БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Ҳангома

Фарҳанг

Пиразани 93-сола Ҳангома фикри сари дас­тархон ба ёдаш расидаро дар дил ғунҷонда натавониста, аз ҷо хесту пешорӯи миёнадевори пастаки аз қадаш як ваҷаб баландтар омад ва бо нӯги по рост истода, гардан ёзонда, ба саҳни ҳавлии ҳамсоя нигарист. Ба назараш касе нанамуд. Дасти чап ба девор такя гузошт ва дасти рост болои чашмон соябон карда, ҷеғ зад:

 Бибии Мирзонишот, ҳо бибии Мирзонишот, ҳастӣ?

Баъди чанд лаҳза ҳамсоя шитобон аз хона баромад.

 То нисфи рӯз хоб мекунӣ? Ризқат танг мешавад, ин лаб биё, як гапи обнорасид дорам.

 Ба хайр аст? Қад паррондед-а! Наход то нисфи рӯз хоб кунам. Ман ҳам медонам, ки рӯзии одам офтоб набаромада тақсим мешудааст. Дида истодаем, касони хоболуду танбал вақти ҷудо кардани насиба хобанд, баъди бедор шудан ба бурдаи нон зор, корашон фақат нолишу нолиш.

 Қанд зан, ҳамсоя. Гапҳои ман таъсир кардааст-а, беҳуда нагуфтаанд, ки ангур ангура дида, ранг мегирад, ҳамсоя ҳамсояро дида, панд мегирад.

Лойам тоза, аммо росташро гӯям, аз суханони шумо ҳам ғизои маънавӣ гирифтагӣ.

Шукр, кишварамон ба давлати амну амон табдил ёфт. Рӯз аз рӯз ободу зебо шуда истодааст. Ин тараф гузар, як гапи ҳеҷ кас нашунидаро мегӯям. Наппа-нав, ҳоло ягон газиту ҷурналу интирниту телевизору фесбуку чесбук ва ютубу утубат нагуфтаасту нанавиштааст.

Хуб воҳима мекунед-да, холаи Ҳангома, лекин дар муболиғаҳои шумо ҳақиқат ҳам ҳаст.

 Дониста мон: ҳақиқат ҳаргиз гум намешавад…

Ҳамсоязан, модари Мирзонишот, ба девор часпида, худро ба ҳавлии Ҳангома ҳаво дод…

Ҳарду лаби кати зери ҷавондарахти зардолу нишастанд

 Омин, қадам расид, бало нарасад, - даст ба дуо бардошт Ҳангома,

- Омин!…

- Ҳозир як гап мегӯям, дилат чун офтоб фурӯзон мегардад.

- Оъ, тезтар гап занед, ки тоқатам тоқ шуд.

  • Шунидӣ? Ҳо ҳамун бойи калони дунё, номаш чӣ буд-а? Сукурберг мегун-мӣ? Номи аслиаш шояд Зокирбек бошад. Телевизорба нишон доданд, интирнитро ҳам кушодам, ки ҳамон Сукирберк, бо Зокирбеки худамон як себи дукафон. Ун ҷо рафта Зокирбек Сукирберк шудааст.

- На Зокирбека мешиносаму на Сукирберга. Инҳо ҳар дуяш киянд?

- Ту аз дунё бехабар, Зокирбек бо баҳои хубу аъло хондагӣ буд. Забонҳои русию англисӣ, арабию чинӣ ва ҳатто забони давлати Чулиро ҳам медонистааст-а!

- Забонҳои гуфтагиатон ба ман маълум, аммо давлати Чулиро бори аввал мешунавам.

- Оъ, давлати Чулиаш дар қитъаи Амрико-дия.

- Эъ, намуред, вай давлати Чули не, давлати Чили.

- Забони давлати Чилиро донистан ҳунари ҳар кас не. Ҳамин Зокирбек - Сукир­берги ҳамдеҳаи мо ба ин дараҷа расида тавонистааст-а.

- Зокирбекатона акнун шинохтам. Сукирбергаш кӣ?

- Сукирберг ҳамин Зокирбек-дия. Калони интирнит, бойи аз ҳама зӯри ҷаҳон, номаша боз чӣ мегуфтанд? Ҳа, ёфтам, ёфтам, олихари зӯри дунё.

- Охир, як одама олихар гӯед, магар қаҳраш намеояд? Олихар не, олигарх, о-ли-гарх.

- Ту нафаҳмида, саросема аробаи холира гирифта гурехтана медонӣ. Як гап сесаду шасту шаш паҳлу дорад. Ман Зокирбека, яъне Сукирберка олихар гуфта истодам-а? Ин ба маънои он аст, ки пулаш бисёр, ҳама чизи олиро мехарад. Олихар - ба ана ин маъно. Агар Зокирбек донад, ки ман ӯро олихар гуфтам, дар куртааш намеғунҷад.

- Ба ин гапатон бовар накардан мумкин не. Омада монад, албатта, тангкӯчаи дурударозу каҷу килеби моро мумфарш мекунад. Инаш як ваҷаб дароварду гирифт, ваяш ним митир аз ҳисоби кӯча ба ҳавлиаш ҳамроҳ кард. Беинсофҳо… Як кӯчаи васеъро ба тангкӯчаи дукасногузар табдил доданду ба худашон азоб хариданд.

- Падаронамон мегуфтанд, ки замини мазорро дароварда гирӣ ҳам, кӯчаро надарор, баръакс ба кӯча як ҷойи пойдевор парто. Инҳо бошанд…

- Ман сад фоиз бовар дорам, ки Сукирберк омада монад, корҳои хайр мекунад…

 Интирнит одама вайрон ҳам мекардааст-е. Кадом чизеро, ки нависӣ, дар бораи он маълумот медиҳад, боз бо сураташ. Шармат мепарад, одобу тартибу интизома аз ёдат мебарорад ва ба кӯчаи гумроҳӣ даромаданат мумкин, бинобар ин, модари Мирзонишотҷон, бачаҳакота эҳтиёт кун. Одамони пухтаву зирак, ба мисли ҳамон Зокирбек - Сукирберк аз ин муъҷиза фоидаи калон ба даст меоранд.

- Биёяду мисли сокинони баору номус ва соҳибкорони ҳимматбаланд кӯчаю маҳаллаҳоро васею мумфарш кунад, шуд.

 Эъ, ту…Агар вай накунад, ман аз ҳисоби худ мекунам. Агар накунам, номам Ҳангома не!

 Ман ба шумо сад фоиз бовар дорам, холаи Ҳангома. Аммо аз он парешонам, ки маблағи солҳо ҷамъкардаатон, агар ба ин кори хайр масраф шавад, пасандозатон ба итмом расида монад, зиндаю мурдаатон чӣ мешавад?

 Шумоён ҳастетон-ку. Ҳаққу ҳамсояҳо мурдаи як кампира ба хок супурда наметавонед? Ман ҳамаи буду бозёфтамро сарф кунам ҳам, боке не. Боз дар байни панҷ-шаш сол ҷамъ меорам. Боумед ки зистӣ, умрат дароз мешавад. Боз пул меғундораму ба ободонию некуаҳволии мардум сарф мекунам. Ҳамин тавр, чархи гардун гирд гаштан мегираду накукории ман давом меёбад. Дуо мекунам, ки умри накукорон, дар қатори онҳо умри маро ҳам дароз гардонаду ҳарчи беҳтару бештар некӣ кунам. Ту ҳам накукорӣ кун, писарат мисли Сукирберк - Зокирбекамон сарватманд мешаваду диёрашро ободтар мегардонад…

Субҳон ЁДГОРӢ,

омӯзгори МТМУ № 18-и шаҳри Исфара,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон