БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

ВКД: Дар 6 моҳи имсол 11804 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст

Хабарҳо

     Тули 6 моҳи аввали соли 2024 дар ҷумҳурӣ 11804 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 5 ҳазору 585 ҷиноят ошкор гардидааст.  4 ҳазору 727 ҷиноят мавриди тафтиш қарор дода шуд, ки кушодашавии он 87,2 фоизро ташкил медиҳад. Ин нуктаро имрӯз Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.

Қайд гардид, ки аз ҷиноятҳои содиршуда одамкушӣ ва сӯиқасд ба он – 41, роҳзанӣ - 11, ғоратгарӣ - 33, таҷовуз ба номус - 17, хариду фурӯши одамон – 38, қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ – 61, авбошӣ – 776, қаллобӣ – 1820, дуздӣ – 2036, тамаъҷӯӣ 20, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор – 317 ҳолат ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳамчунин, дар ин давра 10 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 53 нафар барои содир кардани 19 ҷиноят ошкор карда шуд.  

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон