Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?
Ҷамъбасти озмунҳои «Кадбонуи беҳтарин» ва «Як матову сад ранг» дар ноҳияи Лахш
ХабарҳоДар Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Лахш ҷамъбасти даври ноҳиявии озмунҳои «Кадбонуи беҳтарин» ва «Як матову сад ранг» дар фазои тантанавӣ ва идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовинони раиси ноҳияи Лахш — Шербекзода Шоҳимардон ва Абдулазиззода Насиба, инчунин омӯзгорон, ҷавонон, донишҷӯён ва намояндагони соҳаҳои гуногун фаъолона иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории чунин озмунҳо эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги либоспӯшии миллӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастӣ ва муаррифии маҳорати кадбонугии занону духтарони тоҷик мебошад. Инчунин, чорабинии мазкур барои таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ ва пос доштани анъанаҳои неки ниёгон мусоидат менамояд.
Дар рафти чорабинӣ иштирокчиёни озмуни «Кадбонуи беҳтарин» маҳсули дастранҷи худро ба маърази тамошо гузоштанд. Онҳо намудҳои гуногуни таомҳои миллӣ, шириниҳои суннатӣ ва дигар анвои хӯрокҳои маҳаллиро бо маҳорати баланд омода намуда, дастурхонҳои зебо ва ҷолибро оро доданд. Маҳорати баланди ошпазӣ, тарзи пешниҳоди таомҳо ва зебоии ороиши дастурхон аз ҷониби ҳайати ҳакамон ва ҳозирин баҳои баланд гирифт.
Ҳамзамон, дар доираи озмуни «Як матову сад ранг» гулдухтарону донишҷӯён бо намоиши либосҳои миллии рангоранг, ки таҷассумгари фарҳанги ғании миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошанд, баромад намуданд. Либосҳои пешниҳодшуда бо истифода аз матоъҳои миллӣ, гулдӯзӣ ва унсурҳои анъанавӣ омода гардида, диққати махсуси ҳозиринро ба худ ҷалб карданд. Намоиши мазкур фазои чорабиниро боз ҳам рангин ва хотирмон гардонида, ҳисси ифтихор аз фарҳанги миллӣ ва арзишҳои суннатиро тақвият бахшид.
Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки чунин озмунҳо дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани маҳорати амалии занону духтарон ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши анъанаҳои миллӣ нақши муҳим доранд. Ҳамчунин, ин гуна чорабиниҳо барои муаррифии фарҳанги миллӣ ва таҳкими ваҳдату ҳамдилии ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар анҷоми чорабинӣ ҳайати ҳакамон натиҷаҳои озмунҳоро ҷамъбаст намуда, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳоро муайян карданд. Ба ғолибон ва иштирокчиёни беҳтарин аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар ноҳияи Лахш сол аз сол густариш ёфта, ба эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, муаррифии фарҳанги волои тоҷикон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мусоидати назаррас менамояд.
Далер САФАР
Мубодила:
Шарҳҳо












