БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Армуғони Пешвои миллат

Фарҳанг

Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тўсӣ бар ҳақ устоди каломи ноб, аз пештозони хушбаёни маънӣ, донандаи илмҳои гетӣ буда, ҳамосаи бемислаш «Шоҳнома» шоҳасари мондагори ҳама давру замонҳост. Аксар донишмандону дидаварони даҳр «Шоҳнома»- ро васф кардаанду ситоиш, ки бешак шукўҳу ҷалоли ин китоби пурғановати мондагор дар ёду ҳуши бани башар абадуддаҳр хоҳад монд.

Тақдими «Шоҳнома» аз сўйи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар хонадони Тоҷикистон ташаббуси ноёберо мемонад. Ҳатто мардумони сайёра ин амали Сарвари давлати моро амали хайру кори савобу ҷавҳари маърифатгарӣ хондаанду баҳраш каф кўфтаанду аҳсанаш хонданд.

 

«Шоҳнома» ҳамосаи миллии мардумони ориëӣ, ки ҳаким Фирдавсӣ онро солҳои 970–1005 муддати 30– 35 сол эҷод намудааст, бешак, аз бузургтарин ва гаронмоятарин асари назмии миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Ин ганҷинаи адабӣ аз 60 ҳазор байт, яъне 120 ҳазор мисраъ иборат буда, бузургтарин ҳамосаи ҷаҳон аст, ки дар раванди иншояш аз қолаби як ритму як тартиби шеърият берун нарафта, тамоми шоҳону давлатҳои шоҳигарии эронзаминро дар умқи ҳастии хеш маънидод кардааст. Устод Фирдавсӣ асари худро дар замоне навишт, ки давлати бузург ва мутамаркази тоҷикон - Сомониён гирифтори бархўрд ва кашмакашиҳои дохилӣ буд.

Анварии Абевардӣ барҳақ фармуда:

Офарин бар равони Фирдавсӣ,

Он ҳумоюннажоди фархунда.

Ў на устод буду мо шогирд,

Ў худованд буду мо банда.

Хушоянд аст, ки имрўзҳо «Шоҳнома» бо супориши Пешвои миллат дар Нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд бо теъдоди 1 700 000 нусха ба нашр расид ва тақсими шоҳасари безавол ба оилаҳои саодатманди Тоҷикистон идома дорад. Ин иқдоми наҷиб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он, ба таъкиди Сарвари давлат «пеш аз ҳама, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандўстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад».

Мардуми кишвар аз оғози татбиқи ин иқдоми ватандўстона изҳори сипосу қадрдонӣ намуда, аз ҷумла таъкид менамоянд, ки он ба таҳкими ҳисси ифтихору сарфарозӣ ва масъулияти ватандории ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мусоидати фаъол хоҳад дошт. Фалсафаи волои Фирдавсӣ моро аз гузаштаамон огоҳ сохта, барои наслҳои имрўзу фардо сабақи омўзанда ва ибратбахш медиҳад. Бахусус, дар раванди ҷаҳонишавӣ, ки аз байн рафтани давлатҳо, миллатҳо, забон ва фарҳангҳои бумиро дар пай дорад, мо ба афкору андешаҳои ватандўстона ва ҳувиятсози «Шоҳнома» ниёзи бештар дорем.

Иқдоми наҷиб ва фарҳангпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари дигар ташаббусҳои созандаашон, аз ҷумла нашр ва тақдими асари барҷастаи Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба ҳар хонавода метавонад барои боло рафтани ҳисси худогоҳиву хештаншиносии ҳар сокини кишвар хидмат карда, барои тарбияи насли бедору созанда ҳамаҷониба мусоидат намояд.

Менигоранд, ки ҳамчун рамзи тақлид ё бардошти илҳом аз «Шоҳнома»- и  Фирдавсии бузургвор, асарҳои баъдинае монанди «Гаршоспнома», «Бахтиёрнома», «Сомнома», «Барзунома», «Ҷаҳонгирнома», «Фаромарзнома», «Баҳманнома» ва амсоли инҳо эҷод шуданд, аммо ба таҳқиқи пажўҳишгарон, ҳеч кадоме аз онҳо ба мазмуну бузургӣ бар пояи ҳамосаи ҳаким Фирдавсӣ наздик нашуданд. Худи муаллифи «Гаршоспнома» Асадии Тўсӣ чунин гуфтааст:

Ки Фирдавсии Тўсии покмағз,

Бидодаст доди суханҳои нағз.

Ба «Шоҳнома» гетӣ биёростаст,

Бад-он нома номи наку хостаст.

Бешак, «Шоҳнома» армону ҳавасҳои ҳазорсолаи миллати ориёиро таҷассумгар аст, ки бо нигоштани ин ҳамосаи миллӣ – ҳаким Фирдавсӣ мехост ояндагонро бо гузаштаи ғановатбори тамаддуни бузурги башарӣ, ки дар ихтиёри мардуми ориёинажод буд, ошно созад ва дар вуҷуди ҳар тани бани ҷаҳон эҳсоси волои ҷавонмардӣ, ялпарварӣ, ватандўстӣ, инсондўстӣ ва хештаншиносиро бедор созад. «Шоҳнома» намунаи волои сухансароӣ, таҷассуми ҳунари асилу қудрати инсонӣ, иродаву ҷасорату матонату фидокорӣ дар роҳи расидан ба асолатӣ миллӣ, ҳифзу ҳимояи хоки поки сарзамини аҷдодӣ ва аслу наслу насаби хештан будааст.

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кўдаки хурду пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Аз ин ҳама гуфтаҳову барчидаҳову баргирифтаҳо ҳаминро хулоса мебояд, ки мардуми шарафманди диёр бояд аз ин иқдоми беназири Пешвои миллати тамаддунофари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон илҳоми саршор бигиранду баҳри мутолааи он ва дар рўзгори хеш истифодаи ҳар сатри ин шоҳасари бемислу монанд камар бубанданд. Пас, ҳаминро метавон гуфт, ки тақдими «Шоҳнома» – и  ҳаким Фирдасӣ дар ҷамъоварии ду ҷилди мукаммал ва ҳар ду ҷилд 3 миллиону 400 ҳазор нусха кори шоиставу амали боистаест, ки танҳо қудрати зеҳни баҳушу шахси донишманду баҳувияту вораста тавони иҷрои ин амалро доро будааст. Зиҳӣ, Пешвои миллати ватандўсту фарҳангпарвари тоҷик!

Биноҳои обод гардад хароб,

Зи борону аз тобиши офтоб.

Пай афкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Бад-ин нома бас умрҳо бигзарад,

Бихонад, ҳар он кас, ки дорад хирад.

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Ҳар он кас, ки дорад ҳушу рою дин,

Пас аз марг бар ман кунад офарин.

                                                   Лутфуллои АЗИЗ

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 6)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон