БОЙГОНӢ

«    Октябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

БАЪД АЗ ҶАШНИ ТИРГОН

Хабарҳо

      Ё чаро бархе фарҳанги тозакориро дар кӯчаҳо риоя намекунанд?

Рӯзи истироҳатро беҳтарин баҳона барои сайругашт бо аҳли хонавода дониста, бо хоҳаракони дилбанд ба сайри Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе рафтем, ки он ҷо ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мешуд.

Фазои идонаи боғ, ки дар он навъҳои гуногуни зардолу, маҳсулоти аз он омодашуда, олу, гелос, шафтолу, себ, ғалладонагӣ, зироати полезӣ, аз ҷумла тарбузу харбуза ва  дастовардҳои илмии олимони соҳаи кишоварзии мамлакат ба намоиш гузошта шуда буд, бо иштироки намояндагони Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо, сафоратхонаҳо ва корпусҳои дипломатӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва меҳмонону сокинони пойтахт ҷолибу хотирмон буд.

Тамошои  намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ аз тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистони азизамон низ лаззатбахш буду бо боғдорону ҳунармандон ва истеҳсолгарони маҳсулоти ватанӣ аз наздик суҳбат карда, ба эъҷози ҳунари дастони онҳо эҳтиромро қоил гаштем.

Барномаи консертии омоданамудаи Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе дар давоми чорабинӣ таровату шукӯҳи дигар бахшид. Дарк кардем, ки таҷлили ҷашну маросимҳои миллӣ барои мо аз як тараф фароғатбахш бошад, аз ҷониби дигар маърифатӣ низ ҳаст.

Баъди анҷоми намоиш бо руҳияи идона дар боғ сайр доштем. Гурӯҳ-гурӯҳ сокинону меҳмонони пойтахт зери сояи дарахтони бузург  аз офтоби тамуз паноҳ ҷуста, истироҳат доштанд.

Шодиву нишоти кӯдакон ва қаноатмандии меҳмонони боғ гувоҳ аз он буд, ки кормандони он баҳри беҳбуди шароити тафреҳ дар боғ кӯшиши зиёде ба харҷ додаанд. Сари ҳар қадам лӯлаҳои оби софу қуттиҳои партов гузошта шуда, ташнобҳо низ тозаву тамизкардаанд.

Дар баробари ин ҳама зебоиву таровати боғ аз дидани баъзе манзараҳои ҳузнангез – яъне муносибати дурушти бархе нисбат ба тозагии муҳит ва беэътиноӣ ба ин макони биҳиштосо табъи мо, ҳамсафарон хира гардид. Мушоҳида кардем, ки бархе одитарин қоидаҳои гигиенӣ, тартибу низом ва тозагиро риоя накарда, ин муҳити сабзу хуррамро бо партовҳо олуда мекарданд. Мардум халтаҳои селлофанӣ, бозмондаҳои ғизоҳои тезтайёр, зарфу шишаҳои холӣ, сачоқчаҳои намноки истифодашударо дар ҳар гӯшаи боғ бепарвоёна ҳавола медоданд ва кӯдакон низ ба онҳо пайравӣ мекарданд. Сабзакорону фаррошони боғ аз амали носазои сокинон норозӣ, сари ҳар қадам ба ҷамъоварии ин партовҳо масруф мегаштанд.

Риоя кардани талаботи санитариву тозагӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ баёнкунандаи маърифати ҳар шахс аст. Покизагии манзили зист агар муаррифгари маданияти оилае бошад, тозагии муҳити атроф бозгӯи фарҳанги волои ҷомеаро нишон медиҳад. Аз ин рӯ, хуб мешуд агар ҳамагон дар истифодаи сарватҳои табиӣ, ки муҳити тоза низ аз шумори онҳост, бепарвогӣ зоҳир накарда, хасе ба рӯи раҳ напартоем ва барои насли наврас шоистаи пайравию ибрат гардем.

Тоза на он ҷост, ки ҳар рӯз онро рӯбучин мекунанд, балки ҳамон ҷоест, ки сокинонаш ҳеҷ партоверо ба кӯча ҳавола намекунанд ва ба наслҳои хеш ояндаи поку беолоишро ба мерос мемонанд.  

М. НАЗИРОВА

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_08_2024_small.pdf [4.23 Mb] (зеркашиҳо: 40)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон