БОЙГОНӢ

«    Декабр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Литсейи ДОТ хонандагонро аз синфи 1 то 11 ба таҳсил фаро мегирад

Хабарҳо

 Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тасмим гирифтаанд, ки дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои соли нави таҳсил дар Литсейи назди донишгоҳ, ки то ин замон хонандагонро аз синфи 5 то 11 қабул менамуд, акнун аз синфи 1 то 11 ба таҳсил фаро гиранд.

Ин нуктаро ректори Донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода имрӯз дар нишасти матбуотӣ таъкид намуд, ки яке аз дастовардҳои Донишгоҳ дониста мешавад.

Ҳамчунин, зикр карда шуд, ки  бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти омӯхтани забонҳои хориҷӣ барои хонандагони синфи 1-и литсейи ДДОТ ба номи С. Айнӣ гурӯҳи забони англисӣ ташкил мегардад.

Ба литсей омӯзгорони соҳибтаҷриба аз донишгоҳ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ  ҷалб мешаванд, ки ин ба рушди тафаккури зеҳнии кӯдакон мусоидат хоҳад кард.    

 

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

Bonu_11_2024_small.pdf [5.23 Mb] (зеркашиҳо: 14)

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон