БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Дастовардҳои донишҷӯён қадр мешаванд

Хабарҳо

  Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар як қатор олимпиадаҳову озмунҳои ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён гаштаанд. Раёсати донишгоҳ ба донишҷӯёне, ки дар даври ниҳоии озмунҳои ҷумҳуривӣ ғолиб меоянд, аз 10 000 то 30 000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мекунад.

Ҳамчунин омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиада ва озмунҳо ғолиб омадаанд, бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ ва як роҳхат ба осоишгоҳ қадр мешаванд.

Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳ Даврон Сафарзода  таъкид намуда, афзуд, ки баҳри омодагии донишҷӯён ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он тамоми шароитҳои зарурӣ дар донишгоҳ муҳайё шудаанд. Аз ҷумла, дар хазинаи китобхонаи илмӣ ва электронии академия 2 миллиону 279 ҳазору 125 нусха китобҳо дар хидмати устодону донишҷӯён қарор доранд.

Ғайр аз ин, илова гардид, ки донишҷӯёни Академия дар берун аз кишвар низ ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил шудаанд.

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон