БОЙГОНӢ

«    Сентябр 2024    »
ДшСшЧшПшҶъШбЯш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30 
Сомонаи мо ба Шумо писанд омад?

Нақшаи қабул иҷро мешавад

Хабарҳо

Дар даври аввал 72 фоизи нақшаи қабули довталабон ба Донишкадаи тибби иҷтимоии Тоҷикистон иҷро шуда, дар даври дувуми қабул, ки баъд аз 20 август доир мегардад, нақша пурра иҷро хоҳад шуд. Ин хабарро имрӯз  ректори Донишкада Зарина Ибодзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод. 

Қайд гардид, ки дар Донишкада ҳоло аз рӯи 5 ихтисос - Психологияи тиббӣ, кори табобатӣ, кори иҷтимоӣ  (фаъолияти иҷтимоӣ-тиббӣ-психологӣ), стоматология ва фармасевтӣ мутахассисони соҳаи тиб ва иҷтимоиро дар зинаи таҳсилоти олӣ омода мекунанд. Ҷиҳати васеъ ба роҳ мондани дарсҳои амалӣ Донишкада бо 47 муассисаҳои тиббӣ-профилактикии пойтахт шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расондааст. Аз 26 кафедраҳои дар муассиса фаъолиятдошта 17 адади онро кафедраҳои тахассусӣ ташкил намуда, 196 нафар олимону омӯзгорон ба тадриси муҳассилин машғуланд, ки 60 нафари онҳо дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ мебошанд. Миёни ҳайати устодон 57 нафарро занҳо ташкил дода, 16 нафар муаллимаҳо унвони илмӣ ва дараҷаҳои омӯзгорӣ дошта, 15 нафари онҳо дар ҳайати роҳбарикунандаи донишкада фаъолият мебаранд.

Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ ҷиҳати авлавият додан ба забонҳои хориҷӣ ба омӯзгороне, ки аз забонҳои русӣ ва англисӣ сабақ медиҳанд,  ба маоши муқарраршуда иловапулӣ  таъин карда шудааст.

Дониҷӯёни аълохон ва аз оилаҳои камбизоат зери ғамхории ҳамаҷонибаи маъмурияти Донишкада қарор доранд. Дар муассисаи таълимӣ чун дигар муассисаҳои олии кишвар шаҳрвандони хориҷӣ бо теъдоди муайян таҳсил мекунанд.

                               

Мубодила:
Муассис: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ

ЮТУБКАНАЛ

Дастархон