Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Истиқлол орзуи деринаи миллат
ФарҳангҲумоюн бод истиқлоли тоҷик,
Зиҳӣ бахту зиҳӣ иқболи тоҷик.
Истиқлол орзуи деринаи мардуми куҳанбунёди миллат аст. Истиқлол ин зарраҳои хоки кӯҳсорон, қатраҳои оби чашмасорон, насими форам ва чаҳ-чаҳи мурғакони чаманистон, шуълаҳои хуршеди дурахшон, хандаи беолоиши тифлон, бӯсаҳои гарми модарон, хонаи обод, кишвари озод ва рӯйи сурху сари баланди сокинони диёр мебошад.

Пас аз заволи аввалин давлати соҳибистиқлоли миллии тоҷикон - давлати Сомониён (819–999) бо гузашти ҳазор сол тоҷикон боз аз нав соҳиби давлати соҳибистиқлол гардиданд. Воқеан ҳам истиқлолият бо часпу талош, ҷидду ҷаҳд, муборизаҳои ватандӯстонаву истиқлолхоҳона ба даст омад.
Кишвари тоҷикон дар гирдоби мухолифату ҷанги таҳмилии бародаркуш ва буҳрони сартосарӣ ниёз ба роҳбаре дошт, ки халқро аз вартаи нестӣ раҳонад. Ҳама шоҳид будем, ки ҷавонмарди ватанхоҳ Эмомалӣ Раҳмон замоне зимоми давлатро ба даст гирифт, ки сохторҳои давлатӣ харобу абгор шуда буданд. Дуди оташи ҷанг ҳамаро торик гардонда, на танҳо фазо, балки дили мардум пур аз дуди сиёҳ шуда буд. Ба ояндаи нек бо шубҳа менигаристанд. Талаву тороҷи моликияти давлату ҷамъият ва бесарусомонӣ идома доштанд.
Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз ҷавонии худ, дар кори давлатдорӣ истеъдоду ҳунари фавқулода нишон дод ва ба сиёсати мулк чун сиёсатмадори соҳибтаҷрибае даст зад, ки натиҷааш хеле олӣ буд. Ӯ дар лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихи миллат масъулияти гарони барқарорсозии сулҳу субот ва бунёди ҷомеаи озоду кишвари ободро ба уҳда гирифт.
Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ Сарвари давлат гуфта буданд: «…Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона, дурбинона, сулҳдӯстона ва оқилонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату миллати тоҷикро зиёд давлатҳо ба расмият шинохтанд. Ӯ тавонист миллати тоҷикро ҳамчун миллати сулҳпарвар ба оламиён муаррифӣ кунад, ифтихори миллиро дар хуну руҳи мо бипарварад, халқро ба созандагӣ ҳидоят намояд, торҳои дӯстию рафоқатро миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, бипайвандад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исбот кард, ки сулҳи тоҷикон ҳамчун ҳодисаи нодири таърихӣ, ки аҳамияти омӯзишӣ ва сабақи байналмилалӣ дорад, дастоварди муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ аст ва ӯ тавонист бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат раҳонад, мардуми парешонро сарҷамъ ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба Ватан баргардонад.
Дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳи ваҳдат ва барои мустақиман баромадан ба уқёнус ва робита ёфтан ба кишварҳои дуру наздики хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд.
Аз гомҳои нахустин Тоҷикистон соҳиби Конститутсия, Парчами давлатӣ, Нишон ва Суруди миллӣ гардида, пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ - Артиши миллӣ, қувваҳои сарҳадиро ба вуҷуд овард.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст».
Модаронро имрӯз масоили ифротгароию хурофот ва таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона, махсусан гаравидани ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ, ки оқибатҳои хатарзо доранд, ба ташвиш овардааст.
Барои бартараф намудани ин мушкилот сари чанд вақт дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Кумита ҷамъ омада, оид ба корҳои анҷомдода суҳбатҳо меороем.
Мо, эҷодкорон, вазифадор ҳастем, ки асарҳое офарем, ки тарбиявӣ бошанд. Сокинони диёр кӯшиш мекунанд ҳар ҷашнро бо дастовезе пешвоз гиранд. Дастовези ман ҳамчун як бонуи эҷодкор ба Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп бароварда, ба дасти хонандагон расондани китоби «БАЛҶУВОН» мебошад. Хостам ба воситаи қисса, ҳикоя ва масалҳоям дар замири дили ҷавонон тухми меҳру муҳаббат, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳиро нисбат ба қадр намудани Конститутсия, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ бикорам, чун ин ҳама осон ба даст наомадаанд.
Гулчеҳра МАҲМАДИЗОДА
Мубодила:
Шарҳҳо












