Ҳамро Тоҳирова, Тоҳир Бобоев, Биҳоҷал Раҳимова ва даҳҳо дигарон таҳия созаду манзури тамошобинон гардонад, ҳоло ин очеркҳо дар фонди телевизион маҳфузанд.
Бону Муҳаррама соли 1998 боз аз як санҷише гузашт. Вақти ҳуҷуми ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев, дар ҳавлии худ машғули корҳои рӯзгор буд, дар рафти тирпаррониҳои кӯча тири дайду аввал ба дарахте бархӯрда, сипас ба китфи Муҳаррама Юсуфова расид. Бо мадади табибон аз тир раҳоӣ ёфт…
Соли 2000-ум Муҳаррама Юсуфоваро бо назардошти таҷоруби ғанӣ дар ҷодаи телевизион ва радио ва бо зиёд гаштани соати пахши барномаҳои телевизионӣ, ба Телевизиони вилояти Суғд даъват намуда, сармуҳаррир таъин карданд. Чун ҳамешагӣ бинандагон барномаҳои хубу ҷавобгӯй ба талаботи рӯзро интизор мешаванд ва ба орзуяшон ҳам мерасанд. Бо кӯшишу талошҳои сармуҳаррири наву неруҳои эҷодӣ барномаҳои тозатаҳия бо унвони «Зан ва ҷомеа», «Ганҷи Ватан» ва аз рӯйи мавзуъҳои муҳими рӯз барномаҳои силсилавии мустақим омода мешаванд, ки бинандаҳои вилоят ба хубӣ пазируфтанду баҳогузорӣ карданд.
Муҳаббати беолоишу беғубори Муҳаррама буд, ки ҷигарбандони азиз, нури чашмонаш Фирдавс, Парвизу Гулноз дар руҳияи ватандӯстӣ ба воя расида, кунун узви фаъолони ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанду барои рушди Меҳан камари ҳиммат бастаанд.
Муаллими азиз Муҳаррама Юсуфова дорои ҳамаи унвонҳои тахассусиву ифтихорнамо ҳастанд, аммо беҳтарин мукофоти ҳаёт барояшон САОДАТ аст, саодати зиндагӣ, саодати фарзандону наберагон ва пайвандон.
Бешубҳа, ҳаёти инсонӣ пур аз тазодҳо: фарозу нишебиҳо, шириниву талхиҳо, уфтодану хестанҳост. Он нафаре аз ин ҳолатҳо, монеаҳо сарбаланд мебарояд, ки сабуру ботаҳаммул асту дили саршор аз меҳру муҳаббат дорад. Ба назари ман, муаллими азиз, устод Муҳаррама Юсуфова аз қабили ҳамин гуна инсонҳои покзамиру поктинату хушбин аст, ки имрӯз Яздон ба синни мубораки 70 расондааст.
Ҷовиди АШТӢ,
журналист
Мубодила:
Шарҳҳо
