БОЙГОНӢ

«    Ноябр 2025    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Нақши китоб дар ташаккули зеҳнии насли нав

Фарҳанг

    Китоб сарчашмаи бебаҳои дониш ва маърифат буда, дар тули таърих ҳамчун раҳнамои инсоният шинохта шудааст. Аз рӯзгори куҳан миллати тоҷик бо фарҳанги воло, адабиёти ғанӣ ва донишу хирад пайванди ногусастанӣ дорад. Китоб на танҳо воситаи омӯзиш, балки ҳофизи таърих, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ ва руҳу маънавияти миллат мебошад. Дар асри иттилоот, ки ҷаҳон бо суръати кайҳонӣ ба сӯи пешрафт равона аст, арзиш ва зарурати китобу китобхона боз ҳам бештар эҳсос мегардад. Китобхонаҳо имрӯз на танҳо ҷойи нигоҳдории китобҳо, балки ҳамчун марказҳои маърифат ва мактаби ахлоқу ҳунар фаъолият мекунанд.

    

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти китобхонаҳо ба таври густурда роҳандозӣ шудааст. Садҳо китобхонаҳо дар шаҳру навоҳӣ, муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд, ки онҳо бо нашрияҳои тоза, асарҳои бадеӣ, илмӣ ва кӯдакона таъминанд. Фаъолияти мунтазам ва рӯзафзуни китобхонаҳо барои бедор намудани шавқи китобхонӣ миёни кӯдакону наврасон нақши муҳим мебозад. 

Китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Левакант яке аз ин ниҳодҳоест, ки дар рушди фарҳанги китобдӯстӣ нақши назаррас дорад. Ин китобхона дорои 33 ҳазору 737 адад китобҳои гуногунмазмун буда, муҳити орому муосирро барои хонандагон фароҳам овардааст.

Яке аз чеҳраҳои фаъоли китобхона Дилноза Тоҳирова, роҳбари шуъбаи бачагонаи китобхона, аз соли 2024 ҳамчун китобдор фаъолият дошта, бо муҳаббат ва дилсӯзӣ рисолати худро анҷом медиҳад.

- Аз хурдӣ ба китобхонӣ шавқу завқи хосе доштам. Имрӯз аз он хушнудам, ки бо кӯдакон ва наврасон кор мекунам ва мекӯшам то китобхона макони дӯстдоштаи онҳо гардад. Хоҳишу завқи кӯдакон бештар ба қаҳрамонҳои афсонавӣ зиёд аст. Ҳатто хурдсолтарин дӯстдори китоб бароям муҳтараму гиромист, — мегӯяд Дилноза.

Дар партави гузарондани озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ба монанди «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ки мақсади тақвият додани сатҳи донишу маърифати сокинон, аз ҷумла ҷавонону наврасон мебошад, дар вилояти Хатлон соли 2025 - Соли фарҳанги китобхонӣ эълон шудааст. Ин иқдом ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифату дониш ва рушди маънавиёти сокинон, бахусус ҷавонон муҳим арзёбӣ мешавад. Дар ҳамин замина, шумораи аъзои китобхона афзоиш ёфта, муҳити мусоиди ҷустуҷӯ ва рақобати солим байни хонандагон ба вуҷуд омадааст. Дилхоҳ хонанда мекӯшад, аз дигар ҳамсинфони хеш пешсаф бошад ва бештар китоб мутолаа намояд.

 

Китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Левакант чор маҳфили доимамалкунанда дорад, аз ҷумла «Биё бо ҳам бихонем», «Ҳунар мояи ифтихор», «Чеҳраҳои нави суханвар», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст». Ин маҳфилҳо ҳар ҳафта доир шуда, барои баланд бардоштани завқи мутолаа ва ташаккули истеъдодҳои наврасон саҳми назаррас доранд. Аъзои фаъоли китобхона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Ин дастовард барои китобдорон мояи ифтихор аст. –

Имрӯз мо дар фазои озоди истиқлолият умр ба сар мебарем, ки ҳамаи шароитҳо барои таҳсил, омӯзиш ва рушди шахсият муҳайё аст. Ин имкониятҳоро ба таври арзанда истифода бурда, рӯ ба китоб ва дониш оварем. Ҳар ҷавоне, ки китоб мехонад, дорои ҷаҳонбинии васеъ буда, метавонад дар ҷомеа нақши созгор бозад, — меафзояд Дилноза Тоҳирова.

Дар шароити имрӯза, ки ҷаҳони муосир рӯ ба тағйирот дорад, бозгашт ба китоб ва тарбияи фарҳанги мутолаа миёни насли нав зарурати рӯз аст. Китоб на танҳо василаи донишомӯзӣ, балки пойдевори ахлоқ, ҳувият ва маърифат мебошад. Чунончи, фаъолияти китобхонаи мазкур ва саҳми китобдоре мисли Дилноза Тоҳирова исбот мекунад, ки меҳру муҳаббат ба китоб метавонад дар ҷомеа табдилдиҳандаи воқеӣ бошад. Ҳар қадам дар роҳи китобу китобхонӣ, қадаме ба сӯи ҷомеаи созанда маҳсуб меёбад.

                                         Гулшан ҶӮРАЗОДА,

                                      Душанбе- Левакант- Душанбе

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2025_small.pdf [4.42 Mb] (зеркашиҳо: 6)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон